Нашрияи Омӯзгор

Нишони озодии давлат ва саодати миллат

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Маълум, ки имрӯз дар тамоми манотиқи кишвари азизамон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Роҳбарони ҳизбҳои сиёсие, ки дар миқёси ҷумҳурӣ кору фаъолияташонро дар асоси барномаҳои стратегии худ, бо назардошти рушду тараққиёти давлату миллат матраҳ намуда, дар ҳақиқат, барои хотири рушди давлати тоҷикон кӯшиш мекунанд, худро аз ин маъракаи сиёсӣ бо ҳар гуна баҳонаҳо ҷудо накарда, номзадҳои худро пешбарӣ карда истодаанд. Вале бархе аз намояндагони ҳизбҳо, ки роҳбарони онҳо танҳо ҳадафҳои ҷоҳталабонаю манифатҷӯёна доранд, дар расонаҳои хабарӣ ҳар гуна ахбори дасисаангезро паҳн намуда, мехоҳанд мардумро бо найрангу дасисаҳо аз иштирок дар ин чорабинӣ боздоранд. Аммо мардум имрӯз ба дарки мафҳумҳои давлати соҳибистиқлол, озодӣ, демократия ва дунявӣ расидааст, ба ин хотир бо дарки масъулият дар моҳи октябр барпо шудани ин маъракаи сиёсиро интизор аст.

Маҳз ба хотири андешаи бархе аз нафароне, ки як моҳ пештар баргузор шудани интихоботро нодуруст ҳисобида, бо ин баҳона мехоҳанд дар байни омма иғвоангезӣ намоянд, мехоҳам чанд нуктаро тавзеҳ намоям:

Аввалан, боиси ифтихори кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бояд бошад, ки имрӯз маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, аниқтараш бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидмати ҳалоли мардум ин маъракаи сиёсӣ ташкил шудааст. Дар ҳоле ки дар гӯшаву канори ин сайёраи бузург халқу мардуми зиёде умр ба сар мебаранд, ки на ному нишони аниқ, на давлату миллат, на истиқлолияту озодӣ доранд, ҳамеша дар зери тобеияти халқу миллатҳои абарқудрат зиндагии ғуломона мегузаронанд ва ҳеҷ гуна имконияти интихобу озодандешӣ надоранд ва дар талошу орзуи ин рӯзҳо ҳастанд. Имрӯз мо бояд шукри ин неъматро ба ҷо оварем ва ҳамчун узви дилсӯзи ин ҷомеа барои дар доираи қонунгузории амалкунанда ва дар сатҳи баланд ва бо дарки масъулият гузаронидани интихобот саҳми шаҳрвандии худро гузорем.

Дуюм, дуруст аст, ки интихоботи пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шашуми ноябр гузаронида мешуд, вале давлату ҳукумат ба хотири орому осуда  иштирок намудани интихобкунандагон ва бо назардошти вазъи дар ҷаҳон баамаломада, яъне паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар моҳи октябр гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи мақсад донист. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ин иқдом ба шахсони баҳонаҷӯ хуш наомад. Маълум гардид, ки ин иқдом нақшаҳои муғризонаи онҳоро вайрон кард, аз ин рӯ, баъзе аз онҳо аз ҳар гӯшаву канор садои норизоӣ бароварда истода, гӯё мехоҳанд мардумро бо ин садоҳои иғвоангези худ аз маъракаи сиёсиву тақдирсоз боздоранд, ки ин амал бори дигар аз кӯтоҳандешии онҳо шаҳодат медиҳад.

Шаҳзод ШОДИЕВ,

устоди ДДХ ба номи

академик Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш