Нашрияи Омӯзгор

Воқеият дар ҳикояҳои адиб

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Рӯзноманигор ва публитсисти шинохта Умари Шерхон солиёни зиёдест, ки дар баробари иншои мақолаю очеркҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти ҳамзамонони мо, инчунин, ба таълифи қиссаю ҳикоёти пурмуҳтаво машғул аст. Ба наздикӣ  китоби мукаммали нависанда, ки дар он ҳикояҳои дар солҳои гуногун таълифкардааш аз якчанд маҷмӯаи пешини ӯ гирдоварӣ ва ҷамъ оварда шудааст, бо номи «Молики раҳи кӯр» аз тариқи нашриёти «Шарқи озод» аз чоп баромад ва пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардид. Дар китоб таҳти унвонҳои «Гурд» панҷ ҳикоя,  «Дуо» панҷ ҳикоя, «Сипос» ҳашт ҳикоя, «Гирдакон» нуҳ ҳикояву як қисса ва «Мом» чаҳор мақолаи адиб ҷой дода  шудаанд. Бояд зикр намуд, ки  мавзӯи кулли ҳикояҳои У.Шерхон воқеию ҳаётӣ буда, дар ин ҳикоятҳо саргузашти шавқангезу ибратомӯзи одамони одии соҳиби касбу пешаҳои гуногун, ки бо хислатҳои хоксорию фурӯтанӣ, олиҳимматию дасткушодӣ, ҳақиқату адолатхоҳӣ ва заҳмати ҳалол ризқу рӯзӣ меёбанд, реалистона ба қалам дода шудааст. Ҷолибияти ҳикояҳои адиб дар он аст, ки дар бахши аъзами онҳо қаҳрамонони ҳикояҳо дар лаҳзаҳои мухталифи зиндагии мураккабу  пуршебу фароз рӯ ба рӯйи ҳам истода, барои пойдории ҳақиқату адолат талош меварзанд. Дар ҳикояҳои мазкур ҳатман бо образҳои манфию мусбат  вомехӯрем.

Дар ҳикояҳои «Кина», «Ҳаромхор», «Гурд», «Заркокул» ва ғайра  низ хислатҳои бади одамон мазаммат карда мешавад. Дар ин ҳикояҳо аз тарафи нависанда кирдорҳое, чун хабаркашию иғвоангезӣ, моли ҷамъиятро аз худ кардан, хасисию мумсикӣ ва монанди инҳо ба боди танқид кашида мешавад.

Яке аз беҳтарину  муассиртарин навишта дар китоби мавриди назар ҳикояи ҳаҷман хурди «Молики раҳи кӯр» мебошад, ки унвони китоб аз он гирифта шудааст.

Ҳикояҳои китоб бо забони ширину фасеҳ, балеғу сода иншо шуда, кӯтоҳу муҷаз мебошанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш