Маҷмӯаи асарҳои доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори барҷастаи даврони нав” зери назари ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз тариқи нашриёти “Ношир” чоп гардид.
Китоби мазкур афкору андешаҳои муҳаққиқи дақиқназар ва таҳлилгарро дар мавриди таҳлилу баррасӣ ва тараннуми корномаи Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори даврони нав дар бар мегирад ва фарогири навиштаҳое мебошад, ки таи солҳои гуногун эҷод гардидаанд. Очерку мақолаҳои китоб ба се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ таълиф шудаанд. Таъкид мешавад, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори барҷастаи даврон буда, соҳиби донишу истеъдоди нодири фитрию модарзодист. Сарвари давлатамон дорои азму ғайрат, кӯшишу талошҳои пайгирона, собитқадамона, ҳадафрас дар роҳи пиёдасозии мақсаду мароми неки худ буда, дар роҳи иҷрои вазифа аз худ ҷасорат, далерӣ, матонат, фидокорӣ, устуворӣ нишон додаанд.
Дар пешгуфтори маҷмӯа - “Рисола дар ситоиши Пешвои адолатпеша ва шаҳриёри хирадандеша” нигошта шудааст, ки профессор Ваҳҳоб Набиев корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллатро аз назари таҳқиқ чунин ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кардааст:
- хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз, бунёди мактаби сулҳофарин чун падидаи нодир дар байни сиёсатшиносон, таҳлилгарон, ҷомеашиносон, низоъшиносон;
- тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар;
- ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нав ва миллӣ;
- иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон;
- таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ;
- таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ;
- аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;
- таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;
- таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;
- поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки рисолаи нави муаррихи номвар, профессор Ваҳҳоб Набиев дар амри шинохт ва муаррифии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори барҷаста ва муваффақи даврони нав сухани тоза мебошад.
Алишер РАҲМОНӢ,
журналист
Иловакунӣ
Иловакунии фикр