Нашрияи Омӯзгор

 Китобам – ҳамдами ман, раҳбари ман

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Дар ҳар муассисаи таълимӣ як гурӯҳ хонандагони фаъоле ҳастанд, ки ифтихори аҳли мактабанд, онҳоро ҳамагон эҳтиром мекунанд. Ин гуна хонандагон тавассути иштирок дар озмуну сабқату ҳамоишҳои гуногуни сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ҳам обруву эътибори таълимгоҳи худ ва ҳам шаҳру ноҳияашонро боло мебаранд ва боиси сарбаландии устодони худ низ мегарданд. Дар сафи чунин шогидони иродатманду соҳибистеъдод қарор дорад хонандаи синфи ҳафтуми гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Шерзод Аминов. Ӯ шавқи зиёд ба мутолиа дорад ва пайваста китоб мехонаду то имрӯз теъдоди китобҳои хондааш ҳадди сесадро убур кардааст. Анъанае дорад, ки муҳтавои китобҳои бадеии хондааш ва мулоҳизаҳояшро перомуни ин китобҳо дар шакли фишурда дар дафтаре ёддошт мекунад. Дар бораи китоб порчаҳои шеърӣ ва шоҳбайту зарбулмасалу андарзҳои зиёде медонаду баёзи ҷолибе дар заминаи баргузидаҳо аз ашъори писандидааш таҳия сохтааст.

Барномаҳои адабию фарҳангии телевизионро бо шавқи том тамошо мекунад ва таассуроташро аз онҳо ба модару хоҳараш, ки  низ ҳаводори илму адабу фарҳанганд, иброз медорад ва баъзан бо онҳо баҳс ҳам мекунад. Дар бораи адибони кишвар ва иддае аз нависандагони маъруфи ҷаҳон маълумоти фаровон (илова ба китобҳои дарсӣ) дорад. Шеърҳои зиёд ва пораҳои насрӣ азёд кардааст. Шерзод дар тантанаву ҷашнвораҳои мактабӣ фаъолона ширкат меварзад, шеър мехонаду суханронӣ мекунад ва суруд месарояд. Воқеан, ӯ овози хуш дораду маҳорати сарояндагӣ. Сурудҳояш ғолибан ба мавзӯъҳои Ватан ва ватандӯстӣ, забони модарӣ, ифтихори миллӣ бахшида шудаанд.

Шерзод ҳанӯз дар синфи сеюм мехонд, ки дар озмуни «Китобхони беҳтарин»-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардид.

Ин хонандаи ғайратманд аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло дошта бошад ҳам, меҳру иштиёқаш ба фанҳои забону адабиёт ва таърих бештар аст. Ҳангоме ки дар синфи 5-ум мехонд, довталабона дар озмуни ҷумҳуриявии мактабиён аз фанни таърих байни хонандагони зинаи сеюми таҳсилот ширкат варзида, дар сафи ғолибон ҷой гирифт.

Шерзод борҳо дар барномаҳои фарҳангию адабии телевизиони «Баҳористон» иштирок намуда, суҳбати гарму самимӣ оростааст. Ӯ орзуҳои неки зиёде дар дил дорад ва муҳимтар аз ҳама, мехоҳад, ки дар оянда ба нафъи халқу Ватани азизи худ хидмат намояд, фарзанди содиқу сазовори миллат  бошад.

А.Илёспур,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш