Нашрияи Омӯзгор

Алибахши маърифатбахш

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

 

1 сентябр Рӯзи дониш, рӯзи фазлу ҳикмат, рӯзи парвози орзуҳои кӯдакон. Баъзеашон нахустин бор ба мактаб мераванд ва баъзеашон соли охирин дар саҳни кохи маърифат қадам мениҳанд.

Дар ин рӯзи фирӯз кӯчаву хиёбонҳо аз мактабиёни гулбадасту чеҳрахандон пур мешавад, шаҳру деҳ саршор аз накҳати ҷавонӣ мегардад. Шогирдон  гурӯҳ-гурӯҳ ба дидори муаллимони меҳрубону фарзона мешитобанд.

Аммо мактаби зодгоҳам имсол дар ин рӯз тантанаи солҳои қаблиро надорад. Зеро дар сафи омӯзгорони он ҷойи муаллими азизи ҳама, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алибахш Худобахшов холист. Онҳое, ки солҳои тӯлонӣ ба ҳузури пурнури муаллим дар ҷамъомадҳо одат кардаанд, дилнигаронанд, ки ҳамин ҳоло устод бо табассуми зебои худ сӯи ҳозирон меояду сухани хуше гуфта, табъҳоро болида мегардонад. Аммо, афсӯс, вақти рафта дигар барнамегардад...

Алибахш Худобахшов 8 марти соли 1947 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадаст. Соли 1953 ба мактаби 8-солаи деҳаи Мун дохил шуда, соли 1961 онро хатм намудаст. Соли 1963 ба факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1968 онро бо муваффақият хатм кардаст. Аз соли 1968 то 1979 муаллими физикаи мактаби миёнаи рақами 28 - и ноҳияи Шуғнон буд.  Аз соли 1979 ба мактаби миёнаи рақами 26 (ҳоло рақами 32) ба кор омад. Тайи солҳои 1980-1991 дар вазифаҳои ҷонишини директор ва директори мактаб фаъолият дошт. Ду маротиба вакили мардумӣ ба маҷлиси ноҳиявӣ интихоб гардид.

Чунин аст шиносномаи иҷмолии ин сарсупурдаи ҷабҳаи омӯзиш ва парвариши насли наврас...

Ёдам меояд тирамоҳи соли 1994. Нахустин бор ба остонаи мактаб қадам ниҳодам. Директори мактаб Алибахш мо - кӯдакони синфи тайёриро хеле гарм истиқбол гирифт. Мактаб фазои идона дошт. Муаллимон бо навбат бо мо шинос мешуданд. Устод Алибахш  Худобахшов шахсан худаш моро дар синфхона пазируфт. Нахустин суҳбаташ, ки аз боби  ахлоқи ҳамида ва донишандӯзиву фановарӣ буд, то ҳоло бо тамоми ҷузъиёташ дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Насиҳатҳои падаронаи вай роҳи ҳаёти минбаъдаи моро равшан карда, дар чорсӯи ҳаёт раҳнамоямон гаштанд.

Устод Алибахш Худобахшов дар тӯли фаъолияти 50-солаи хеш ҳазорон шогирдро ба шоҳроҳи паҳновари ҳаёт гусел намудааст. Аз миёни онҳо олимон, шоирон, муҳандисон, ходимони ҷамъиятию арбобони сиёсӣ ба арсаи фаъолият баромадаанд, ки зиндагиномаи ҳар якашон китобест нонавишта.

Мо фақат дар бораи фаъолияти устод аз соли 1994 то 2005 ёдовар мешавем. Чун ин овони талабагии мо, айёме буд, ки бевосита худамон шоҳиди фаъолияти ҳаррӯзаи муаллими дӯстдоштаамон будем.

Солҳои 1992 – 1997. Вазнинтарин солҳо дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ноумедӣ ва яъсу даҳшат ҷомеаро торафт амиқтар фаро мегирифт. Аммо муаллим Алибахш дар ҳеҷ вазъе ноумедиро  ба дил роҳ намедод. Устувору боматонат кор мекард. Худ ба фардои босаодат бовар дошту намегузошт, ки шабаҳи навмедиву шақоват бар  шогирдонаш ғалаба кунад. Барои ҷуброни носозгориҳои рӯзгор дар мактаб ҳарчӣ бештар маҳфилҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатиро ташкил медод. На танҳо мо мактаббачагон ва муаллимон, балки тамоми аҳли деҳкада ба хастагинопазирии ӯ аҳсанту офарин мехонданд.

Маҳз заҳмати ӯ буд, ки имрӯз шогирдонаш -- доктори илми риёзӣ Лангаршоев Мухтор, номзади илми физика Гулмурод Шоҳзиёев дар Федератсияи Россия, доктори илми фалсафа Шафтолу Гуламадов дар Донишгоҳи Торонто, Валӣ Ғуломалиев дар Институти мутоилоти Лондон, кормандони созмонҳои бонуфузи олам Олимшо Олимшоев, Аловат Ғуломшоев ва даҳҳо шахсони дигар шахсиятҳои дар муассисоти сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ кор карда, номбардори омӯзгори худ мебошанд.

Инсони покизасиришт ва педагоги камназир моҳи марти соли 2020 аз ҷаҳони фонӣ рахт баст ва ба абадият пайваст. Вале ёди неку заҳматҳои пурсамараш муаллим Алибахш Худобахшовро дар дили шогирдони сершумор ва пайвандону қаринони ӯ барои ҳамеша зинда нигоҳ медоранд.

 

Сафо Алиназар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш