Нашрияи Омӯзгор

Ёдат ба хайр, устод!

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

27 августи соли равон марги нобаҳангом омӯзгор ва мураббии варзида, инсони накукор Ҳаитмурод Нуралиевро аз байни мо рабуд.

Шодравон аз аввалин хатмкунандагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов буд. Касби бошарафи омӯзгориро пеша намуда, давоми солҳои 1957-1982 дар мактаби №13-и ноҳияи Файзобод фаъолият намуд, сипас дар ноҳияи мазкур то соли 1984 ба сифати директори мактаби варзишӣ ва раиси ҷамъияти варзишии «Ҳосилот» кор кард.

Баъдан ӯро раиси Кумитаи варзиши ноҳияи Файзобод таъйин намуданд. Аз соли 1991 то соли 1996 дар вазифаи раиси Кумитаи варзиши шаҳри Роғун фаъолият дошт. Солҳои 1996-2001 муовини директори МҶКБТ-и Вазорати маориф буд.

Аз соли 2001 то вопасин рӯзҳои ҳаёташ дар ДТҶТ ба номи С. Раҳимов умри бобаракати хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон кард. Дар ин муддат ба сифати мудири кафедраи гӯштӣ, декани факултаи ғоибона, декани факултаи варзиш, ноиби ректори донишкада фаъолият намуд. Чанд соли охир роҳбарии кафедраи шоҳмотро ба зимма дошт.

Устоди зиндаёд дар солҳои 70-уми асри гузашта ба унвони Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардида буд. Инсони донишманду ҳалолкор, маслиҳатгару роҳнамои ҳамкорон, омӯзгорони ҷавон буд. Аз он шук-рона мекард, ки дар Тоҷикистони азиз варзиш мунтазам рушд меёбад. Аз ҳар навгонии варзишу дастовардҳои шогирдонаш шодиву ифтихор мекард.

Садҳо шогирдонаш, ки дар саҳнаи варзиш эътибори баландро сазовор гаштаанд ва дӯстону ҳамкоронаш рӯҳи устод-ро пос хоҳанд дошт.

Хотираи неки мураббии варзида, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори соҳаи варзиш, дотсент, инсони асил Ҳаитмурод Нуралиев ҳамеша дар қалби мо боқӣ хоҳад монд.

 

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, ҷамъи дӯстону рафиқон.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш