Нашрияи Омӯзгор

Нури истиқлол

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

 

Ахтаристон аст гардуни Ватан,

Ҷӯш дорад дар бадан хуни Ватан.

Хуни шарёни Ватан мову туем,

Ахтарони шуълазан мову туем.

Анҷуман дорем то бар даври хеш,

Пеш метозем аз айём, пеш.

Пеш будан пешаи оқил бувад,

Пешрафти халқи соҳибдил бувад.

Шамъи ақли мост то партавфикан,

Нур борад аз саропои Ватан.

Ҷашни Истиқлол ҷашни миллат аст,

Миллати тоҷик соҳибдавлат аст.

Нури Истиқлол бо ваҳдатшиор

Равшанӣ бахшид бар чашмони чор.

Пиру барно дар миёни корзор

Дасти ҳам бигрифта бо номусу ор.

Ҳамсафар бо Пешво бар сӯи нур,

Меравем бар қуллаҳои дури дур.

Нурборон шуд сарои зиндагӣ,

Тоза меояд садои зиндагӣ.

Халқи ман аз нури Истиқлоли худ,

Фахр дорад чун уқоб аз боли худ...

Ҳифз бояд кард Истиқлолро,

Обу хоки мулки беамсолро.

Ҳифз бояд кард баҳри ворисон,

То ки монад давлати мо ҷовидон.

 

Низомиддин

ДАВЛАТЗОДА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш