Нашрияи Омӯзгор

Хандонлабу тозарӯй мебояд буд

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар ҳар ҳумоюнлаҳзае, ки бо ин ҷавонмарди бофазилат дучор оям, беихтиёр дар хотирам ин байти ҳидоятбори Хайёми накугуфтор равшан мешавад: «Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад, Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад». Яқин, ин ангезаи он аст, ки ӯро ҳамеша «хандонлабу тозарӯй» мебинам, ҳамеша ба мушоҳида мегирам, ки шукуфтаҳол асту самимӣ ва озодарафтор.

Дар зиндагӣ рӯзгори ҳеч фарде орӣ аз костагиҳо, аз эҳтиёҷу ноҷӯриҳо буда наметавонад, ба таъбири маъруф, «сарватмандон ҳам мегирянд». Вале на ҳар касро ёрову тавони он бувад, ки аз шикастҳои зиндагӣ шикаста нашавад ва пеши нобасомониҳои ҳастӣ сари боло дошта бошад. Гиреҳбастагии чеҳраву осеби асабу рашъаи тану ғуссаи нигоҳи аксарро сабаб ин аст.

Донишманди фурӯтан Сангини Гулзодро, то ҷое, ки огаҳӣ дорем, зиндагӣ чандон илтифотоин набуда. Солиёни зиёдеро аз лиҳози вазъи будубош бо ниёзмандиҳо паси сар кардааст ва ба фишори эҳтиёҷ тоб овардааст. Дар чунин вазъ аксар афрод ғолибан хотири ғуборолуда доранду андешазада ба назар мерасанд. Хушо, ки устод Сангини Гулзод аз ин тоифа нест; барои ӯ дороии маънавӣ аз дороии моддӣ (сарвату давлат) ба маротиб авлост, тафовут аз остон то осмон аст. Дар кулбаи тангу носозгораш дар канори дастхатҳову китобҳову рӯзномаву маҷаллаҳо ӯ худро чун дар оғӯши кохи пуршукӯҳу барҳавову пурҷилои маърифат дармеёбад, ҳама шутургурбагиҳои зиндагиро фаромӯш мекунад ва банди мутолиаву эҷод мешавад. Аз хушбахттарин ва доротарин ашхоси олам аст дар ин лаҳзаҳо ӯ. Дар дарозои солҳо (аз соли 1992) дар бонуфузтарин мактаби олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои масъул (аз мудири кафедра то декани факулта) кор кард ва имрӯз низ дӯшбори масъулияташ андак нест; дар вазифаи мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ фаъолият дорад, фаъолияти бавусъат. Бавусъат ба он далел, ки ҳам дарс мегӯяд, ҳам роҳбарӣ мекунад, ҳам маъракаҳои гуногуни фарҳангӣ меорояд ва ҳам пайваста эҷод мекунад, муаллифи мақолаву рисолаву китобҳои фаровонест. Як донишҷӯи кӯшову ҷӯёи факултаи мазкур (дардо, ки имрӯз сафи чунин донишҷӯён басо нокомил аст) боре зимни суҳбат бо ман гуфта буд: - Ман дар тафсири ибораи солҳои охир маъмули «таҳсилоти фарогир» чандон чира нестам, вале барои мо, донишҷӯён, таҳсилоти фарогир ба мутолиа фаро гирифтани китобҳои устод Сангини Гулзод аст.

Ба гумонам, ин гуфта беҳтарин подош аст барои ҳар омӯзгори асилу заҳматҳои ӯ, подоше, ки ба таассуф, на ҳар устодро насиб гашта.

Устод Сангини Гулзод солҳои зиёди умри пурборашро ба таҳлилу баррасии фаъолият ва махсусиятҳои радиову телевизион ва матбуот бахшидааст. Ва вақте ки ҳафтаи гузашта барои хидматҳои шоистааш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин устоди варзидаву инсони наҷиб медали «Хизмати шоиста» супориданду ман ин лаҳзаи гувороро аз оинаи нилгун тамошо кардам, андешидам, ки дар баробари Ватан радиову телевизион низ подоши хизматҳояшро баҷо оварданд.

Ба устоди арҷманд ин мукофоти олии Ватан муборак бод. Инсонҳои покраву садоқатпешае чун Сангини Гулзод, ки пайваста дар ҷодаҳои хирад раҳнаварданду маънавиятро аз ҳар гуна дороии дигар авло медонанд ва ба рағми кулли ихтилофоти рӯзгор чеҳрашукуфтаву болидахотиранду ба ҳамагон нигоҳи меҳрбор доранд, ба ҳама гуна арҷгузорӣ сазоворанд.

 

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш