Ба муносибати 5500-солагии Саразми бостонӣ тавассути нашриёти “Ношир” китоби “Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин” бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид.
Китоби мазкур аз панҷ боб иборат буда, дар он оид ба таърихи Панҷакенти қадим, қаҳрамонон ва бузургони ин сарзамин, ҳамчунин, даврони навини тараққиёти он маводи хонданбоб фароҳам оварда шудааст, ки барои муҳаққиқон, таърихнигорон, омӯзгорону донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон муфид мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар сарсухани китоб таъкид кардааст, ки ташаббусҳои фарҳангсолоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амсоли таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии классики адабиёти ҷаҳон Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби Созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО хуш истиқбол гардиданд ва соли равон бо қарори ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ба таври шоиста таҷлил карда мешаванд.
Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр