Нашрияи Омӯзгор

Фароғат дар «Файзи истиқлол»

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

1 июл дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар мавзеи сайёҳию истироҳатии Варзоб басти дуюми истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид. Дар ин баст 391 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истироҳат фаро гирифта шуданд.  Масъулин, мураббиёни Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» ба кӯдакону наврасон қоидаҳои будубош, барномаҳои тафреҳӣ ва фарҳангию фароғатии банақшагирифтаро шинос намуданд. Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» дар мавсими истироҳати тобистонаи имсола дар 5 баст кӯдакону наврасонро ба истироҳат фаро мегирад.

Ёдрас мешавем, ки дар басти аввал Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» 400 нафарро ба истироҳату фароғат фаро гирифта буд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш