Сабаби бо номҳои гуногун ёдовар шудани кӯл таърихи куҳан доштани вай мебошад. Маълум аст, ки сарзамине, ки дар он Искандаркӯл ҷойгир аст, маскани аҷдоди номовари мо, суғдиён, аст, ки забонашон суғдӣ буд. Забоне, ки онҳо доро буданд, “... аз садаҳои IX ё X cap карда, дар зери таъсири забони форсӣ ё тоҷикии нав монд ва оҳиста-оҳиста дар асрҳои ХШ ё XIV аз истеъмол баромада, ба қатори забонҳои матрук дохил гардид” (Народов Средней Азии и Казахстана. – Том 1, с. 137). Хушбахтона, то имрӯз як шеваи он – забони яғнобӣ боқӣ мондааст, ки дар кушоиши бисёр масъалаҳои душвори марбут ба забони суғдӣ пажӯҳишгарон ба ин забон такя месозанд.
Ана, ҳамин табдили забони аҳолии маҳал ва душворфаҳм гардидани ном сабаб гардид, ки халқ оид ба шарҳи Искандаркӯл афсонаҳо офарад ва бо ин роҳ бузургӣ, ҳашамат, машҳур будан ва таърихи куҳан доштани кӯлро маънидод ва таъкид намудан хоҳад.
Чӣ тавре ки мушоҳида мешавад, номҳои қаҳрамонони афсонавӣ, чун Золи Зар, Суҳроб ва Рустам худ шоҳиди онанд, ки ин ривоятҳо афсонае беш нест.
Ҳамзамон, бояд таъкид намоем, ки Искандари Македонӣ барои ҷазо додани суғдиёни итоатнопазир пеши дарёи Искандарро баста, оби ҷамъшударо cap дода, деҳаҳои поёнобро ғарқ ва сокинонашро барои қатъ кардани муқобилият маҷбур намуда наметавонист, зеро мавқеи кӯл дар баландӣ ва дорои як роҳ мебошад, ки то аз деҳаҳои поён гузар насозӣ, ба кӯл расида наметавонӣ. Ин ривоят бофтаи бемантиқ аст.
Таҳқиқи илмии пайдоиши Искандаркӯл аз соли 1841 оғоз ёфта, то ҳол давом дорад.
Татқиқоти геологӣ ва зилзилашионосӣ нишон медиҳанд, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим дар натиҷаи афтидани кӯҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст. Кӯҳи афтида 1.5 км дарозӣ ва 600 м баландӣ дорад.
Гоҳо мешавад, ки бавосита ё бевосита аз сабаби номафҳум будан ё гардидани исмҳои хоси маҳалҳо аз ҷониби шахсони бесалоҳият ва ноогоҳ таҳриф мегардад.
Агар мо ба топонимҳо (номҳои ҷуғрофӣ, вожаномҳо)-и мавҷудаи маъмули таърихӣ назар андозем, чунин таҳрифҳо, барғалат шарҳ доданҳоро хеле зиёд мушоҳида менамоем.
Бояд фаромӯш насозем, ки тамоми номҳои ҷуғрофӣ ду вазифаи муҳимро ба дӯш доранд: аввал ва вазифаи асосиашон ишора ба ҷой, ё ба истилоҳи номшиносӣ, вазифаи номинативӣ (номбар намудан), дувум, вазифаи шарҳдиҳӣ (дескриптивӣ) мебошад. Яъне, дар чӣ гуна ҷой мавҷуд будан, аз ҷониби кӣ бино шудан, дар кадом самт будан ва монанди инҳоро ишора месозад.
Бисёриҳо ҳангоми шарҳи гид-роними “Искандаркӯл” ба таърихи пайдоиши вожа ва маънии асосии он аҳамият намедиҳанд ва роҳи осони шарҳро пеш гирифтаанд: исми хоси кӯл иборат аз: “Искандар” – исми шахс ва калимаи “кӯл” – манбаи об.
Чунин тарзи ташреҳ ғайриилмӣ буда, онро маводи хаттии аз кӯҳи Муғ ёфтшуда ва дигар номвожаҳое, ки бо ин калима сохта шудаанд, ба куллӣ рад менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки ин исми хос аслан аз ду не, балки аз се ҷузъ иборат буда, аз рӯйи қолаби маъмули калимасозии суғдӣ (аввал муайянкунандаву пас муайяншаванда, чун: Камарсанг – кӯҳи байнаш сангин, Кимерсанг – санги сурх, Хоҷасангхок – чашмаи аз санг бароянда) сохта шуда, иборат аз: иск – боло, баландӣ; андар – шакли классикии пешоянди дар ва кӯл– манбаи об мебошад.
Вожаи “иск“ дар забони суғдӣ серистеъмол будааст ва то имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо ин асос (калима) исмҳои хос вомехӯрад: деҳаҳои Искодар, Искондарак, Искурӯд, Исковат (ноҳияи Айнӣ), Искич (ноҳияи Ҳисор), Вискроғ, Виҷиск, Искад (ноҳияи Ванҷ), Искадар (шаҳри Кӯлоб); Искурӯд (гузар, маҳалла (деҳаи Рарз), Искобод (гузар, деҳаи Сангистон), Исковат (гузар, деҳаи Урметан), Искидарғ (мавзеъ, деҳаи Дарғ), Искулӣ (ағба), Искиш (мавзеъ, ноҳияи Масчоҳ).
Аз номвожаҳои номбурда ойконим (исми хоси деҳаҳо)-и Искодар, ки дар сарчашмаҳои хаттии аз қалъаи Муғ пайдогардида зикр шудааст, аз ҷониби забоншиносони варзида борҳо шарҳ ёфтааст. Аз ҷумла, О. И. Смирнова, ки бевосита ҳамаи номвожаҳо (топонимҳо)-и дар ҳуҷҷатҳои номбурда зикршударо омӯхта, харитаи болооби Зарафшонро маҳсуб ба қарнҳои VII ё VIII мураттаб сохтааст, чунин шарҳ медиҳад: ’sk’trh (əskātar), дар Рӯзнома اسکادر (л. 32а), дар харитаҳо Искодар, дар забони тоҷикӣ Искодар (ба маънои ’sk’trh z’y – «замини воқеъ дар баландӣ. «Карта верховьев Зеравшана», с.8)
Мушоҳидаи номвожаҳои дар боло зикргардида ин фикрро пурра ва амалан исбот менамояд, ки калимаи суғдӣ – ягнобии иск – боло, баландӣ ё баландро ифода менамояд, яъне, хусусияти дескриптивӣ дорад.
Масалан, ҳам деҳаи Искурӯд ва ҳам гузари Искурӯд нисбат ба дигар деҳаҳо ва гузарҳои ҳамсоя дар баландӣ ҷой гирифтаанд.
Ҳамин тавр, маънои азалӣ ва дурусти Искандаркӯл – “кӯл дар баландӣ” мебошад, ки мавқеи ҷугрофии ҷойгиршавии кӯл (дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр, “ЭСТ», Ҷ. З.с. 19) инро собит менамояд.
Бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топоним шакли содатари ба талаффуз мувофиқи Искандаркӯлро гирифтааст, вале қолаби калимасозии суғдӣ боқӣ мондааст.
Омили дигаре низ вуҷуд дорад, ки ин номвожа – Искандаркӯл ба шахс – Искандар иртиботе надорад ва дошта ҳам наметавонист. Пӯшида нест, ки суғдиён пайрави дини Зартушти Спитамон буданду китоби муқаддаси диниашон “Авесто” барояшон азизу гиромӣ буд. Онро ҳам медонистанд, ки нусхаи аслии ин китоб бо амри Искандар сӯзонда шуда буд. Аз ин рӯ, онҳо ҳеҷ гоҳ номи кӯли диёрашонро ба номи он касе, ки баъди сӯзонидани “Авесто” ӯро “Гуҷастак” (малъун) меномиданд (ниг. Ҷалили Дӯстхоҳ, ’’Авесто”, саҳ. 18), номгузорӣ наменамуданд.
Сониян, ба номи одамон номгузорӣ шудани макон пас аз истилои арабҳо ба ҳукми анъана даромада, дар замони Шӯравӣ ба авҷи камолоти худ расид, вале Искандаркӯл хеле пеш аз истилои юнониҳо ва арабҳо мавҷуд будааст.
Ин ҷо, месазад, ки гуфтаи А. Л. Хромовро ба ёд орем, ки номшиносонро ҳушдор медод: “Доир ба пайдоиш ва этимологияи номҳои ҷуғрофӣ афкори аҳолии таҳҷоӣ баъзан тадқиқотчиёнро ба роҳи хато мебарад”. (“Топонимика Востока”, с. 91).
Табдили вожаномҳо ба номҳои дигар ба бошандагон, иваз шудани забони аҳолӣ, ақидаҳои сиёсии давр, кӯчиш (мигратсия)-и аҳолӣ ва монанди инҳо вобаста аст.
Пӯшида нест, ки аҷдоди мо ҳанӯз 2500-3000 сол пеш дорои хат, забон ва сарзамини худ буданд, ки, албатта, бе исми хос буда наметавонистанд. Бо мурури замон, дар натиҷаи ҳуҷум ва ғасби аҷнабиён ин сарзаминро ва сарфаҳм нарафтан ба маънои луғавии вожаҳо, ё дар талаффуз душворӣ кашиданашон, онҳо номҳои ҷуғрофиро низ мувофиқи дарки хеш талаффуз мекарданд ва ба савтиёти забони хеш мувофиқ менамуданд, ки дар натиҷа, номҳо гоҳо шаклан ва гоҳо шаклану мазмунан тағйир меёфтанд.
Номҳои ҷуғрофӣ барои илму пажӯҳиш, ҳамчунин, дар худшиносии миллӣ, эҳтироми таърих ва поси хотири ниёгон арзиши беҳамто доранд.
Инак, вазифаи мо, пажӯҳишгарон, забоншиносон ва омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, аз он иборат аст, ки ба ҳамагон маънии дурусту амиқи вожаномҳои хурду бузург (макро ва микротопонимҳо)‑ро фаҳмонем ва ҳисси соҳибзавқӣ, соҳибзабону соҳибватани азалӣ буданашонро бедор созем, то ки ҳар як фарди тоҷик нисбат ба мероси ниёгони хеш эҳтиёткорона муносибат намояд ва баҳри бегазанд нигоҳдошти ин ганҷинаҳо камари ҳиммат бандад ва ба сайёҳону фарзандони хеш номвожаҳоро дуруст маънидод карда тавонад.
Вожаномҳо ҳамчун ганҷина аз ниёгон ба мо мерос мондаанд ва пеш аз ҳама, моли забонанду забон як рукн, як пояи миллат аст ва ин поя бояд ҷовидона газанде мабинад.
Мирзошариф Шодиев,
сардори шуъбаи кор бо
МТТМОК-и ММТНПҶТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр