Нашрияи Омӯзгор

Ҷаҳони бадеии адиби бузург

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар адабиёти шӯравии рус як зумра шоиру нависандагоне бо асарҳои пурмазмун ва ҷовидонаи худ шуҳрату манзалат пайдо кардаанд, ки дар онҳо зиндагии душвор, вале пурифтихори мардуми меҳнаткашро, ки шабу рӯзи худро ба манфиату хидмати ватани Шӯроҳо мебахшиданд, ба риштаи тасвир кашидаанд. Дар радифи М.Горкий, М.Шолохов, М.Булгаков, А.Серафимович, К.Симонов, нависандаи маъруф ва соҳибқалам Алексей Толстой мавқеи хоси худро дошт. Алексей Толстой, гарчанде дар хонаводаи ашроф ба дунё омада бошад ҳам, аз хурдӣ азобу машаққати одамони одии ҷафокашидаро ба мушоҳида гирифта, шигифтзада аз худ мепурсид, ки чаро ин бахтбаргаштагон азобҳои зиёдеро аз ҷониби табақаи сарватмандон ва ҳокимони давр ғуломвор таҳаммул мекунанду эътирозе намекунанд? Баъдҳо, бо омӯзишу мутолиаи бардавом ва шиносоӣ бо осори ҷовидонаи адибони пешгузаштаи худ, Алексей Толстой ба хулосае расид, ки вай бо таълифи асарҳои хурду бузургаш метавонад аз манфиатҳои миллии мардуми рус пуштибонӣ ва дифоъ кунад. Алексей Толстой зиндагии мардуми бенавою заҳматкаши русро бо тамоми пастию баландиҳояш омӯхта, асарҳои ҷаззобу ҷолибе таълиф намуд, ки дар як муддати кӯтоҳ диққати на танҳо адибону адабиётшиносон, балки алоқамандону дӯстдорони каломи бадеъ, ба вижа, деҳқонону коргаронро ба худ ҷалб намуд. Ҳикояву повест ва роману драмаҳои нависанда мустақиман зиддияту низову моҷароҳои дар байни деҳқонону коргарони заводу фабрикаҳо ва соҳибони корхонаҳо баамаломадаро ба таври воқеӣ ва ҳақиқатнигорона инъикос менамуданд. Романҳои «Дар Броневик», «Петр I», «Гиперболоиди инженер Гарин», «Афандиҳо», «Сарватманди ланг» ва амсоли инҳо дар тасвиру бозтоби ҳақиқати ҳаёт ва паҳлуҳои мураккаби он ҳиссаи босазо гузоштаанд. Бояд зикр  кард, ки Алексей Толстой баҳри рушду пешрафти адабиёти пролетарӣ як силсила мақолаҳои пурмуҳтаво таълиф намуда, ба адибони ҷавон маслиҳатҳои худро дареғ надошта, панд медод, ки онҳо набояд ба нақлу бозгӯйии аз ҳақиқат дури зиндагии меҳнаткашон, тасвиру офариниши образҳои сохтаю бофта роҳ диҳанд. Махсусан, дар эҷоди асарҳои таърихӣ адибони ҳам таҷрибаманду ҳам ҷавон бояд эҳтиёткорона муносибат намуда, ҳақиқатро таҳриф накунанд. А.Толстой худ дар болои романи таърихии «Пётри I» солҳои тӯлонӣ меҳнат карда, на танҳо аз осори мустанад ва навиштаҳои ёддоштии ҳамзамонони Пётр истифода кардааст, балки бо шоҳидони бевоситаи воқеаҳои он замон ҳамсуҳбат гардида, як асари оригиналӣ иншо намудааст. Ба романи мазкур нависандаи бузурги инқилобӣ А.М. Горкий баҳои баланд дода, зуҳури ин асарро шоҳкории аср номида буд. А.Толстой адиби соҳибистеъдод, ҷӯяндаву сермутолиа ва дар айни ҳол устоди сахтгиру серталаб буда, ба асари бадеӣ аз ҷиҳати ғояву муҳтаво ва забону услуби нигориш баҳо дода, арзиши онро аз рӯйи  тасвири саҳеҳу воқеъбинонаи саҳнаҳои зиндагӣ арзишдоварӣ мекунад. Вай забонро силоҳи асосии нависанда ҳисобида, истифодаи огоҳмандона аз гӯишу таъбир (фразеологизм)-ҳои мардумиро муҳим медонад.

Аз шоирон Пушкину Надсон ва Сергей Есенинро дӯст  медошт. Асарҳои нависанда ба  тамоми забонҳои олам  тарҷума шуда, ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Бояд хотиррасон намуд, ки аксари асарҳои А.Толстой ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд ва аз ҷониби хонандагони тоҷик гарм истиқболу пазироӣ гардидаанд.

Заррина Қаюмова,

омӯзгори гимназияи «Ҳилол», шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш