Калимаи “Ватан” бо “Модар” ҳаммаъно ва ҳамрадиф аст. Чӣ тавре ки ҳар яки мо як модар дорем, ҳамин гуна як Ватан дорем ва Ватани мо Тоҷикистон ном дорад. Ҳар шахсе, ки худро мешиносад, яқин хоҳад гуфт, ки ман Ватанамро дӯст медорам. Дар як навиштаи чинӣ оид ба эҳсоси гарми ватандӯстӣ чунин омадааст: “Аз ҳавои софу беғубори Ватан нафас мекашем, аз табиати дилошӯбаш ҳаловат мебарем, дар рӯи заминаш шодона болу пар мезанем. Ба ҳар як тору пудаш пайванди ҳамешагӣ дорем. Мо аз ин хушбахтем, зеро бе номи Ватан мо ному нишон надорем”.
Рисолати мо, омӯзгорон, дар он аст, ки шогирдони худро тавре тарбия намоем, ки эҳсоси баланди ватандӯстию ватандорӣ дошта бошанд. Ҳама вазифадорем, ки бо шукрона аз соҳибватанию соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар бо хотири фардои неку ободии Ватанамон – Тоҷикистон, ҳамчун фарзандони як модар хизмат карда, Тоҷикистони азизамонро ба кишвари шуҳратёру пешрафта табдил диҳем.
Аз қадим барои аҷдодони поктинату сарбаланди мо калимаи “Ватан” хеле муқаддас буд. Гузаштагони мо ватандӯст буданду барои Ватан омода буданд, ки ҷонашонро нисор намоянд. Ман ба шогирдони худ аз қаҳрамониҳои аҷдодони некноми худ Спитамену Деваштич, Исмоили Сомонию Яъқуб ибни Лайс, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ бо ифтихор маълумот дода, мекӯшам, то дар қалби кӯчаки ҳар яки онҳо меҳри Ватан ва эҳсоси баланди ватандориро ҷой намоям.
Ватан бақои мост. Беҳтарин ҳарфи муҳаббат Ватан аст. Шукри он дорам, ки Ватани мо орому рӯ ба рушд аст. Дар осмони мусаффояш кабӯтарон озодона болу пар мезананд. Кишварҳои ҷангзадаро аз наворҳои интернетию телевизионӣ дида, ба ҳоли мардумонаш, ки дар ҳолати гуруснагию беморӣ, сарсонию саргардонӣ гоҳҳо ба Аврупову гоҳҳо ба Амрико кӯч мебанданд, дили одам хун мегиряд. Аз ҳамаи ин мо бояд сабақ омӯзем.
Таибахон Ғаниева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №2-и шаҳри Исфара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр