Нашрияи Омӯзгор

Навҷӯю навовар бошем

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

Дар беҳтар намудани сифати таҳсилот, самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф, иттиҳодия ва шӯроҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавқеи калидӣ доранд.

Пешрафти илму техника ба мазмуни таҳсилоти ҷаҳонӣ тағйироти куллие ворид намуд, ки он ба методҳои таълим таъсири амиқе  расонида, мавқею мақом ва масъулияту вазифаҳои  хадамоти методиро хело зиёд намуд. Татбиқи ҳама гуна барномаю консепсияҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор, масъулияти шахсӣ ва самаранокии фаъолияти ӯ пайванд буда, бе ҳалли муваффақонаи масъалаи мазкур ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ-баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ғайриимкон хоҳад буд. Зеро ҳама гуна муваффақият дар соҳаи маориф  ба нерую дониш, салоҳиятнокӣ, масъулият, тарзи корбарӣ ва  хазинаи бойи маънавию илмии омӯзгор вобаста аст.

Таъмини самаранок ва муваффақонаи раванди таълиму тарбия кори басо мушкил, пурмашаққат ва заҳматталабест, ки аз омӯзгор донишу малака ва маҳорати баланди касбӣ, масъулият ва ҷавобгарии доимиро тақозо менамояд. Мақсади асосии хадамоти методӣ расонидани ёрии методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, такмили донишу малака ва маҳорати касбии омӯзгор,  беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва муҳимтар аз ҳама  баланд бардоштани сифату самараи раванди корҳои педагогӣ мебошад.  Интихоби роҳу равиш ва шаклу воситаҳои дурусти  ба роҳ мондани корҳои методӣ дар рушди маҳорати касбии омӯзгорон, аз худ намудани методҳои пешрафтаи таълим тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ, рушди қобилият ва неруи зеҳнии онҳо, ташаккули омӯзгори дорои маданияти баланди касбӣ ва тафаккури   муосири педагогӣ, таъмини сифат ва самаранокии раванди таълиму тарбия, баланд рафтани сатҳи дониши хонандагон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф мусоидат намуда, иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хадамоти методиро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин менамояд.            Дар синфҳои ибтидоӣ омӯзгоронро зарур аст, ки бештар аз чунин шаклу усулҳои таълим истифода намоянд, ки ба хислат, хулқу атвор ва  қобилияти фардии хонандагон мувофиқат намуда, ба рушди минбаъдаи қобилияти зеҳнӣ ва ташаккули мақсадноки шавқу рағбати онҳо нигаронида шуда бошанд. Истифодаи васеъ аз шаклу усулҳои мухталифи таълим, ки дар  азхудкунии барномаҳои таълимӣ метавонад ҳавасмандии хонандагонро таъмин намуда, муҳити мусоиди психологиро дар раванди дарс муҳайё  созад, хеле муҳим аст. Бояд низоми мақсадноки кори омӯзгорон ҷиҳати рушди потенсиали эҷодии хонандагон ҳамоҳанг карда шавад. Ҷаҳони имрӯза талаботро нисбат ба  таҳсилот  ва  омӯзгори дорои салоҳияти баланди касбӣ афзун намуда, аз ӯ донишу малака, сатҳи баланди касбӣ, салоҳият ва масъулияти бештареро тақозо менамояд. Акнун омӯзгорро зарур аст, ки аз методҳои нави таълим, технологияи муосир ва шаклу усулҳои муассири дарс самаранок истифода намуда, хонандаро  ҳамвора  аз ҷаҳони тахайюлу афсона ба ҷаҳони воқеият раҳнамоӣ кунад. Дар асоси донишҳои андӯхта малакаю маҳорати ӯро ташаккул дода, барои мутобиқ шудани ӯ ба равандҳои иҷтимоӣ ва омодагӣ ба фаъолияти мустақилона мусоидат намояд.

Дар ҳама давру замон дарс яке аз шаклҳои асосии таълим ба ҳисоб рафта, омӯзгорро зарур аст, ки дар вақти муайяни ҷудошуда, дар асоси барномаи таълими ин ё он фан мавзӯи мушаххасро ба хонандагон таълим диҳад ва тавассути ин мавзӯъ дар онҳо донишу малака ва маҳорати муайянро ҳосил намуда, салоҳиятҳои заруриро дар онҳо ташаккул диҳад. Барои муваффақ гардидан ба ин ҳадафҳо интихоби дурусти методология ва  методикаи ташаккули салоҳиятҳо, интихоби навъи дарс, интихоби аёниятҳо, банақшагирӣ  ва ташкили самараноки дарс хеле муҳим аст. Имрӯз садҳо намуди дарс: дарси амалӣ, дарс-лексия, дарс-санҷиш, дарс-суҳбат, дарс-машварат, дарс – мусобиқа, дарси омехта, дарс- назорат, дарс-масъалагузорӣ ва ғайраҳо дар раванди таълим истифода мешаванд. Табиист, ки ҳар як намуди дарс  бо методу воситаҳои муайян гузаронида шуда, сифат ва самаранокии он пеш аз ҳама, ба маҳорату малакаи касбии омӯзгор вобаста мебошад. Бояд ҳар як омӯзгор вобаста ба маҳорату малака, донишу таҷриба,  огоҳию тавонмандии худ ва қобилияти даркнамоӣ, сатҳи дониш, майлу хоҳиш, синну сол ва вазъи рӯҳию равонии хонандагони синф  навъи дарсро интихоб намояд. Аз ин рӯ, вақте ки мо дар бораи усулҳои фаъоли таълим ва намудҳои мухталифи дарс сухан мегӯем, бояд дар назар дошт, ки ҳаргиз наметавон як намуди муайяни дарс ва ё як методи муайяни таълимро ба омӯзгор иҷборан талқин намуд. Ҳатто ду омӯзгоре, ки аз як фан дар як синфи мувозӣ дарс мегӯянд, наметавонанд бо истифода аз як намуди дарс ва як методи таълим дорои муваффақияти якхела бошанд. Аммо зарур аст, ки омӯзгорон аз методҳои мухталифи таълим ва намудҳои гуногуни дарс ба хубӣ огаҳу ошно бошанд, то тавонанд вобаста ба завқу салиқа ва донишу таҷрибаи худ аз ин ё он намуди дарс ва методҳои таълим истифода намоянд. Бояд ҳамеша чор гурӯҳи асосии салоҳияти касбии омӯзгор аз мадди назар дур набошад: а) салоҳияти фаннӣ; б) салоҳияти методӣ; в) салоҳияти равонӣ-педагогӣ; г) салоҳияти коммуникативӣ. 

Зарурати маълумоти ҳар чӣ бештаре додан ба хонандагон ва ҳосил намудани маҳорату малакаи татбиқи донишҳои андухта дар амалия боиси бедории  завқу хоҳиши хонанда ба донишандӯзӣ мегардад. Ва ин раванд омӯзгорро мачбур менамояд, ки роҳҳои нав ба нави таълимро ҷустуҷӯ намуда, нисбат ба таълим муносибати эҷодкорона дошта бошад.

Методҳои таълимро шартан ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд: методҳои анъанавӣ ва методҳои фаъол. Тафовути асосии ин усулҳо дар он аст, ки дар методи анъанавӣ меҳвари асосӣ омӯзгор буда, хонандагон танҳо шунавандаи ғайрифаъоланд, ки бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ҳар як гуфтаи омӯзгорро дар хотир нигоҳ дошта бошанд ва дар ҳолати пурсиш онро такрор намоянд. Аммо  ҳангоми истифодаи методҳои фаъол барои хонанда чунин як муҳите эҷод карда мешавад, ки ӯ наметавонад дар ҳолати ғайрифаъол қарор дошта бошад. Маҳз истифодаи шаклҳои фаъоли таълим дар раванди дарс заминаи асосии фаъол гардонидани хонанда, бедор кардани завқу рағбати ӯ ба дарс ва дар ниҳояти кор болоравии сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон мегардад, ки ин ҳадафи асосӣ ва натиҷаи муҳимест, ки мо онро интизорем. Мақсад аз донишомӯзӣ ба хонандагон танҳо донистан, ба хотир овардан, онро нақл кардан не, балки ҳосил намудани малакаю маҳорати дар амал татбиқ намудани донишҳои аз бар карда, ба ибораи дигар ташаккул додани салоҳиятҳои хонанда ба шумор меравад. Хонанда бояд дорои чунин қобилияте бошад, ки ҳар иттилое ба ӯ мерасад, таҳлил кунад, хулосаи дуруст барорад ва онро дар амал татбиқ карда тавонад ва дар ин роҳ омӯзгор роҳнамо ва ёвари ӯ бошад. Яке аз сиёсатмадорони бузурги асри ХХ Уинстон Черчил гуфтаст: “Омӯзгорони мактаб дорои чунин ҳокимияте мебошанд, ки ҳар як сарвазир доштани чунин ҳокимиятро танҳо орзу карда метавонад”.

Воқеан ҳам, омӯзгор ҳокими мутлақи тафаккури хонанда мебошад. Хонанда омӯзгори худ-ро дар радифи падару модар ва ҳатто болотар аз ӯ эҳтиром мекунад, дӯст медорад ва ба ӯ бовар дорад. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор масъул ва вазифадор аст, хонандаро дар заминаи арзишҳои ахлоқӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои миллат, ифтихори миллӣ  ва  таҳаммулпазирию ватанпарастӣ тарбия намояд ва худ намунаи ибрати ин амалҳо бошад, то хонандаро аз худ дур ва ноумед нагардонад.       

 

Ш.ЁРМУҲАММАДЗОДА,

директори Маркази таълимию методии  назди Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш