Мувофиқи тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шахсони 10-19-сола «наврасон» ва шахсони 15-24-сола «ҷавонон» номида мешаванд. Мафҳуми «насли наврас» ҳам наврасон ва ҳам ҷавонон (шахсони аз 10 то 24-сола)-ро фаро мегирад.
Раванди инкишофи наврасонро метавон ба се марҳалаи асосӣ – синни барвақти наврасӣ (11-15-солагӣ), марҳалаи мобайнӣ (14-17-солагӣ) ва марҳалаи дер (16-19 - солагӣ) ҷудо намуд. Тағйирот дар ин синну сол натанҳо бо сабзиши ҷисмонии бадан ва мағзи сар, балки бо инкишофи маърифатӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва дар аксар ҳолатҳо маънавии наврасон тавсиф дода мешавад. Инкишофи ҷисмонӣ бо тағйироти биологии давраи балоғати ҷинсӣ мансуб аст. Хусусиятҳои асосии инкишофи маърифатӣ бо гузариши тадриҷӣ аз тафаккури намуди мушаххаси давраи барвақти наврасӣ ба намуди нисбатан мураккаб ва абстрактии тафаккур, ки ба марҳалаи мобайнӣ хос аст, алоқаманд мебошад.
Дар марҳалаҳои нисбатан дери синни наврасӣ тафаккури наврасон абстрактӣ мешавад ва онҳо метавонанд барои оянда нақшаҳо кашанд ва дарк намоянд, ки амали онҳо чӣ гуна ба вазъият таъсир расонда метавонад. Бо сабаби норасоии таҷрибаи ҳаётӣ наврасон дар ин марҳала низ малакаҳои маърифатии азбаркардаашонро мақсаднок татбиқ карда наметавонанд ва ғайриоқилона рафтор менамоянд.
Аломатҳои инкишофи психологию иҷтимоии наврасон, пеш аз ҳама, андешаҳо доир ба сабзиши босуръати ҷисмонӣ ва тағйироти намуди зоҳирии бадани худ, ҳамчунин, ноустувории эмотсионалиро дар бар мегирад. Дар марҳалаи мобайнии инкишоф наврасон метавонанд дар дил орзуҳои комилан амалинашаванда парваранд, онҳо метавонанд худбовар шаванд, худро ниҳоят пурқувват ҳис кунанд. Наврасон дар ин давра худнамоишдиҳиро дӯст медоранд, бинобар ин, аксар вақт ба муносибатҳои ҷинсӣ ворид шуда, машрубот ва моддаҳои нашъадор истифода мекунанд ва ё шаклҳои дигари рафтори хатарзоро намоиш медиҳанд ва бартарии худро нишон доданӣ мешаванд. Дар марҳалаи нисбатан дер онҳо одатан барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат кӯшиш менамоянд ва принсипҳои маънавию ахлоқиро азбар мекунанд. Унсури зарурии инкишофи психологию иҷтимоӣ ҳосил намудани малакаҳои муҳимми ҳаётӣ, ба монанди малакаҳои муошират, ҳамкориҳои байнишахсӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳо, бартарафсозии низоъҳо ва коркардаи стратегияҳои бартарафсозии мушкилот ба шумор мераванд.
Дар муносибатҳои хонаводагӣ наврасон кӯшиш мекунанд, ки мустақилият нишон диҳанд. Онҳо аз волидон ва наздикони худ фосила мегиранд. Наврасон дар нишон додани дилбастагиҳои эмотсионалияшон худдорӣ карда, бештари вақти худро бо дӯстонашон мегузаронанд, бо одамони калонсол баҳс ороста, қоидаву суннатҳои дар оила муқарраршударо риоя намекунанд. Дар умум, кӯдак-наврас худро ҳамчун одами мустақилу болиғ нишон дода, бо одамони калонсол худро баробарҳуқуқ медонад. Донистан муҳим аст, ки кӯшишҳои нишон додани мустақилияти шахсии наврасон дар оила бисёр вақт бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ мешавад. Волидон вақте таъсир надоштани ҳарфи худро бар фарзандашон мушоҳида мекунанд, худро таҳқиршудаву ҳақир меҳисобанд. Чунки дар маданияти шарқиёнаи мо ҳамеша ин гуфтаҳо талқин мешавад, ки сухани калонсолонро бояд эҳтиром гузошт ва гӯш кард.
Марҳалаҳои инкишофи ҷисмонию равонӣ дар наврасон гуногун аст. Тафовут метавонад зери таъсири ҷанбаҳои маданӣ (анъанаҳо, сатҳи маълумотнокӣ), синнусолӣ, гендерӣ (нақшҳои мухталифи чашмдошт барои духтарон ва писарон), ҳамчунин, омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ (вазъи оилавӣ, сатҳи даромад), марҳалаи ҷории инкишоф ва вазъиятҳои ҳаётӣ ба вуҷуд ояд. Илова бар ин, наврасон дар давраҳои ишорашудаи инкишоф баробар рушд намеёбанд. Масалан, одам метавонад аз нигоҳи ҷисмонӣ ва маърифатӣ хуб инкишоф ёбад, вале дар инкишофи эмотсионалӣ ва иҷтимоӣ аз ҳамсолони худ қафо монад ва рафтори хусусиятҳои кӯдаконадошта зоҳир намояд. Ин метавонад ҳам худи наврас ва ҳам волидони ӯро нороҳат намояд.
Ба андешаи Д.Б.Элконин ва В.В.Давидов, таълими мутараққӣ бояд ба ташаккул додани тафаккури назариявӣ дар хонандагон мусоидат намояд. Он бояд натанҳо ба бахотиргирии далелҳо, балки ба дарки пайванди сабабу натиҷа равона гардад. Мактаббачагон натанҳо дониш меандӯзанд, балки инкишоф додани тафаккури назариявӣ, қобилиятҳои таҳлилӣ ва мантиқи маърифати илмиро аз рӯйи принсипи «аз абстрактӣ ба мушаххас» ёд мегиранд.
Назарияҳое, ки аз ҷониби З.Фрейд, Э.Эриксон, Л.С.Виготский, Д.Б.Элконин, В.В.Давидов пешниҳод шудаанд, ҷанбаҳои мухталифи марҳалаҳои инкишофи фардии маърифатиро фаро мегиранд, ки ҳангоми кӯшиши ҳалли мушкилоти психологию иҷтимоии наврасон ва масъалаҳои соҳаи солимии психикӣ онҳоро мавриди таваҷҷуҳ қарор додан мумкин аст.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр