Нашрияи Омӯзгор

Аз дигарон биёмӯзему пешае интихоб намоем!

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Ҳамеша мегуфтему мегӯем: барои насли наврас ҳанӯз аз давраҳои таҳсилу омӯзиш дар  дабистон омодагӣ ба зиндагии оянда, ки  дар меҳвари он интихоби касбу пешаю ҳунаре қарор дорад, муҳиму асосӣ ва ҳалкунанда мебошад.

Ин раванд ба масобаи тарбияи ҳамаҷиҳатаи шогирдон, ки бо фаро гирифтани илму донишҳои замони муосир тақвияту вусъат меёбад, дар аҳди Шӯравӣ низ побарҷо буду нишонаи ба кадом ҳунар майлу таваҷҷуҳ пайдо кардани хонандаи мактаб маҳсуб меёфт. Масъалаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон дар иртибот бо тағйироту дигаргуниҳои азиму ғайримунтазирае, ки дар рӯйи ҷаҳон зуҳур карданд, бештар оҳангу тобишҳои ҷиддитаре ба худ гирифта, аз тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан, падару модарон ва устодону омӯзгорон таваҷҷуҳи амиқу ҳадафмандонаро тақозо менамояд. Омӯзгорон дар ин бобат имкониятҳои густурдаю фарох доранд. Ба вижа, дар машғулиятҳои тарбиявӣ онҳо метавонанд (ва муваззафанд), ки аз ин имконот ба таври васеъ истифода намоянд. Ба гумони мо, дар ин масир ба якчанд омили таҳрикдиҳанда, ки ба доираи вусъати фаҳмишу ҷаҳонбинии шогирдон таъсири файзбахш мерасонад, диққати заруриро равон бояд кард Нахуст, ба шогирдон шарҳу тавзеҳи он фикр, ки орзую ҳавасу хоста чизи дигар асту касбу ҳунарро ба василаи омӯзишу заҳмат аз худ кардан ва соҳибобрӯю нуфузманд гардидан чизи дигар, аз фоида холӣ нест. Ҳароина, орзую ҳавас кардан ва тухми таманноҳои ширину марғубро дар мазрааи дил киштан ба ҳангоми бачагию ҷавонӣ ҳеҷ айбе надорад. Аммо, билошак, бояд амиқан дарк намуд, ки аз орзую хоста то ба интихоби дақиқу мушаххаси ину он касбу пешаю ҳунар фосилаҳои тӯлониест ва маҳз дар паси мизи мактабӣ ин интихоб бояд аз ҷониби хонанда бо сипарӣ намудани зинаҳои таҳсил муайян, сареҳ ва қоим гардад, вале ҳаргиз на ба таври иҷборӣ ё чунонки зикр кардем, ҳавою ҳаваси хасакӣ. Омӯзгорону устодон дар роҳи ба кадом касбу пешаю ҳунар майлу шавқу рағбат пайдо намудани шогирдон нақши ҳодию раҳнаморо мебозанд ва ин  нақш амали саҳлу одию сабукборонае нест, чунончи дар ағлаби муассисаҳои таълимӣ ингуна мепиндоранду меандешанд. Дувумин омиле, ки дар интихоби касбу пешаи хонандагон умда ҳисоб меёбад, ба онҳо аз ҷониби омӯзгорон – роҳбарони синф дар дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ омӯзондани масъалаи   дар пайравӣ ба зиндагиву фаъолияти меҳнатии шахсони шуҳратёру обрӯманди ҳамон минтақа (ҷамоат ва деҳа) гомҳои ҷиддӣ ниҳодан ба шоҳроҳи омӯзишу илм ва зиндагӣ ба шумор меравад. Табиист, ки ҳангоми гузарондани суҳбати озод шогирдон андешаҳои худро перомуни касби интихобкардаашон бо дарку фаҳмиши хос баён мекунанд. Дар байни хонандагон бахши аъзами онҳоеро, ки  касби омӯзгориро муҳим, афзалиятнок ва дар замони муосир асосӣ меҳисобанд, духтарон ташкил медиҳанд. Албатта, бачаҳо ҳам дар ин радиф қарор доранд, вале чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, кам. Омили сеюм, ин баргузор намудани вохӯрию суҳбатҳо бо одамони соҳибкасби деҳа, ки кайҳо дар байни мардум бо заҳмати ҳалол ва фаъолияти густардаи ибратбахши худ шуҳратёру обрӯманд гардидаанд, бо хонандагони дабистон ба шумор меравад.  Дар ҳар сурат, нақшу ҷойгоҳи омӯзгор дар муайян намудану интихоби пешаю касби ояндаи шогирд афзалтару волотар мебошад. Чаро? Зеро танҳо омӯзгор метавонад аз ҳаёту фаъолияти меҳнатии одамони шинохтаи қаламрави деҳу ҷамоат садҳо мисоли омӯзанда оварда, пешкаши хонандагон гардонад.

Таври мисол, дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, ки  ман зиндагӣ ба сар мебарам, ба хонандагон дар дарсҳои тарбиявӣ аз кору пайкор ва рӯзгори ибратангези садҳо нафар шахсоне метавон нақлҳои ҷолибу шавқовар намуд, ки меҳру муҳаббати шогирдонро ба касбу пешаи онҳо хоҳад фузуд. Аз ҷумла, мардуми деҳаи Моинкаҷ (аслан Моҳикаш!) ва 13 деҳаи дигари минтақа дар бораи омӯзгори шинохтаю маъруф, устоди чанд насли хонандагон, шодравон Башорат Қурбонова бисёр хубу амиқ огаҳӣ доранд. Аммо насли имрӯз чӣ? Маҳз нақл дар хусуси зиндагии мураккабу мушкил ва ноҳамвору пур аз шебу фарози муаллима, бешак, шогирдонро дар рӯҳияи  дӯст доштани меҳнат ва хосатан, касби бошарафи муаллимӣ тарбият хоҳад кард. Муаллимаи азизу дидаи дили мардум тақрибан 50 соли ҳаёти хешро сарфи касби муаллимагӣ намуда, солҳо ба ҳайси сарвари мактабҳои ҷамоат фаъолият намуда, дар рушду пешрафти соҳаи маориф, ободонию сохтмони биноҳои нави таълимӣ ҳиссаи босазо гузоштааст. Тасаввур кунед, ки як духтари аз падару модар ятиммонда, дар сағирахона тарбия гирифта, аз деҳаи дурдасти кӯҳии Негноти Панҷакент бо талошу саъйи бешумор роҳ ба сӯйи Душанбе мегирад. Ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ (он вақт Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т.Шевченко) супурда, донишҷӯ мегардад. Вале донишҷӯ шудан як тарафи кор ҳисоб меёфту пулу сарпаноҳ ёфта, зиндагию таҳсилро идома додан, тарафи дигари кор. Хушбахтона, ба мадади муаллима оянда (хости тақдир, чӣ шукре!) шоири тавоною маъруфи замон, марди дарёдилу ғамхор, Файзулло Ансорӣ мерасад.  Маҳз шодравон Файзулло Ансорӣ дасти шафқату навозиш бар сари духтараки рустоӣ бурда, ӯро ҳамчун фарзанди хеш дар хонааш ҷой медиҳаду ба тарбияи минбаъдааш падарвор мекӯшад. Башорат Қурбонова босавод буду пайваста дар ҷустуҷӯю талаби омӯзиш, аз ин рӯ, ҳамеша баҳои «аъло» мегирифт аз имтиҳонҳо ва ангуштнамои факултаю донишгоҳ гардида буд. Солҳои донишҷӯйӣ гӯйӣ дар чашм задан пушти сар шуданд ва Башорати ҷавонро тибқи роҳхат ба мактаби маъруфу овозадори рақами 88 ба номи Аҳмади Дониши ноҳияи Рӯдакӣ ба кор фиристоданд. Башорат корро аз муаллимаи таърих оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ бо диду фаҳмиш ва ҷаҳонбинии фароху вижаи худ дар пешрафти таълиму тарбия ҳиссагузор гардид. Бо ташаббусу ҳидояти ин бонуи соҳибдилу ғамхор норасоии ҷойи нишастро ба назар гирифта, чаҳор синфхонаи иловагӣ бунёд карданд. Раҳбарию  кордонӣ ва ташкилотчигии Башорат –апаро ба эътибор гирифта, дар охири солҳои 60-ум ӯро  сарвари дабистон таъйин намуданд. Бо дастгирии  муаллима ва талошҳои фаровони ӯ сафи духтарони мактабхон зиёд гардид.

(Бояд гуфт, ки он солҳо хурофоту таассуб дар байни сокинони деҳоти Роҳатӣ сахт реша давонда буд, аз ин рӯ, ба мактаб ҷалб намудани духтарони деҳа амали саҳлу  осоне набуд!) Мардум, хусусан, ҷавонону мардони солманд ва бонувон аз амалҳои дилсӯзонаю масъулиятмандонаи муаллима ба таври неку истиқбол намуда, дар кори пешрафту шукуфоии мактаб ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекарданд. Маҳз бо кӯшишҳои муаллима дар деҳа бори нахуст маркази тиббӣ сохтаву мавриди истифодаи мардум қарор гирифт… Ибтидои солҳои 70-ум Башорат Қурбоноваро ба мактаби  рақами 92, воқеъ дар деҳаи Моинкаҷ ҳамчун директор ба кор фиристоданд. Дар мактаби мазкур вазъият чандон хуб набуд, дар ин даргоҳи маърифат низ ҷойи нишаст намерасид. Муаллима нахуст роҳҳои дарёфти маблағро ҷустуҷӯ карда, дар замини назди дабистон кишти зироатҳои полезиро ба роҳ монд. Афзалияти таълимгоҳ дар он буд, ки он бо мутахассисони соҳибкасбу варзида то ҷое таъмин буд. Боре хабар расонданд, ки баҳри шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва шароити таҳсили хонандагон ба ҷамоати Роҳатӣ вазири маориф Муҳаммад Осимӣ (ҷояш ҷаннат шавад!) ташриф меорад.

Дар мактаби деҳаи Моинкаҷ бо хонан-дагони синфи шаш ба сабаби норасоии ҷойи нишаст дар берун, зери осмон машғулият гузаронида мешуд. Муаллимаро аз ноҳия огоҳ карданд, ки хонандагонро дар ягон кабинет ё ҷойи аз чашм панаҳ ҷойгир кунанд, то бар назарҳо наафтанд. Аммо Башорат-апаи ростқавлу поквиҷдон, чунонки бонуи асилу меҳнатдӯстро мебояд, бе ягон тарсу ҳарос иҷозат дод, ки дарсро чун ҳарвақта дар берун гузаронанд. Меҳмонон ногаҳону  нохоста аввал ба мактаби №92 омаданд. Шодравон Муҳаммад Осимӣ дар як гӯшаи мактаб хонандагонеро дучор омад, ки дарс хонда истодаанд. Вай дар шигифт монда, аз раҳбарони ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф пурсон гардид, ки мӯҷиби ҳол чист? Онҳо худро гум карда, дар посух аз қавле  «ба даҳон об гирифта, ғулингхойӣ мекарданд». Дар ҳамин ҳол Башорат-апаи соҳибиродаю ҷасур пеш баромада, ба Муҳаммад Осимӣ шарҳу тавзеҳ дод, ки дар мактаб барои гузаронидани машғулиятҳо ҷойи нишаст намерасад.

-Ана аз ҳамин сабаб дарсҳоро дар берун ба роҳ мондаем, муҳтарам вазир,-фаҳмонд директор ва оҳ кашид:

-Намедонем, бо омад-омади сардию хунукиҳо чӣ кор мекарда бошем?

-Ҳеҷ гап не, духтарам,-бо меҳр ба сӯйи Башорат-апа нигарист вазир,  - кумакатон мекунем, мушкилатонро осои хоҳем кард, -илова кард вазир ва ба масъулан супоришҳо дода, бо ҳайати устодону омӯзгорон суҳбати гарм анҷом дод дар гирди як пиёла чой.

То моҳи октябр ду синфхонаи иловагӣ ва кабинети таълими меҳнат аз ҷониби ҳукумати ноҳия ва бригадаи сохтмонии колхоз сохта ба истифода дода шуд. Баъдан бо иқдоми худи Башорат –апа чаҳор синфхонаи иловагию ҳуҷраи кории нави директор ба таври ҳашар бунёд гардид, ки ин хидматҳои муаллимаро мардум то имрӯз ба некӣ ба ёд меоранд. Бо вуҷуди саъю талошҳои раҳбарияти ҳукумати ноҳия, шуъбаи маориф, ҷамоат ва колхоз фарогирии духтарон дар деҳаҳои Ҷамоати Роҳатӣ ба таълимгоҳҳо ба кундӣ сурат мегирифт. Ёфт мешуданд волидоне, ки бо ҳар роҳ, зери таъсири ҷаҳлу хурофот намегузоштанд то духтаронашон ба таҳсил ҷалб гарданд. Ҳамин омилро ба назар гирифта,  Башорат Қурбоноваро дар мактаби №45-и деҳаи Теппаи Самарқандӣ директор таъйин карданд ва нахустин коре, ки бонуи соҳибтаҷрибаву кордон ба анҷом мерасонид, баъд аз ба поён расидани дарсҳо ба хонаҳои сокинони деҳаи номбурда рафтану бо волидон хусусан, модарон суҳбат оростану духтарони онҳоро ба таҳсил фаро гирифтан буд. Ва ин ранҷу пофишориҳои муаллима тадриҷан самараи нек ба бор овард. Мардум аз суҳбату вохӯриҳо бо Башорат-апа дарк карданд, ки вай занест некхоҳу дарёдил ва ягона хоҳишу таманнояш ҳамин аст, ки духтарони онҳо таҳсил кунанду таълим гиранд, саводноку донишманд гардида, дар банди нодонию ҷаҳолат намонанд. Дар ҳамин солҳо воқеаи хурсандибахши дигаре рӯй дод. Як рӯзи баҳорон, баъд аз селбороне, ки тамоми қитъаҳои замини кишти пахтаро шуста бурда буд, ба колхоз раҳбарони аввали Ҳукумати ҷумҳурӣ омада, сари роҳ бинои фарсудаи гилини куҳнаи мактабро дида, ба саҳни он ворид гардиданд. Вазъи ногувору асафбори мактаб воқеан бинандаро ба риққат меовард. Боз ҳамон мушкили дерина: ҷойи нишаст намерасид. Башорат-апа назди роҳбари аввали Ҳукумати вақт сухан карда, хоҳиш намуд, ки ба доди онҳо бирасанду мактаби наве бунёд карда, мушкилашонро осон намоянд. Дар байни 2 сол (с.1986-1988) бинои нави дуқабатаи иборат аз се корпус бо толори ҷаласаҳо ва варзиш дар маркази деҳа қомат афрохт. Муаллима барои сари вақт ба дарсҳо дер намонда ҳозир шудани  фарзандони сокинони деҳаи Моинкаҷ, ки 5 км роҳро тай карда, ба мактаб меомаданд, болою поён давида, бо дастгирии раҳбарияти колхоз автобусе киро карда, хонандагонро ба мактаб мерасонд… Имрӯз муаллима дар байни мо нест, вале кору фаъолияти ӯ номашро ҳамеша зинда нигоҳ медорад. Ба шогирдон дар радифи корномаю фаъолияти муаллима Башорат Қурбонова, ҳамчунин дар хусуси дигар шахсони барӯманди ҷамоат, аз ҷумла, адибон Кароматуллоҳи Мирзо, Иззатулло Ҳусайнӣ (ҷояш ҷаннат бод!), Нарзулло Тиллозода, рӯзноманигор Солеҳ Юсуф, аввалин раисони Ҷамоати деҳоти  «Роҳатӣ» Ҳанифа Ғойибоваю Назокат Зоирова, чорводорони касбӣ Обид Олимов, Раҷаб Малахов, Асмоҳ Саъдиева, деҳқонони номдор Раҷабалӣ Давлатов, Ятим Сиддиқов, омӯзгорони соҳибмактаб Ҳасан Убайдов, Саттор Нуриллоев, Эшонқул Қиёмов, Вера Моисеевна Синитсина, Бобобек Раҷабов, Маҳмудхон Убайдов, Нарзулло Ёров, Азимхон Малахов, Насим Наҷмиддинов, Аъзам Раҷабов, барқчӣ Муродалӣ Пиров, табибони шифокор Бурҳон Кенҷаев, Ш.Саъдуллоев ва бисёр дигарон метавон маълумот дод ва хонандагонро баҳри омӯхтани касбу пешаҳои гуногун таҳрику талқин намуд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш