Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи пурсамари замин

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода мебаранд. Ба гуфти мудири кӯдакистони №1-и ноҳияи Панҷ В. Назарова, ҳамаи заминҳои корамро об дода, аз алафҳои бегона тоза карданд ва пас аз ғундоштани ҳосили хуби картошка такроран лӯбиё, карам, сабзӣ ва турб коштанд. Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Зуҳро Салоҳиддинова иброз дошт, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ парваришу нигоҳубини зироатҳои помидору бодиринг, караму сабзӣ ва кабудиҳо дар ҳолати хуб қарор доранд.

Дар 8 кӯдакистони ноҳияи Вахш низ заминҳои наздиҳавлигӣ пурсамар истифода мешаванд. Аз суҳбат бо мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №8-и ноҳия Таманно Шоева маълум гардид, ки 17 корманди муассиса дар замини наздиҳавлигӣ зироатҳои картошка, ҷуворимакка, помидору бодиринг, каду ва лӯбиё корида, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.

Мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №2 «Офтобак» Саъбагул Сафарова низ иброз дошт, ки бо заҳмату меҳнати кормандони муассиса аз парваришу нигоҳубини зироатҳои полезӣ ва лубиёӣ ҳосили фаровон ҷамъ овардем. Дар заминҳои наздиҳавлигии кӯдакистони №4 низ (мудираш Ҳусиламоҳ Талбекова) парваришу нигоҳубини зироатҳои лубиёӣ, ҷуворимакка, қаланфури булғорӣ, помидору бодиринг хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аз 100 бех дарахтони себу нок, зардолую шафтолу ва олуча ҳосили баланд ба даст оварда шуд.

Аъзам Бобоев,

рӯзноманигор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш