Нашрияи Омӯзгор

Истиқболи ғайричашмдошт

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Тирамоҳи соли 1995 директори мактаби рақами 2-и деҳаи Гулободи (Мирзобеки собиқ) ноҳияи Рӯдакӣ будам. Рӯзи истироҳат. Сол вазнин, кишвар ноором, мардум ба як тикка нон зор… Ҳамон рӯз чӣ коре баромаду мактаб омадам. Дар пеши дарвозаи мактаб як ҳамкорамро вохӯрдам.

– Устод Лоиқро дидӣ? – пурсид ӯ.

– Дар куҷо? – як қад паридам, зеро гумон кардам, ки шоири миллат ба мактаб омадаасту маро суроғ карда, рафтааст.

– Устод мошинашро овардааст, устоҳои худамон таъмир карданианд.

Дар шафати мактаб Фатҳиддини ҳамдеҳаамон, ки устои машҳур буд, устохона дошт. Ба мактаб надаромада, саросема он ҷо рафтам. Дар ҳақиқат, устод Лоиқ «Москвич»-ашро оварда буд. Фатҳиддин дасту остин барзада, иллати мошинро меҷусту устод чанд қадам дуртар пасу пеш қадам мезад ва сигор мекашид. Ғамгину парешон буд. Даст пеши бар гирифта, салом гуфтаму назди Фатҳиддин рафтам.

– Фатҳиддин, – гуфтам оҳиста, – устод Лоиқ мошинашонро чӣ хел назди ту оварданд? Шинос ҳастед?

– Не, – ҷавоб дод усто. – Ману қудои устод шиносем. Аз Ҳисор Шарифбек маслиҳат додааст, ки мошинро ман таъмир кунам.

– Ин тавр бошад, корро камтар кашол деҳ.

– Барои чӣ? – ҳайрон шуд Фатҳиддин.

– Мо дастархон кушода, устодро зиёфат медиҳем. Нон, гӯшту мева пайдо кардан даркор. Ту коратро кашол медиҳӣ, ман бачаҳоро хабардор мекунам.

– Мактаббачаҳоро?

– Не, се-чор ҷавонмарди саховатманд пайдо кардан лозим.

– Ҳа, бирав, зудтар аз пайи кор шав, – гуфт Фатҳиддин.

   Ман ӯро дубора огоҳ кардам:

– Корат ки буд шуд,  устодро ҷавоб надеҳ, зинҳор нараванд. Фаҳмидӣ? Илтимос! Айб нашавад. Шоири миллат бо пои худ ба  деҳа омадаанд.

– Хабардор мекунам, – ваъда дод Фатҳиддин.

Ба мактаб баргашта, дар банди андеша мондам: устодро ба куҷо бояд бурд? Кӣ шароиту имконияти хуб дорад? Кӣ дастархони пурнеъмат ороста метавонад? Албатта, барои қабули устод Лоиқ ҳар хона тайёр аст, вале он шабу рӯз на ҳар хона нон дошт. Охир, омадани устодро шунида, ба он хона бист-сӣ каси дигар хоҳад рафт, балки аҳли деҳа мекӯчад!

Ҳайрон монда кӯча баромадам. Қарор додам, ки устодро ба хонаи касе намебарам, рост ба мактаб меорам ва ҳамсинфу ду-се шиносро хабардор карда, ёрӣ мепурсам.

Ногоҳ ба ёдам акаи Аҳмад расиданд. Ин марди обигармӣ (Худо раҳматашон кунад!) бисёр баҳиммату меҳмондӯст буд. Як гови калони сершир дошт ва дар хонааш ҳамеша ширу ҷурғот ёфт мешуд. Ҳамсари акаи Аҳмад кадбонуи беҳтарини деҳа ҳисоб меёфт.

Рост ба хонаи акаи Аҳмад рафтам. Хуш пешвоз гирифт. Дарҳол мақсади омаданамро гуфтам. Бодиққат гӯш кард.

   – Ҳа-а, – гуфт андешманд ва ба хаёл рафт. – Аҷаб замон шуд… – Баъд пурсид: – Кадом таом мефорадат?

Гуфтам, ки қурутоби кӯҳистонӣ.

Акаи Аҳмад холаи Раҷабгулро даъват карда гуфт:

– Муаллим меҳмон доштаст, меҳмони азиз, шоири миллат омадаст. Як қурутоби нағз пухта деҳ!

– Як табақ не, даҳ табақ тайёр мекунам, – хурсанду розӣ шуд ҳамсари акаи Аҳмад номи устод Лоиқро шунида ва узр пеш овард, ки ордашон камтар аст.

Он замон дар аҳён-аҳён хонадон орд ёфт мешуд. Бо вуҷуди ин, хурсанд шудам. Муҳимаш, кадбонуи беҳтарини деҳа розист, ки барои устод Лоиқ таом омода кунад. Ташаккур гуфта, ҷониби осиёби писари бобои Мурод Бахтиёр давидам. Бахтиёр аз ҷумлаи ҷавонмардони деҳаи мост. Дилам пур, ки як кило орд медиҳад. Омадаму арзи ҳол кардам. Хурсанд шуд Бахтиёр ва ҷавонмардӣ карда, якбора даҳ кило орд дод, бепул!

   Он замон як кило ордро ҳам фақат ҷавонмард медод. Сарам ба осмон расид. Ордро ба хонаи акаи Аҳмад бурдам. Холаи  Раҷабгул ду-се коса орд гирифтан хост. Гуфтам, ки ҳамааш аз шумост.

– Ин тавр бошад, нону кулча ҳам мепазам, – гуфт ӯ ва ҳамон замон остин барзад.

Боз ба кӯча баромадам ва ба хаёл рафтам, зеро орд пайдо кардан нисфи масъала буд. Акнун гӯшту мева лозим аст. Додарам ба ёдам расид, кас фиристода ӯро ба мактаб овардам ва фармудам, ки ба хонаамон равад ва барои 10-12 нафар шӯрбо тайёр карда биёрад. Шукри Худо, ки ду-се кило гӯшт доштем! Додарам рафт ва боз андешаманд дар миёни кӯча мондам.

Ногоҳ ду ҷавони ҳамсолам - Муслиму Аҳтам пайдо шуданд. Онҳо мошин харида будаанд. Муборакбод кардам. Онҳо маро парешонҳуш дида, сабаб пурсиданд. Арзи ҳол кардам.

   – Устод Лоиқ омадагӣ, – гуфтам, – як дастархони пурнеъмат кушодан даркор. Таом дорем, нон дорем, қанду мева нест.

Муслим гуфт:

– Зиёдулло, бирав аз пайи таом шав, дастархонро мо аз нозу неъмат пур мекунем!

   Хурсандии маро медидед, сарам ба осмон расид.

   Акнун як кор монда буд: устодро ба мактаб даъват кардан. Ба сарам як фикри нохуш омад: устод, ки моро намешиносад, дар ин солу замони ноором розӣ мешавад, ки ба мактаб биёяд? Охир, гирду атроф пур аз авбошу дузду одамкуш аст.

   Ҳайрон мондам.  Вале дуруст гуфтаанд, одам ягон корро аз сидқ анҷом додан хоҳад, ҳамеша аз ҷое ёрӣ мерасад. Нохост муаллим Баҳодур Сабуров ба ёдам расид. Сабуров ҳамдеҳаи ҳофизи ширинадо Ҷӯрабек Мурод буд, аз деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ, дар Донишгоҳи аграрӣ кор мекард.  Рафтам хонааш. Гуфтам, ки устод Лоиқро зиёфат доданием, аммо тарс дорем, ки таклифамонро қабул намекунанд.

– Равед, дастархон кушода, мунтазир шавед! – гуфт. Сабуров бо дили пур.

   Ин лаҳза ба хотирам шоири бачаҳо, устод Убайд Раҷаб расид. Ба мактаб омада занг задам. Гӯшакро худаш бардошт. Вазъиятро фаҳмондам.

– Э, офарин, – хурсандӣ кард устод. – Дар ҳамин солу замон шоири миллатро хурсанд кардан ҳунари ҳар кас нест. Мунтазир бошед, ҳозир ба роҳ мебароем.

Шодию хурсандии моро ҳадду канор набуд. Ба зудӣ дастархон тайёр ва нозу неъмат пур шуд. Ҳатто барои пиёла гузоштан ҷой наёфтем.

Бояд қайд кунам, ки устод Убайд Раҷаб ба мактаби мо ҳар замон омада мерафт. Ҳар моҳ ягон вохӯрӣ барпо мешуд. Боре ба бачаҳо супориш ҳам дод, ки аз бобою бибиашон таърихи деҳаро пурсида, маълумот ҷамъ кунанд. Он маълумотро гирифта, дар нашрияи «Ҷумҳурият» як мақолаи калон навишт. Баъди ин кори устод мо деҳаамонро беҳтар шинохтем ва аз бисёр гапу кори аҷиб огоҳ шудем…

Хуллас, хурсанду мамнун рост ба устохона рафтам. Бо устод Лоиқ дубора салом карда гуфтам:

– Устод, марҳамат карда, як пиёла чой нӯшида равед. Чӣ хел шуду ба деҳаи мо омадед.

Устод розӣ нашуд.

– Ҳозир замони як пиёла чой нест, додарам. Ду-се соли дигар сабр бояд кард. Ягон рӯз, албатта, меоям. Хафа нашав. Аҳволи мардумро бин!

Гуфтам, ки шуморо ба мактаб даъват мекунем. Омӯзгорон мунтазиранд.

– А-а-а, мактаб?! Мактаб бошад, меравем, – ногаҳон розӣ шуд устод ва пурсид: – Ту чикораӣ?

– Директори мактабам.

Хуллас, устодро ба мактаб овардем. Дастархонро диду хитоб кард:

– О, ҷавонмардҳо, хуб ғайрат кардед-а!

Ин лаҳза аз дар устод Убайд Раҷабу профессор Ғафуров  даромаданд. Шодию хурсандии устоду мо даҳчанд шуд. Убайд Раҷаб шӯхиомез гуфт:

– Устод Лоиқ, мактаби маро забт карда гирефтед-ку! Бехабар мондем…

– Замона нотинҷ гуфта, дар хона шиштан гиред, бисёр чиз аз даст меравад, – ҷавоб доданд устод.

Ҳамин тавр, зиёфат соати 11 оғоз ёфт ва ба зудӣ ба маҳфили адибон табдил ёфт. Ҳар замон як-ду меҳмон меомад ва ҳамроҳи худ таому нон меовард. Тадриҷан хонаи муаллимон пури мухлис шуд. Баъзе дар пеши дару долон рост меистоданд. Пай набурдем, ки рӯз чӣ хел бегоҳ шуд. Шеъру қиссаю ёддошту латифаю суруди бисёр шунидем. Мо, омӯзгорон, он рӯз бори аввал бисёр шеъру қиссаҳои «Маснавӣ»-и Мавлоноро аз забони устод шунидем. Афсӯс, ки он замон дастгоҳи сабти овозу наворбардор надоштем. Чӣ суҳбати нотакрор буд. Гумон мекунам, ки устод Лоиқ дар ҳалқаи дигарон кам андар кам кушода мешавад, чунонки он рӯз хандонрӯю хушҳолу кушодачеҳра буд.

Баъзе ривояти машҳурро аз забони устод шунида, дарҳол мепурсидем:

– Ҳамин ҳам аз «Маснавӣ»-ст?

– Аз  «Маснавӣ»-ст, аз «Маснавӣ»-ст! – хитоб мекард устод ва боз шеър мехонд…

Тарафи бегоҳ, вақти хайрухуш устод Лоиқ лаҳзае пеши дар истоду ғамгин гуфт:

– То ин зиёфат гумон доштем, ки ба замони шеъру шоирӣ завол расид… Нағз шуд! Лекин  боз ба ёдам омад, ки Тоҷикистон ноором аст. Кай дар ҳамин хел маҳфилҳо нишаста, бемалол як пиёла чой менӯшида бошем?!

Убайд Раҷаб гуфт:

– Як-ду соли дигар монд…

Дар ҳақиқат, баъди ду сол шартномаи сулҳ ба имзо расид…

 

Зиёдулло Абдуллоев,

директори мактаби №35-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш