Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббат ба табиат

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ буда, зарурати онро таҷрибаи таърихии инсоният нишон додааст. Муҳаббат ба аҳли оила, маҳали зист (кӯча, деҳа, шаҳр) ва диёру табиати нотакрори он моҳияти асосии ҳиссиёти ватандӯстиро ташкил медиҳад. Тарбияи ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ масъалаи мураккаб ва серпаҳлу буда, он баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ, таҷ-рибаи иҷтимоии кӯдак ва интихоби усулу воситаҳои махсуси таъсиррасониро талаб менамояд. Бояд ба ҳисоб гирифт, ки дар давраи томактабӣ ҳиссиёти ахлоқии ватандӯстӣ-инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, худшиносӣ, худбаҳодиҳӣ ва ғайраҳо ташаккул намеёбанд, балки ба инкишофи минбаъдаи онҳо замина гузашта мешавад. Минбаъд дар ҷараёни кори таълиму тарбия дар оила ва мактаб ҳиссиёти ахлоқӣ такмил меёбанд ва ғанӣ мегарданд.

Ҳиссиёти дилбастагӣ, муҳа-ббат ба наздикон (падару модар, бародару хоҳар, бобою бибӣ ва дигар хешовандон), муҳити зист ва табиати он ҳиссиёти дилбастагӣ ва муҳаббат ба Ватанро оғоз мебахшад. Дар ташкили тарбияи ватандӯстӣ истифодаи расму анъанаҳои миллӣ, адабиёту санъат, ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва табиати гирду атроф мавқеи хосса доранд.

Табиати рангину гуворо бо гуногуншаклӣ ва зебоии худ дар дили кӯдак нақш мебандад. Ба назари ӯ чунин менамояд, ки вай бори аввал табиати гирду атрофашро дида истодааст, гӯё парандагон маҳз барои вай месароянд. Ҳамин тавр, кӯдакон бори нахуст табиатро идрок мекунанд, онро дӯст медоранд ва ҳисси кунҷковиашон бедор мешавад. Онҳо бо шавқу ҳавас ба муҳити зист назар кунанд ҳам, на ҳама чизро мебинанд, баъзан ҳатто чизи асосӣ аз назари онҳо дур мемонад. Агар калонсолон якҷоя бо кӯдакон ба ҳайрат оянду ба онҳо на тамошо кардани табиат, балки дидани онро омӯзонанд, кӯдакон боз ҳам бештар мехоҳанд табиатро донанду фаҳманд.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки шиносоӣ бо фаслҳои сол ва тағйироти онҳо дар тарбияи кӯдакон аҳамияти калон дорад. Мисол, мавриди фасли баҳор ба кӯдакон дар бораи аз хоби дурудароз бедоршавии табиат нақл карда, диққати онҳоро ба тағйироте, ки дар ин фасл ба амал меоянд, равона кардан зарур аст. Ҳамзамон фаҳмонидан лозим аст, ки баҳорон ҳаво гармтар мешавад, ранги осмон вобаста ба ҳаво тағйир меёбад, рӯзҳо дарозтар шуда, яхҳо об мешаванду обхезиро ба вуҷуд меоранд, оби ҷӯйҳо равон мегардад, баргҳои дарахтон месабзанд, сабзаю гулҳо мерӯянд. Парандагон бо овози баланд месароянд, гунҷишкакон дар кӯлмакҳо оббозӣ мекунанд. Фароштурук, булбул ва дигар парандагон аз ҷойҳои гарм парида меоянд. Шабпараку гамбускҳо пайдо мешаванд. Одамон либосҳои гарми худро бо либосҳои нисбатан сабук иваз намуда, дар рӯи ҳавлиҳо ниҳолшинонӣ мекунанд. Марди деҳқон заминро шудгор карда, гандум мекорад. Хуллас, дар ҳама ҷо иди меҳнат ҷӯш мезанад. Ва ин ҳама хеле зебою фараҳбахш аст…

 

Гузал АСТОНАҚУЛОВА,

мураббии кӯдакистони №127-и  ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш