Дар Барзилия китоби ҷашниеро аз пӯлоди зангногир тайёр намуданд. Онро бахшида ба 400 – солагии шаҳри Рио-де-Жанейро нашр карданд, ки аз 200 саҳифа иборат аст.
***
Калонтарин фарҳанг «Луғати олмонӣ» ба ҳисоб меравад. Гирдоварии онро бародарон Якоб ва Вилгелм Гримм соли 1854 сар карда, соли 1971 ба охир расонданд. Луғат дар 33 ҷилд ва 33519 саҳифа таҳия шуд.
Аз ҳама қомуси калон «Энсиклопедияи рангаи универсалии евроамерикоӣ» аст. Он аз 104 ҷилд ва 105 000 саҳифа иборат буда, зиёда аз 165 миллион калимаро дар бар мегирад.
Вазири Форс Абдулқосим Исмоил (асри X) тамоми китобҳои китобхонаашро ҳангоми сафар бо худ мебурд. 117 ҳазор китобро бо тартиби алифбоӣ дар 400 уштур кашонда мебурданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр