Нашрияи Омӯзгор

Нигоҳи тоза ба масоили давлатдорӣ

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш боз як китоби дарсӣ барои донишҷӯён, магистрантҳо, унвонҷӯён, муҳаққиқони соҳа ва кулли омӯзандагони сохтори идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» ба нашр расид. Китоби мазкур ба қалами олимони соҳаи иқтисодиёт С.Ҷ. Комилов, Р.Р. Аҳмадов, Қ.Қ. Раҷабов ва М.Р. Қурбонзода тааллуқ дошта, асосҳои назариявӣ ва методологии низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллиро ба таври возеҳу равшан баррасӣ намудааст.

Рисола фарогири 12 боб аст ва мавзӯъҳои хеле пурмуҳтавою мубрами асосҳои методологӣ ва илмии низоми идоракунии давлатӣ, сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии минтақавӣ, амалкард ва ташаккулёбии сиёсати идоракунии давлатӣ, идоракунии давлатии соҳаҳои иқтисодиёт ва механизмҳои танзими он, сиёсати иҷтимоӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Дар бобҳои алоҳидаи ин асари илмӣ ба таври мушаххас сохтори ташкилии мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз нуқтаи назари илмию таҷрибавӣ таҳлилу баррасӣ гардида, ба ин васила сохти идоракунии давлатӣ, шаклҳои идоракунӣ, амалкардҳо, вазифаҳо, усулҳо, самтҳо ва механизмҳои низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ҳаматарафа инъикос ёфтаанд.

Раванди омӯзиш ва тадриси илми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ҳанӯз аз ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта дар доираи фанҳои ҷомеашиносӣ оғоз гардида бошад ҳам, ҷараёни ташаккули илми мазкур ба сифати илми алоҳида маҳз дар замони истиқлоли ҷумҳуриамон раванди тоза касб намуд ва метавон гуфт, ки он ба ҳайси илми тарҳрезисозандаи сохторҳои боэътимоди давлатию ҷамъиятӣ ва тақвиятбахшандаи равобити димломатии байни давлатҳо, хосатан баҳри муназзамсозии сохторҳои давлатию маҳаллӣ нақши бориз дорад. Ин падида дар доираи илмҳои иқтисод ва ҷомеашиносӣ тақозои давраи нав буда, заминаи аслии муносибатҳои байнидавлатӣ ва тақвияти ҳамоҳангии давлату ҷомеа маҳсуб меёбад.

Метавон гуфт, ки механизмҳои иқтисодӣ дар замони муосир барои ҳамоҳангӣ, тарғиб, таъмини манфиатҳои давлатию миллӣ ва ин амсол равандҳои навин чи дар хориҷи кишвар ва чи дар дохил пайваста мавриди истифода қарор доранд ва ин омили муҳим талабу тақозои давраи нави рушди муносибатҳои сатҳи ҷаҳонишавӣ дониста мешавад. Маҳз ҳамин масъалаи зарурии даврони муосир дар асоси дастовардҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлили илмии муаллифони китоби мазкур қарор гирифта, ба ин васила аз лиҳози иқтисодӣ фаъолияти хоҷагидорию иқтисодии муносибатҳои давлатӣ-идоракунӣ, шартҳо ва хусусиятҳои менеҷменти маъмурӣ баррасӣ гардидаанд.

Муаллифони китоби мазкур дар заминаи таҳлилу омӯзиши масоили гуногуни илмӣ собит намудаанд, ки илми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ танҳо муносибатҳои мухталифи ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқиро дар бар намегирад, балки дар шароити кунунӣ доираи омӯзиши донишҳои касбӣ, аз ҷумла, илмҳои иқтисодиро низ фарогир мебошад.

Дар боби охирини китоб муаллифон доир ба самаранокии идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ибрози назар карда, оид ба моҳияти илмии самаранокӣ дар идоракунии давлатӣ, самаранокии иҷтимоии идоракунии давлатӣ, меъёр ва нишондиҳандаҳои самаранокии идоракунии давлатӣ таҳлили фарогиреро анҷом бахшидаанд. Боби мазкур, ки дар асоси дастовардҳои илмии иқтисодиёти ҷаҳон ва хосатан, давлатҳои пешрафта таҳия гардидааст, як навъ ҷамъбасти тадқиқот оид ба низоми идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ аз нигоҳи иқтисодӣ буда, муҳимтарин нишондодҳои иқтисодиро дар ин самт инъикос менамояд.

Метавон хулоса кард, ки китоби мазкур дар ҷодаи омӯзиши фанни идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар доираи илмҳои иқтисодӣ дастоварди илмии назарраси марҳилаи нав маҳсуб ёфта, дар раванди омӯзишу тадқиқи минбаъдаи илми иқтисодӣ барои олимони соҳа, мутахассисон ва ҳаводорони илми мазкур ёрии муҳим ва бавусъат расонида метавонад.

Азиз АШӮРЗОД,

узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш