Нашрияи Омӯзгор

Амали неки устод

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Аҳли маърифат хирадмандона гуфтаанд, ки муаллим роҳбару кораш бузургу фикраш волост. Биноан, ӯро устод, мураббӣ ва роҳнамои кору пайкори шогирдон муаррифӣ намудаанд. Ин ҳама суханҳо бо кору фаъолияти устод Маннон Сулаймонов иртиботи қавӣ доранд.

М.Сулаймонов собиқ омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ имрӯз дар ҳалқаи ҷигарбандон давраи пирӣ меронад. Дар ин давра шогирдони  зиёдеро тарбияву ба камол расонд, ки  дар соҳаҳои  гуногуни ҳаёти мамлакат фаъолияти  пурсамар доранд. Омӯзгор дарсҳояшро  рангин мегузаронд ва ба хонандагон  дар баробари   аз худ кардани  донишҳои замонавӣ доштани касбу пешаи  муносибро низ зарур мешуморад. Бинобар ин, имрӯз қисме аз шогирдонаш соҳибкасбанду дар ҷомеа мавқеи  шоиста доранд. Устод дорои хислатҳои   неки  инсонӣ  буда, пайваста омӯзгорони  ҷавонро дастгирӣ менамуд ва дар ободии  мактаб саҳм мегузорад. Ҳамин аст, ки  дар байни  аҳли деҳа ва ҷомеаи омӯзгорон соҳибэҳтиром асту ӯро ҳамагон устод мегӯянд.

Бо вуҷуди ин, бо таълимгоҳе, ки зиёда аз 40 сол дар он фаъолият дошт, алоқаи доимӣ доранд. Дар вохӯриву ҷамъомадҳои муассиса иштирок менамояд. Моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба волидайн ва хонандагон шарҳу тавзеҳ мебахшад. Ба таъкиди мавсуф, дар замони   муосир  тарбия аҳамияти  бештар касб кардааст, аз ин  рӯ,  моро мебояд хонандагонро дар рӯҳияи  ватандӯстӣ  ба камол расонем. Ҳар як дарси устод худ мактаби  тарбия буд. Мавсуфро дар саҳни муассиса дида, ба пешвозаш шитофтам. Баъд аз аҳволпурсӣ устод чунин иброз намуд: - Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯҳу илҳоми тоза гирифта, тасмим гирифтам, ки як қисми пасандози худро барои ободии муассиса сарф намоям.

Бо ҳайати омӯзгорон дар ин хусус маслиҳат оростем. Розигии онҳоро гирифта, панҷ ҳазор сомонӣ маблағи худро барои ободии ҳуҷраи технология истифода намудам. 

Бо Маннон Сулаймонов аз наздик шинос ҳастам. Хислатҳои хуби одаму одамгарӣ, хушгуфторӣ ва пуртамкиниро аз устод омӯхтам. Шогирди мактаби он кас мебошам.

Ӯ аз соли 1967 то соли 2015 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 ба ҳайси омӯзгори технология ва тарбияи ҷисмонӣ кору фаъолият намуда, дар фаъолияти омӯзгориаш, пеш аз ҳама, масъулиятшиносӣ, тозакорӣ, ботамкинӣ ва хоксориро мушоҳида метавон кард. Нисбат ба худ ва шогирдон серталаб ва дар ташкилу гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ - озмуну олимпиадаҳои мактабӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ фаъол буд. Шогирдонаш дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегардиданд.

М.Сулаймонов дар баробари омӯзгори асил будан, фарзандани солеҳро ба камол расонид, ки бо кору пайкори худ баҳри ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон заҳмат мекашанд. Бо ин омӯзгори матинирода саломатии бардавом ва рӯзгори босаодат  таманно дорем.

 

Шараф БОҚӢ,

узви Иттифоқи

журналистони

 Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш