Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси маркази матбуот дар КМИР

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси маҳорат дар мавзӯи «Инъикоси раванди интихоботи Президентӣ дар ВАО» баргузор гардид, ки дар он директори академия Зинатулло Исмоилзода, намояндагони КМИР Носирҷон Салимӣ, Аваз Назаров, Наврӯз Самадзода ва рӯзноманигорону кормандон аз воситаҳои ахбори оммаи кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамоишро Зинатулло Исмоилзода ифтитоҳ бахшида, оид ба ҳадафҳои чорабинӣ маълумот дод. Сипас, Наврӯз Самадзода гуфт, ки фаъолияти намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ пас аз гирифтани шаҳодатномаи муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, баъд аз эълони натиҷаи пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад. Намояндагони ВАО ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои КМИР ва комиссияҳои интихоботӣ иштирок карда, инъикоси фаъолияти онҳоро таъмин намоянд. Ҳамчунин, рӯзноманигорон метавонанд, ки дар маъракаҳои оммавии таблиғотӣ иштирок карда, ҷараёни гузаронидани онҳоро дар воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд ва дар ҳавзаҳои интихоботӣ, бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла, ҳангоми овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳои интихобкунандагон, муқаррар намудани натиҷаи овоздиҳӣ ва интихобот ҳузур дошта бошанд. Илова бар ин, намояндагони ВАО ҳақ доранд, бо натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шуда, ба намояндагони комиссияҳои интихобот, бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худ иттилоъ диҳанд ва пас аз анҷоми овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва баргузории интихобот ошкоро изҳор намоянд.

Ба таъкиди Н. Самадзода, кормандони ВАО ҳуқуқ надоранд, ҳангоме ки интихобкунандагон дар бюллетенҳои интихоботӣ қайдҳои худро мегузоранд, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир буда, дар рӯзи интихобот ба интихобкунандагон таъсир расонанд ва нисбат ба номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятеро баён кунанд. Инчунин, аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз доданашонро пурсида, амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад.

Номбурда афзуд, ки бо мақсади пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва ошкорбаёнӣ дар раванди баргузории интихобот дар назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази матбуоти муваққатӣ таъсис ёфта, роҳбарии он бар дӯши узви КМИР Носирҷон Салимӣ  вогузор шудааст.

Зинатулло Исмоилзода иброз дошт, ки дар раванди интихобот қонунҳо ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ бояд риоя шаванд.

Коршиноси масоили бехатарии иттилоотӣ Муҳаммадӣ Ибодуллоев қайд кард, ки имрӯз шабакаҳои интернетии Instagram, Teiegram-каналҳо, Fasebook, Odnoklassniki ва гурӯҳҳо дар Вайберу Watsapp аз сербинандатарин шабакаҳо ба ҳисоб меравад ва албатта, номзадҳо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он фаровон истифода мебаранд. Дар ин шабакаҳо хабар хеле зиёд аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи он хабарҳо саҳеҳ буда наметавонанд. Бисёре аз онҳо хабарҳои дурӯғ ё ба истилоҳ «фейк-хабар» ҳастанд. Бинобар ин, корбарони шабакаҳои интернетиро мебояд дар ин замина ҳушёр бошанд, то дар доми фиребгарону қаллобон наафтанд. Дар рӯзҳои таблиғи номзадон, ҳамчунин, эҳтимол дорад саҳифаҳои сербинандаи шахсиятҳои шинохта, чеҳраҳои маъруф «шикаста» шавад ва аз он саҳифаҳо дигарон ба мақсадҳои нопоки худ истифода кунанд. Аз ин рӯ, соҳибони саҳифаҳои интернетӣ бояд бехатарии иттилоотиро риоя намуда, рамзҳои «мушкилшикан» барои худашон интихоб кунанд, то саҳифаҳояшон дар ихтиёри дигарон қарор нагирад.

Носирҷон Салимӣ иброз дошт, ки фаъолияти намояндагони ВАО дар раванди инъикоси интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки соли равон баргузор шуд, назаррас буд. Ҳамаи мо як ҳадафи умумӣ дорем, ки он ободию шукуфоии кишвар азизамон Тоҷикистон аст. Умедворам, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳама якдилона амал карда, интихоби шаҳрвандони кишварро эҳтиром мекунем ва қадами наве ба сӯйи ободкорию созандагии Ватанамон мегузорем. 

Бояд гуфт, ки қабули ҳуҷҷатҳои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ва маҳаллӣ барои бақайдгирӣ 15 рӯз қабл аз интихобот анҷом мепазирад, аз ин рӯ, зудтар пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мувофиқи мақсад аст.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш