Нашрияи Омӯзгор

Тамоми мушкилиҳо бартарафшавандаанд

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Мусоҳибаи мухбирони ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева

- Муаллимаи муҳтарам, дар оғози моҳи гузашта конфронси августии аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки дар он шумо оид ба дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳр дар соли хониши 2019-2020 ва вазифаҳо барои минбаъд суханронӣ кардед. Мехостем муҳтавои ин суханрониатонро ба таври фишурда шарҳ бидиҳед.

- Машварати августии омӯзгорон аз тадбирҳои муҳими соҳа буда, таърихи дерин дорад ва даҳсолаҳост, ки баргузор мешавад. Месазад, ки рисолае бо номи «Машваратҳои августии аҳли маориф ва нақши онҳо дар тақвияти фаъолияти соҳа» эҷод гардад. Ҳадаф аз машваратҳои августӣ, пеш аз ҳама, муайян кардану баҳодиҳӣ ба сатҳи фаъолияти кормандони соҳа дар давраи соли таҳсили гузашта ва муайянсозиву баррасии ҳадафу вазифаҳои асосӣ дар соли таҳсили нав мебошад. Конфронси имсолаи мо дар рӯҳияи шукрона аз шукуфоии Ватани маҳбубамон, ки пайомади сулҳу ваҳдату якдиливу ҳамбастагии тамоми тоҷикистониён аст, баргузор шуд. Бояд бигӯям, ки дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаи таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, 4 литсей, 4 гимназия, 10 мактаби хусусӣ) амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо дар пешрафти соҳа нақши сазовор доранд. Дар натиҷаи мониторинги сатҳи дониши хонандагон муайян карда шуд, ки дар соли таҳсили гузашта, дар умум, сифатнокии таҳсилот дар таълимгоҳҳои маркази вилоят 53,7% ва азхудкунии дониш 99,9%-ро ташкил медиҳад.

Дар конфронс мо бо қаноатмандӣ иброз доштем, ки таълимгоҳҳо дар давоми соли таҳсил боз ҳам муҷаҳҳазу обод гаштанд, теъдоди зиёди таҷҳизоти техникии таълим, аёниятҳои гуногун ба даст оварда шуданд, мактабҳо бо мутахассисони варзида, бо дарсгоҳҳои махсус, бо китобҳои дарсию бадеӣ ва бо дастурҳои методӣ бештар таъмин гардиданд, сафи иштирокдорону ғолибони озмунҳо барои мактабиён афзунтар шуд, сатҳи таълиму тарбия боло рафт. Дар ҷамъбасти соли таҳсили гузашта 7 нафар хатмкардаи таълимгоҳҳои шаҳри мо соҳиби медалҳои тиллою нуқра (4 тилло ва 3 нуқра) гаштанд. Дар давоми ин соли таҳсил 7 хонанда гирандаи стипендияҳои Президентӣ ва 60 нафар гирандаи стипендияи раиси шаҳр буданд.

Хушбахтона, мо тавонистем, ки бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва иддае аз соҳибкорони саховатпеша тамоми таълимгоҳҳоямонро ба соли нави таҳсил саривақт ва дар сатҳи баланд омода намоем.

Дар конфронси августӣ вазифаҳо барои соли нави таҳсил ба таври васеъ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд ва ҳама бар он буданд, ки минбаъд низ дар партави ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд, пеш аз ҳама, барои такмили ҳар чӣ бештари сатҳи донишу саводнокии хонандагон ҷидду ҷаҳд бояд кард.

- То ҷое ки мо огаҳӣ дорем, дар соли таҳсили сипаригашта шогирдони таълимгоҳҳои шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои гуногун, махсусан, дар озмунҳои фаннии мактабиён ширкати фаъолона доштанд.

- Оре, мо аз ин лиҳоз хеле қаноатмандем ва мекӯшем, ки минбаъд низ дастовардҳоямонро бештар намоем. Хушбахтона, сафи довталабон ба озмунҳо аз ҳисоби таълимгоҳҳоямон сол то сол зиёд мешавад, ки ин аз болоравии сатҳи таълиму тарбия, фаъолияти густурдаи омӯзгорон ва ҳавасмандии волидон гувоҳӣ медиҳад. Соли таҳсили гузашта дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфҳои 11-ум аз шаҳри мо 38 нафар ширкат варзида, 18 нафар ба комёбӣ дастрасӣ пайдо карданд (4 нафар ҷои 1-ум, 3 нафар ҷои 2-юм ва 11 нафар ҷои сеюм).

Мо байни хонандагони зинаи дуюми таҳсилот низ олимпиадаи фаннӣ баргузор намудем, ки довталабони зиёде ба он таваҷҷуҳ намуданд. Дар ҳошияи Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ ва бо ҳадафи омодасозии шогирдони хурдсол барои иштирок дар озмунҳо байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фанни математика олимпиада созмон додем, ки низ хеле ҷолибу рангин буду дар он хонандагон бо майли том ширкат варзиданд ва аксар соҳиби ҷоизаҳои махсус гардиданд. Дар як силсила озмунҳои байналмилалӣ низ хонандагони мо ба комёбиҳо ноил шуданд. Чунончи, аз олимпиадаи байналмилалии фаннӣ, ки дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён ёфт, 4 нафар шогирди таълимгоҳҳои Хуҷанд бо комёбӣ баргаштанд.

Дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон даври ниҳоии олимпиадаи IX Авруосиёӣ ва олимпиадаи кушоди умумирусиявии даставӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор шуд, ки дар он ҳамчун узви дастаи Тоҷикистон 3 хонандаи таълимгоҳҳои шаҳри мо ширкат варзида, дар олимпиадаи аввал сазовори ҷои якум ва дар олимпиадаи дигар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Дар шаҳри Дохаи Қатар 16-умин олимпиадаи илмӣ байни наврасон вобаста ба фанҳои физика, биология ва химия ҷараён ёфт, ки дар он хонандаи синфи 9 Сарвиноз Рауфова дар сафи ғолибон ҷой гирифта, сазовори сертификати иштирокдори фаъоли олимпиадаи ҷаҳонӣ шуд. Шогирди дигари мо -хонандаи синфи 11 Манижа Низомиддинова дар олимпиадаи VII байналмилалии «Интеллектуал» аз фанни химия пирӯзӣ ба даст оварда, мақоми аввалро соҳиб гардид. Дар озмуни фосилавии байналмилалии «Hippo-2020» 238 нафар хонандаи мо иштирок намуданд. Воқеан, дар як қатор озмуну мусобиқаҳои бонуфузи вилоятиву ҷумҳуривии варзишӣ низ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри мо шаҳди пирӯзӣ чашидаву соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Ба хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба муваффақият ноил мегарданд ва ба устодони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати маорифи вилоят иловатан мукофотҳо супорида мешаванд.

Дар омади гап бояд бигӯям, ки омӯзгорони мо низ дар озмунҳои гуногун фаъолу кӯшоянд. Дар бонуфузтарин озмуни кишвар «Омӯзгори соли Тоҷикистон» соли гузашта омӯзгори забони англисии литсейи физикӣ - математикии №1 Дилафрӯз Умарзода бомуваффақият ширкат варзида, ғолиби асосӣ гардид ва беҳтарин омӯзгори ҷумҳурӣ дониста шуд. Дар озмуни нуфузманди дигар – «Мураббии соли Тоҷикистон» мураббияи кӯдакистони №15 Фирӯза Қодирова ҷойи дуюмро (дар даври ниҳоӣ) ишғол кард. Дар вилоят озмуни «Омӯзгори ҷавони сол» созмон дода шуд, ки дар он низ омӯзгори химияи яке аз таълимгоҳҳои мо Муъминҷон Иброҳимов сазовори ҷои аввал гардид. Ҳоло устодони мактабҳои мо ба озмуни навбатии «Омӯзгори соли Тоҷикистон», ки бори аввал мувофиқ ба 13 фанни таълимӣ баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинанд.

- Мехостем сухане чанд вобаста ба «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» ва дараҷаи татбиқи ин барнома дар шаҳри Хуҷанд бигӯед.

 - Барномае, ки зикр кардед, дар соҳаи маорифи кишвар, воқеан ҳам ҳодисаи муҳим аст ва иҷрои комили он дар саросари мамлакат ба хеле боло рафтани сатҳи таълиму тарбия мусоидат мекунад. Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд дар заминаи ин барнома таъсис ва муҷаҳҳазсозии 25 кабинети фаннӣ дар давоми се сол ба нақша гирифта шудааст. Таваҷҷуҳ ба таҷҳизонидани кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ бештар мебошад, зеро кабинетҳо аз фанҳои мазкур солҳо боз такмил дода нашудаанд. Танҳо дар соли равон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ муҷаҳҳазонидани 10 кабинети фаннӣ дар назар аст.

Дар давоми соли 2019 дар мактабҳои шаҳр 95 кабинет иловатан муҷаҳҳаз карда шуд. Барои иҷрои барномаи мавриди суҳбатамон бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 ба андозаи 601000 сомонӣ ва дар соли 2020 ба миқдори 221000 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Бамаврид аст, ки далеле оид ба иҷрои санади дигар – «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» бигӯем. Ин барнома таҷҳизоти таълимгоҳҳоро аз ҷиҳати технологияҳои муосири таълимӣ мукаммалтар месозад ва ҳам имконоти устодон, ҳам имконоти хонандагонро бавусъаттар менамояд. Ҳоло дар 47 муассисаи таълимии шаҳри мо 71 синфхонаи компютерии дорои 1631 компютер, 223 принтер, 171 тахтаи электронӣ ва 222 проектор фаъолият доранд. Ҳамаи синфхонаҳо бо шабакаи интернет ва шабакаи дохилӣ пайвастанд. Бо мақсади такмили маҳорату малакаи мутахассисон ва омӯзгорон маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи шуъбаи маориф дар давоми таътили зимистонаи мактабиён дар соли 2020 барои 693 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимӣ курси даҳрӯза созмон дод, ки хеле пурсамару фарогир буд.

- Мутаассифона, вобаста ба густаришёбии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар кишвар соли таҳсили 2019-2020 пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Ин ҳодиса чӣ нақше ба ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд гузошт?

- Ин бемории манҳус дар саросари ҷаҳон ба тамоми соҳаҳо таъсири манфӣ ва пурзиён расонд. Ҷумҳурии мо низ дертар ҳам бошад, аз доираи фарогирифти вируси COVID-19 берун намонд. Бисёр хуб шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақт ба тасвиб расид. Дар асоси он дар тамоми муассисаҳои таълимӣ чораҳои пешгирикунанда амалӣ шуданд. Мактабҳо бо теъдоди зарурии моддаҳои антисептикӣ, ниқобҳо ва ашёи дигар таъмин гардиданд. Тамоми биноҳои таълимӣ дизенфексия ва кулли таҷҳизот бо маҳлули хлор шуста шуданд. хуб шуд, ки таҳсил дар мактабҳо муваққатан қатъ гардид.

Омӯзгорони мо бо волидон дар бораи тадбирҳои зиддисироятӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ вобаста ба бемории коронавирус суҳбатҳои тавзеҳӣ баргузор намуданд ва дар ин мавзӯъ тавассути воситаҳои ахбори омма суханронӣ карданд. Ҳоло ки соли таҳсили нав идома дорад, риояи тамоми дастурҳое, ки Вазорати маориф ва илм муқаррар кардааст, дар ҳамаи таълимгоҳҳо зери назорати ҳамешагӣ ва қатъист. Илова ба ҳамаи тадбирҳои пешгирикунанда дар мактабҳои мо мунтазам соатҳои тарбиявии алоҳида ба мавзӯи роҳҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус бахшида мешавад.

Халқи тоҷик дар давоми солҳои истиқлоли давлатӣ мушкилоти зиёдеро бо таҳаммулу тадбирҷӯӣ бартараф сохт, мушкилиҳои пешомада вобаста ба COVID-19 низ дар муддати муайян батамом бартараф хоҳанд шуд.

 

А. Муродӣ,

Н. Раҷабзода,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш