Нашрияи Омӯзгор

Ифтихори ватандорӣ

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди мамлакат баробари Ваҳдати миллӣ арзиши бузург дорад. Зеро Истиқлолият тавонист чун омили неруманди ҷомеа дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ барои мардуми мо хизмати бузургро анҷом бидиҳад.

Агар бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта бошад, пас, бо падидаи ба истиқлолият соҳиб гаштани давлати тоҷикон ҷиҳати таъмини Ваҳдати милливу ба эътидол овардани фаъолияти сохторҳои қудратӣ, барқарор гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт. Ин боиси он гардид, ки мо имрӯз дар як кишвари ободу озод, соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ умр ба сар бурда, ба дастовардҳои беназир шарафёб гардидем.

Истиқлолият муҳимтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ дар кишварамон заминаи воқеӣ барои обод гаштани ватанамон гузоштааст. Ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро хароб намуда, иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамонро ба таназзул рӯ ба рӯ карда буд, ҳазорон нафар гурезаву оилаҳо бесаробон монданд. Оқибати ин ҷангу бесарусомониҳо ба ҷуз фасоду ғоратгарӣ дигар ҳосиле ба бор наовард, ки ин мақсади душманони миллати мо буд. Ҳатто меъёрҳои конститутсионӣ поймол гардида,  ҷинояткорӣ ба рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар ҷанги бародаркуш мардум гумроҳ гардида, марзу бум хароб мегардад, сипас, солҳои тулонӣ лозим аст, ки ин кишвар ба худ ояд.

Чун мо як маротиба дар чоҳи бесарусомонӣ афтода будем, минбаъд набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва нагузорем, ки садои гиряе дар хонадони тоҷик ба гӯш расад.  Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи Истиқлолияти давлатиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро тасаввур намудан номумкин аст. Ва ҷавононро зарур аст, ки дар ин самт зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ рафтор намоянд. Ба ин, албатта, доштани иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва меҳру муҳаббати зиёд нисбат ба Ватан мусоидат мекунад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту вохӯриҳо ва суханрониҳои хеш таъкид месозанд, ки имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезананд. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву шуури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун таҳти сарварии дурбинонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи сиёсии хешро мустаҳкам намуда, бо давлатҳои хориҷи кишвар муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодиро ба роҳ мондааст.

Маратҷон ҶАББОРОВ,

корманди кумитаи кор бо ҷавонон ва

варзиши ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш