Ин бонуи резапайкари чеҳракушодро, ки ҳамеша табассум ба лаб дораду хеле самимию хушмуомила аст, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аксар алоқамандони китобу китобхонӣ хуб мешиносанду эҳтиром мекунанд. Дар шаҳру навоҳии атрофи пойтахт ва манотиқи дигари ҷумҳурӣ низ теъдоди дӯстону муштариёнаш зиёд аст.
Ӯро ному насаб Шоира Абдуллоева асту беш аз сӣ сол мешавад, ки шуғли китобфурӯшӣ дораду байни аҳолӣ маърифатгустарӣ мекунад. Дар Душанбеи нозанин чандин фурӯшгоҳи китоб таъсис додаасту ҳоло муассис ва сарвари яке аз калонтарин фурӯшгоҳҳои китоби пойтахт (воқеъ дар маҳаллаи Гулистон, хиёбони Неъмат Қарабоев) мебошад.
Шоирабонуро меҳри китоб, иштиёқ ба хираду маърифат ба ин ҷода кашида. Аз хурдӣ таваҷҷуҳу эҳтиром нисбат ба китоб дошт. Чун медид, ки волидайни азизаш чӣ қадар бо эҳтиёт китобро рӯи даст мегирифтанду мебӯсиданд, чун аз устодонаш дар мактаб дар ситоишу бузургдошти китоб суханони муассиру меҳрбор мешунид, чун ба мушоҳида мегирифт, ки гурӯҳ-гурӯҳ одамон дар фароғатгоҳҳо бо майли том китоб мехонанд ва чун шоҳиди он мегашт, ки иддае самимона, бо шавқ перомуни китобҳои мутолиакардаашон баҳс оростаанд… муҳаббаташ, эҳтирому эътиқодаш нисбат ба ин сарчашмаи хирад дучанд меафзуд ва барои дар оянда қисматашро ба китобу китобдорӣ пайвастан азмаш қатъитар мешуд. Чун аз зодгоҳаш ба Душанбе омаду соҳиби маълумоти олӣ шуд, ба таври мустақилона ба омӯзиши таърихи китобу китобдорӣ пардохт ва аз маъхазҳои зиёде огаҳӣ дарёфту таҷриба андӯхт…
Фурӯшгоҳи «Китобҳо»-и Шоира Абдуллоева беш аз чил бахшро фаро мегирад ва хеле ғановатманд аст. Харидорони китоб аз ин фурӯшгоҳ ба чанд забон (аз ҷумла, тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ…) китоб дастрас карда метавонанд.
Ҳамчунин, метавонанд барои дастрас кардани ҳар китоби дилхоҳу заруриашон дархост пешниҳод намоянду дар муҳлати муайян он китобро ба даст оранд. Дар ин фурӯшгоҳ муштариён илова ба китоб метавонанд ашёи мактабӣ, харитаю плакатҳо, лавҳу нишонҳо. варақаҳои таблиғотию тавзеҳӣ ва расмию коргузориро харидорӣ намоянд. Фурӯшгоҳ ҳам аз берун ва ҳам аз дохил хубу назаррабо оро дода шудааст ва ҳама лавҳу суратномаю шиору овезаҳо ситоишгари китобу аҳамияти китобхонианд.
Дар фурӯшгоҳи «Китобҳо» зери роҳбарии Шоира Абдуллоева беш аз даҳ нафар кор мекунанду ҳама дилбастагони китобанд ва хушмуомилаву соҳибтаҷрибаанду метавонанд дар интихоб ва харидории китоб ба ҳаводорони хираду дониш маслиҳатгар бошад. Дар нахустрӯзҳои соли нави таҳсил ин фурӯшгоҳи китоб боз ҳам серодамтар аст ва ба вижа, харидорони китобҳои дарсию ашёи мактабию аёниятҳои таълимӣ зиёданд. Ҳамчунин, муштариён ба китобҳои кӯдакона, китобҳои сиёсию таърихӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Шоирабону аз он мамнун аст, ки солҳои охир дар заминаи ҳидоятҳои оқилона ва насиҳатҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи ҳаводорону алоқамандони китоб ба маротиб афзудааст ва ибтикори хирадбунёди Сарвари кишвар – озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми китобу китобхониро дар ҷомеа боз ҳам боло бурдааст. Чандест, ки идораву ташкилоту созмонҳои гуногун дар сохтори худ китобхона таъсис медиҳанд ва ағлаби мутасаддиён бо маслиҳат ва бо азми дастрас кардани китобҳо ба Шоира Абдуллоева муроҷиат мекунанд. Ин бонуи хирадгустар ҳар гоҳ ба таълимгоҳҳои алоҳида, ба вижа, ба мактабҳои хонандагони маъюбу имконоташон маҳдуд рафта, бо наврасон оид ба «аниси кунҷи танҳо»-иву «сарчашмаи дониш» суҳбатҳо меорояд ва барояшон даста-даста китоб ҳадя мекунад. Ӯ орзу дорад, ки рӯзе соҳиби бинои мувофиқе гардад, ки дар он илова ба рафҳои китобу ашёи дигар барои таъсиси толори фароғату китобхонии муштариён ва баргузории суҳбату вохӯриҳо бо адибону олимон, муаллифони китобҳо, муаррифии китобҳо шароити созгор фароҳам бошад.
М.Абдурауф,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр