Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин дар такя ба иттилоияи Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии мардумии Чин барои таҳсил дохил шудан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимии ин кишвар эҳтиёткор бошанд.
Бино ба иттилои ниҳодҳои мазкур, Вазорати маорифи Чин рӯзи 6-уми августи соли 2020 дар сомонаи расмии Агентии иттилоотии «Синхуа» дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин кор мекунанд, хабар додааст.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин аз кулли довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро доранд, даъват кардааст, ки ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби «донишгоҳҳои қалбакӣ» гирифтор нашаванд. Вазорат, ҳамчунин, таъкид намудааст, ки довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар WeChat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо кунанд.
Тавре дар изҳороти расмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии мардумии Чин қайд шудааст, тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур бақайдгирифта рамзи истисноии худро доранд, ки хохишмандон онро дар торномаҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр