Нашрияи Омӯзгор

Ифтихор аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи ҳуқуқбунёд ва демократӣ будани мамлакати азизамон мебошад.

Аз ҷониби ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ пешниҳод гардидани номзадҳои гуногун гувоҳи озодии сиёсӣ дар кишвар буда, баёнгари он аст, ки ҳар як шаҳрванд имкон дорад, номзадии худро ба ин мансаби олии давлатӣ, бо риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар озодона пешниҳод намояд.

Айни замон марҳилаҳои муҳимми пешазинтихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром ва дар муҳити орому осуда ҷараён дорад. Аммо ин оромию субот баъзе нохалафони сиёҳдилро ноором сохтааст. Ҳатто, дар байни шаҳрвандони муқими кишвар низ афроде вомехӯранд, ки аз пешбарӣ гардидани номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хӯрдагирӣ мекунанд...

Ин гумроҳон магар фаромӯш кардаанд, ки Тоҷикистони маҳбубро аз вартаи парокандашавӣ, ҷангу ҷидол ва нооромию ноустуворӣ кадом шахсият раҳо кардаасту ба зиндагии орому осоиштаи имрӯза расонидааст? Агар матонату ирода, истодагарию нексириштӣ ва маҳорати олии давлатдории Пешвои муаззами миллат намебуд, эҳтимол дошт, ки имрӯз мо мутеи давлати хориҷие мешудему наметавонистем бо забони модариямон озодона ҳарф бизанем. Ин шахсияти арзанда бо маҳорат ва қобилияти баланди дипломатӣ тавонистанд, ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянду оламиён огоҳ гарданд, ки сарзамини сабзу хуррами тоҷикон яке аз марказҳои пайдоиш ва ташаккули ҷомеаи инсонӣ дар сайёра мебошад.

Бино бар ин, ҳар як шаҳрванди боору номус ва ватандӯсти Тоҷикистонро зарур аст, ки дар байни ҷомеа аҳаммияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ намояд ва худ низ дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъол бошад. Итминони қавӣ дорем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи меҳнатқарини кишвар дастгирӣ меёбад ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардида, барои ояндаи дурахшону босуботи Ватани зебоманзарамон заминаи мустаҳкам мегузорад.

 

М. СОБИРОВ,

мудири кафедраи

экология ва ҳифзи

табиати факултаи

геоэкологияи Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш