Нашрияи Омӯзгор

Истилоҳоти забоншиносӣ дар китобҳои дарсӣ

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

•       Баъзе муаллифон шояд аз рӯйи «худнамоӣ» ё «ихтироъкорӣ» чанд истилоҳотро дар китоби дарсӣ ворид сохтаанд, ки собиқа надоранд ва аз назари илмӣ ҳам саҳеҳ нестанд. Масалан, дар китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 9. Ҷумлаи мураккаби тобеъ ба ду гурӯҳ (дар нақша) ҷудо карда шудааст: ҷумлаи муқаррарӣ; ҷумлаи сертаркиб. Ин гуна истилоҳ (ҷумлаи мураккаби тобеи муқаррарӣ, ба андешаи мо, танҳо дар ин китоб ба назар мерасад. Ҷойи дигар муаллифон ҳангоми шарҳи «Ҷумлаи мураккаб» чунин нигоштаанд: «Ҷумлаи мураккаб воҳиди пурратари нутқ буда, нисбат ба ҷумлаи сода дар сатҳи баландтар меистад» (саҳ. 21).

Ба андешаи мо, яке аз ҷузъҳои наҳвии дараҷаи баланди коммуникативӣ гуфтан беҳтар аст, на воҳиди пурратари нутқ. Нигаред ба асарҳои «Словарь - справочник лингвистических терминов» мураттибон: Д. Э. Розенталь, М. А. Теленкова М. – 1976 – Воҳиди синтаксисӣ (ҷумла ва ибора) – саҳ. 102. Совремённый русский язык словарь – справочник (муаллифон: Л. Л. Касаткин, Е. В. Клобуков, П. А. Лекант) М. 2005. Синтаксические единицы: …

… С функциональной позиции выделяют две единцы - предложение (коммуникативная) и словосочетание (номинативная).

По структурному принсипу выделяють пять единиц - от элементарной до самой сложной, причём имеется в виду, что каждая последущая «строится» на база предыдущей; 1) синтаксическая словоформа; 2) словосочетание; 3) простое предложение; 4) сложное предложение; 5) сложное синтаксическое целое (саҳ. 261). Қариб ҳамин маълумот дар «Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ» - и Бобомуродов Ш., Мухторов З.  (Душанбе, 2016, саҳ. 60) оварда шудааст.

Ва ё ифодаи «ба ҳайати» дар ин ҷумлаҳо бемавқеъ омадааст: «Хусусияти барҷастаи он» (ҷумлаи мураккаб – С.А.) дар ин аст, ки ба ҳайати ҷумлаи мураккаб якчанд ҷумлаи сода дохил мешавад» (саҳ. 21) … онҳо (калимаю таркибҳои ҳамнисбат) ба ҳайати сарҷумла дохил мешаванд. (саҳ 33) пайвандак ба ҳайати ҷумлаи пайрав дохил мешавад (саҳ. 32)»

Аслан ин таркиб (ба ҳайати) бемавқеъ истифода шудааст. Бадеҳист, ки калимаи «таркиб» беҳтару мувофиқтар аст. Худи муаллифон дар як ҷой ин вожаро дар шакли таркиб (ҳайат) (саҳ. 24) овардаанду баъд «ҳайат» - ро беҳтар ҳисобидаанд, ки ғалат аст, зеро «ҳайат» ба гурӯҳи одамон ё кормандон тааллуқ дорад. Нигаред ба «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», Душанбе, 2006, саҳ. 674) ва «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (зери роҳбарии Ю. А. Рубинчик, М. 1985, саҳ. 737).

Ва фарқи ҷумлаи мураккаб аз сода барои хонандагони мактаб  мушаххас шарҳ дода нашудааст.

Баъзан дар саволгузориҳо, ки баъди шарҳи масъалаҳои назариявӣ ва машқҳо ҷиҳати такрору мустаҳкамкунии маводи омӯхташуда пешниҳод шудаанд, норавшаниҳо ба назар мерасанд, ки хонандагонро ба роҳгумӣ мебаранд. Ба намунаҳое, ки асосан аз «Забони тоҷикӣ» барои синфи 11 оварда шуданд, диққат диҳед:

… маънои истилоҳии он (имло) қоидаҳои беғалат навиштани овозҳо ва калимаю таркибҳост. Магар овозро менависанд?

- муродифи  луғавӣ аз вариант (қарина) чӣ фарқ дорад? (синфи11, саҳ. 29);

- чӣ гуна калима ва таркибҳоро муродифи луғавӣ меноманд? (с.11, саҳ. 29);

- калимаю таркибҳо ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои грамматикӣ дошта бошанд, ҳиссаҳои мустақил, фақат маънои грамматикӣ дошта бошанд, ҳиссаҳои номустақил ҳисоб меёбанд (саҳ. 58);

- калимасозӣ (морфемика) чӣ гуна соҳаи илми забон аст (саҳ. 51);

- ҳиссаи маънодори калимаро морфема меноманд (саҳ. 51) Калимаи «ҳалвогар» аз ду морфема «ҳалво решаи калима (номи хӯрок) ва пасванди калимасози – гар» (номи шахс вобаста ба соҳаи машғулият, касб) иборат аст (саҳ. 51);

- морфемаҳо чӣ гуна ҳиссаи калимаанд (саҳ. 51);

- калима мафҳумҳои ҷудогонаро, ибора мафҳумҳои мураккабро ифода мекунад ва воҳиди номбардкунандаи (номинативии) наҳв ба шумор меравад (саҳ. 90);

- дар кадом мавридҳо байни таркиби мубтадою хабар тире гузошта мешавад? (саҳ.85);

- аз ҷиҳати тааллуқи сарфии (морфологии) ҷузъҳои асосӣ ибораҳоро ба исмӣ, сифатӣ, ҷонишинӣ, феълӣ ва зарфӣ ҷудо мекунанд (саҳ. 86);

- алоқаи грамматикии мувофиқати хабар бо мубтадо пурра ва нопурра мешавад (саҳ. 93) ва ғайра. Чунин намунаҳо зиёданд, вале бо овардани намунаҳои боло ихтифо мекунем.

Баъзан бо худсарии муаллифони китобҳои дарсии мактабӣ харҷу марҷи марбути истилоҳот дар маводи таълим роҳ меёбад. Таҷрибаи беш аз 45 – солаи фаъолият дар соҳаи маориф ва машғул шудан ба асноди меъёрии ҳуқуқии соҳа  - стандарти фаннӣ, барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ собит месозад, ки ҳамин ки забоншинос ва ё адабиётшинос мураттиб ва ё муаллифи барномаю китобҳои дарсӣ шуд, ҳатман саъй мекунад, ки мавзӯи таҳқиқотиашро дар онҳо ворид созад. Масалан, барномаҳои забони тоҷикии нашри солҳои 1994, 2001, 2002 ва 2006 мавзӯи «Ҷумлаи мураккаби бепайвандак» - ро пешниҳод кардаасту бас. Муаллифон бо салоҳияти худ онро ба ду мавзӯъ – ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак ва ҷумлаи мураккаби тобеи бепайвандак ҷудо карда,  дар китоби дарсии мактабӣ ҷой додаанд. Ин амали нодуруст, низ боиси афзудани истилоҳот дар китобҳои дарсӣ гаштааст. Ва ё дар барномаҳои пешин фразеологизмҳо буд. Муҳаррирон онро бо ибораи воҳидҳои фразеологӣ иваз карданд, ҳол он ки воҳидҳоро дар макотиби олӣ корбаст бояд кард. Агар ҳар як муаллиф аз рӯйи салоҳият ва ихтисосаш кор кунад, чунин ҳодисаҳои номатлуб дар маводи таълим роҳ намеёбанд. Мутаассифона, дар мо ин тавр нест. Барои ҳамин  маводи таълим ва муҳтавои он ҳаҷман афзудаанд, ки вазъи азхудкунӣ ва  таълимро бадтар гардониданд. Сарбории хонандагон зиёд мегардад.

Дар робита ба ин, баъзе хулосаҳои хешро баён месозем, то истифодаи истилоҳоти илмӣ дар китобҳои дарсии забон ва шояд дар китобҳои фанҳои дигар ба низом дароянд:

- истифодаи  муродифоти гуногуни истилоҳот дар китобҳои дарсӣ хушоянд нест.

Ин ҳодиса қабл аз ҳама аз он сар задааст, ки истилоҳот ва истилоҳотсозии соҳа  ҳанӯз ба низом надаромадаасту соҳибназарон ба як хулосаи умумӣ наомадаанд. Ин аст, ки баъзе муаллифон худсарона истилоҳот интихоб ва дар китобҳо корбаст менамоянд. Чунон ки пештар ишора шуд, дар як саҳифа се шакли (муродифҳои) як истилоҳот истифода гаштаанд. Ин ҳолати бисёр ногувор аст. Аввалан, хотираи хонандаро зимни омӯзиши фан сербор мегардонад ва сониян, зиёд будани истилоҳ аз худ кардани маводи таълимро душвор месозад. Забоншиноси машҳури немис Гуго Шухардт дар ин маврид навиштааст: «Нофаҳмоии истилоҳот барои илм баробари он аст, ки ғубор (туман) барои баҳрнавард: он бисёр хатарнок аст, зеро одатан дар он аслан ба худ ҳисобот намедиҳанд».

Дар ҳар сурат, истилоҳоти дар илм қабулшуда дастрасу фаҳмо ба китоби дарсӣ бояд ворид гарданд. Шарҳи ин масъала мақолаҳои ҷудогонаро талаб мекунад.

Сермаъноии истилоҳот. Дар забони тоҷикӣ калима – мафҳумҳое ҳастанд, ки чанд маъно доранд. Чун истилоҳот муқаррар шудани ин ё он мафҳум, дар соҳаи марбута бояд риоя гардад, яъне хусусияти якмаъноӣ пайдо кунад. Масалан, калимаи «реша» дар забон,  математика ва биология истифода мешавад. Кореро бояд анҷом дод, ки сермаъноии истилоҳот бар зарари фанни таълим  ва ба душворӣ рӯ ба рӯ сохтани хонандагон тамом нашавад. Дар ҳолатҳои ба вуҷуд омадани мушкилот аз шарҳи мувофиқ додан истифода бояд бурд.

Истилоҳот маънои мафҳуми илмиро пурра медиҳад ё не? 

    Муаллифон зимни интихоб ва истифодаи истилоҳ кореро анҷом диҳанд, ки истилоҳи интихобшуда маънои мафҳумро фаро бигирад. Воқеан, масъалаи баъзе истилоҳоти забонии дар китобҳо воридшударо дуруст ва саҳеҳ ҳал кардан лозим меояд. Масалан, фонетика, синтаксис, морфология ва амсоли инҳоро дар шакли тоҷикӣ,  овошиносӣ, наҳв ва сарф пешниҳод кардаем. Магар онҳо чун истилоҳоти байналмилалӣ маъноро фаро мегиранд? Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Вақте ки мафҳум шарҳ дода мешавад, чӣ тавр бояд амал кард? Бояд ба як хулосаи воҳид омад, то ки дар китобҳои дарсӣ ягонагии истилоҳот риоя карда шавад.

Роҳҳои ворид кардани истилоҳот дар китобҳои дарсӣ ҳарчӣ зудтар бояд муайян карда шаванд. Барои ин лозим меояд, ки муаллифони китобҳо бо мутахассисони бахши истилоҳот конфронсу семинарҳо ба роҳ монда, нуктаи зикршударо ҳарчи зудтар баррасӣ намоянду ба хулосаи воҳид оянд.

Бисёр хуб мебуд муҳарриро-ни касбӣ ба таҳрири китобҳои дарсӣ ҷалб карда шаванд, то ки маводро ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз лиҳози дидактикӣ таҳриру баррасӣ намоянд. Ин гуна муҳарриронро интихоб ва тайёр кардан лозим меояд. Вақтҳои охир аз ноилоҷӣ шахсоне ба таҳриру муҳаррирӣ машғул гаштаанд, ки ҳатто қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ба таври зарурӣ намедонанд. 

Саидамир Аминов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш