Нашрияи Омӯзгор

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад...

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

Чанд сухан аз фаъолияти педагогии Намоз Бобоев, директори мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор

Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Намозхон Бобоев собиқаи кории рангин дорад: омӯзгор, директор, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм, сардори раёсати таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, мудири бахши муассисаҳои интернатӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ (барои кӯдакони душвортарбия), директори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор, муаллифи 20 мақолаи методиву таҳлилӣ ва се дастури методӣ («Ба ёрии  директорони  мактабҳои  махсус»; «Таҷрибаи  кори  мактабхои  дорои  кӯдакони  қобилияти  биноияшон  суст»; «Даргоҳи  тарбия»). 

 Навиштаҳояш ҳама бо масъалагузорӣ сурат мегиранд, бубинед: «Бача душвортарбия намешавад», «Кӯдак гуноҳ надорад», «Кӯдакро аз зулмот наҷот диҳем», «Кӯдак ҳам узви ҷомеа аст», «Масъулияти гарони тарбия» ва ғайра

Дастури методияш бо номи «Даргоҳи тарбия», ки соли гузашта ба табъ расид, аз тадбирҳои пешгиркунии душвортарбия гаштани наврасон, мавқеи падару модарон ва муҳит дар тарбияи наврасон, сабабҳои тарки мактаб кардани омӯзгорон ва чандин масъалаи дигар маълумот медиҳад.

Вақте ки Н. Бобоев корро дар мактаб-интернати нобиноён сар кард, ба дунёи бачаҳои дигар ворид шуд. Дар ин даргоҳ падару модарон аслан гунаҳгор нестанд, чунки бетарафӣ не, тақдир фарзандони онҳоро ба ин ҳолат дучор карда буд, онҳо худ аз ин ҳоли фарзандон дилхунанд. Бемуҳобот, дар давоми ду солу шаш моҳ Намоз Бобоев корҳоеро ба анҷом расонид, ки баъзеҳо даҳсолаҳо наметавонанд ба субут расонанд. Чун роҳбар донист, ки дар чунин таълимгоҳ шарти аввал ҷалби мутахассисон аст ва ин омил бояд бештар ба назар гирифта шавад, зеро на ҳар кас аз уҳдаи хондану навиштани хатти брайлӣ мебарояд. Ҳайати нави педагогӣ бо истифода аз таҷрибаи педагогикаи ҷаҳонӣ дар чунин мактабҳо усули таълиму тарбияро аз лиҳози методӣ, педагогӣ ва психологӣ ба замони муосир мутобиқ гардонданд. Барои низоми дурусти кор Низомнома ва Оинномаи муассиса дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб – интернатҳо аз нав таҳия ва тасдиқ карда шуд. Ба масъалаи ободонии мактаб-интернат ва гирду атрофи он аҳамияти хоса дода шуд: кабудизоркунӣ авҷ гирифт, ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва гулбуттаҳо шинонида шуданд, зиёда аз 25 мошин партов ва сангу сафол бароварда, ба ҷои он ҳамин қадар хок рехта шуд, қубурҳои обгузаронӣ таъмиру тармим гардиданд, барои такмили сифати хизматрасонӣ таҷҳизоти зиёди зарурӣ харидорӣ карда шуд. Дар соли хониши 2016 аз 16 нафар хатмкунанда 14 нафар ва соли хониши 2017 аз шаш нафар хатмкунанда панҷ нафар ба муассисаҳои олӣ дохил шуданд. Иштироки хонандагон ва омӯзгорон дар озмунҳо ва мусобиқаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъол гардид.

Айни ҳол дар муассиса 44 нафар омӯзгор ва 15 нафар мураббӣ ба таълиму тарбияи 202 нафар кӯдакону наврасон машғуланд Таълиму тарбия низоми муайян дошта, маҳфилҳои пухтупаз, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ, кулолгарӣ, гулпарварӣ фаъолият мекунанд. Фонди китобхона бо харидорӣ кардани 12 номгӯй китобҳои дарсӣ бо ҳуруфоти кириллӣ ва брайлӣ, зиёда аз 540 дона китоби бадеӣ (кириллӣ), 8 номгӯй китобҳои дарсии кириллӣ ва зиёда аз 6 номгӯй китобҳои дарсии брайлӣ (120 нусха) ғанӣ  гардонда шуд. Аттестатсияи давлатии хатм дар синфҳои 10 – 12 мувофиқи дастуруламал гузаронида шуда, 5 нафар соҳиби аттестати муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 6 нафар таҳсилоти миёна гардиданд. 5 нафар хатмкардагон донишҷӯи муассисаҳои олӣ шуданд.

- Бо дастгирии Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон ба миқдори 1300 кг коғаз барои тайёр кардани дафтар барои хонандагон кумак расонида шуд, - гуфт директор. - Барои зимистони солҳои 2017 – 2018 ба миқдори 89 тонна ангишт ва 39 м3  ҳезум низ захира карда шудааст.

Суҳбат бо бачаҳо ва омӯзгорону мураббиён моро ба риққат овард, зеро меҳрубонии байниҳамдигарӣ, таваҷҷуҳи зиёди омӯзгорону мураббиён бачаҳоро ба зиндагӣ ва ояндаи рӯшан дилгарм кардааст. Таваҷҷуҳовар аст, ки бисёре аз хонандагон аллакай касби ояндаи худро интихоб кардаанд. Бештари онҳо касбҳои омӯзгорӣ, сарояндагӣ, рӯзноманигорӣ, равоншиносӣ, шарқшиносӣ, муҳосибиро интихоб кардаанд, ки дар ин маврид таъсири омӯзгорону мураббиён аён аст.

Як кори хуби дигар, ки аз ҷониби роҳбарият пеш гирифта шудааст, ба ҷарроҳӣ фаро гирифтани қисме аз бачаҳоест, ки имконияти шифо ёфтан дар онҳо ҷой дорад.   Аллакай аз  тарафи  ҷарроҳони  давлати  Туркия чашмони 4 нафар  хонанда  дар  аввали  моҳи  июн  ҷарроҳӣ  карда шуданд.

- Албатта, анҷоми чанд коре, ки зикр шуд, бе дастгирии Вазорати маориф ва илм намешавад, - иброз намуд Намоз Бобоев. - Харидории дастгоҳи  чопии  брайлӣ  ба  маблағи  зиёда  300  ҳазор  сомонӣ  бо дастгирии вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саид аз ҷумлаи ёрдамҳои соли ҷорист. Акнун мо имкон ёфтем мушкилеро, ки то ин вақт монеи пешрафти донишомӯзии бачаҳо мегардид, бартараф намоем. Яъне, дар  оянда  муассиса  метавонад  китобҳои  дарсиро  ба  чоп  расонад. Мушкилоти асосии муассиса нарасидани ҷойи хоб барои тарбиятгирандагон аст, зеро муассиса соли 1961 сохта шуда, барои 120 нафар пешбинӣ шудааст, ки ин аз меъёр 82 нафар зиёд аст.

Дарвоқеъ, агар ҳар даргоҳ роҳбаре ба чунин заковатмандӣ ва муҳаббат ба кору  шогирдон дошта бошад, он, бегумон, миёни ҷомеа муқаддас мегардад.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Саидаи ФАЗЛ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш