Нашрияи Омӯзгор

Ғаввосе дар баҳри илм

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба 12 нафар Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ супориданд, ки Назарзода Маҳмуд Мирзо, сардори шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи онҳо буд.

Мавсуф соли 2003 ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ихтисоси лингвист-тарҷумон) шомил шуда, онро соли 2008 бомуваффақият хатм намуд. Дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кори илмӣ-пажӯҳишӣ машғул шуда, дар муҳлати кӯтоҳе рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Лингво-культурного особенности примети в южном говоре таджикского языка (на материале Кулябских диалектов)» ҳимоя кард. Рисола ба таҳлилу баррасии вижагиҳои забонии лексикаи боварҳои мардуми тоҷик дар асоси маводи лаҳҷаи ҷанубии забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Мавзӯи монография дар забоншиносии муосир хеле муҳим арзёбӣ гардида, дар баробари забони лаҳҷа, бо таърих, фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. ҳамзамон, мафҳуми боварҳо дар асоси дастовардҳои навини илмии забоншиносии муосир таҳқиқ гардида, дар он маводи фаровони мансуб ба боварҳои мардуми тоҷик ба таври муфассал аз нигоҳи вожашиносӣ таснифу таҳлил гардидааст.

М. Назарзода солҳои 2012-2013 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз 18-уми сентябри соли 2013 ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул шуда, то соли 2014 ҳамчун сармутахассиси шуъбаи номбурда кор кард  ва аз соли 2014 инҷониб ба ҳайси сардори шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии агентии мазкур менамояд.

Ин ҷавони соҳибистеъод муаллифи асарҳои «Омӯзиши забони англисӣ дар амалия», «Grammar in practice» (ҳаммуаллиф), «Забони лотинӣ ва асосҳои истилоҳоти тиббӣ-фарматсевтӣ» (ҳаммуаллиф), “Забони англисӣ барои факултаҳо ва коллеҷҳои тиббӣ”, “Deutsch забони немисӣ» (ҳаммуаллиф), “Забони англисӣ аз рӯйи ихтисос” ва монографияҳои “Лексикаи боварҳо дар лаҳҷаи ҷанубии забони тоҷикӣ», «Лингво-культурного особенности примети в южном говоре таджикского языка (на материале Кулябских диалектов)» ва беш аз 20 мақолаи илмию методӣ мебошад. 

Дар асарҳои таълифкардааш, ки аксаран ба омӯзиши забони англисӣ бахшида шудаанд, роҳҳои омӯзиши ин забон ба таври фарогир ва сода нишон дода шуда, ҳамчун дастури таълимӣ ба донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар хизмат мекунанд.

Соли 2020 ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид. Ба ин муносибат ӯро табрик намуда, дар ҷодаи илм барояш комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

 

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш