Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамою ғамхори ҷавонон

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Мо, ҷавонони баландиқбол,

Зодаи даврони Истиқлол.

Бахти неку ҳамсафар моро,

Шахси оқил роҳбар моро.

Агар барои боровар ва пурнашъунамо гардидани боғистон деҳқони асилу кордида ва фазои мусоид лозим бошад, пас, барои номбардору бонангу ор ва ояндасоз гардидани наврасону ҷавонон роҳбари оқил ва дурандешу ғамхор зарур аст. Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ҷавонон маънои ғамхорӣ ба ояндаи неки давлату миллатро дорад. Давлате, ки ин қишри неруманди ҷомеаро дуруст тарбия ва идора мекунад, ояндаи дурахшоне хоҳад дошт.

Мо, ҷавонони босаодати даврони соҳибистиқлолии ин Ватани маҳбуб, шукрона аз он менамоем, ки дар чунин давлати озоду обод таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва зиндагӣ мекунему ба сӯйи ҳаёти дурахшон қадам мегузорем.

 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози бунёди давлати демокративу соҳибистиқлол, новобаста аз бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии сиёсати дурусти тарбияи ҷавононро гузошта, то имрӯз як қатор қонун ва амру фармонҳоро ҷиҳати дастгирии ҷавонони кишвар ба тасвиб расонданд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, онҳоро неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати худ эътироф менамояд.

Имрӯз ҷавонон дар тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти пурсамар доранд, дар бунёд ва таҳкими ҷомеаи мутамаддину пешрафта саҳми сазовор мегузоранд. Ҷавонони тоҷик бояд дар самти ватандориву ҷасорат ба мисли Рустаму Сиёвуш, Суҳробу Гурдофарид, Исфандиёру Ардашер, дар бахши илму фазл чун Куруши Бузург, Синову Берунӣ ва Айниву Турсунзода, дар нангу номус ва садоқат ба Ватан чун Темурмалику Шерак, Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмону садҳо сарсупурдагони Ватан номбардорони ин Меҳану ин миллат бошанд.

Вақти он расидааст, ки мо, ҷавонон, бедордилу зирак, ватандӯсту муттаҳид, донишманду закӣ ва содиқу ҷонфидои Ватан бошем.

Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки ҳоло ҳам ҷавонони нохалафе пайдо мешаванд, ки аз ин ободӣ ва аз ин шодмониву дастгириҳо сарфи назар карда, дунболи ақидаҳои ғайр мераванд. Роҳҳои каҷу номатлубро интихоб намуда, номи бошарафи ҷавони тоҷикро лакнатдор мекунанд. То ҳол ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба қадри неъматҳои беназири Офаридгор нарасида, аз паси ақидаҳои ифротиву хурофотӣ мешаванд ва бо ин кирдори зишту нангинашон ҳам ҳаёти хешро месӯзонанд, ҳам дар дили падару модар ва пайвандони хеш то абад доғ мегузоранд.

 Ҳоло агар вазъияти ҷавонони имрӯзи тоҷикро бо рӯзгори сангини 25-30 сол пештари Тоҷикистон ё бо аҳволи ҷавонони баъзе давлатҳои ҷангзадаву қафомонда муқоиса кунем, аз замин то осмон тафовут мебинем.

 Дар ҳақиқат, аз тарафи давлату ҳукумати кишвар ҷавонон ҳаматарафа ва мунтазам дастгирӣ меёбанд. Имрӯз ҳар ҷавони болаёқату соҳибистеъдод ва хирадманду дурандеш метавонад соҳиби обрӯю эҳтиром гардида, дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намояд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки миллати фарҳангсолори тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба қадри некию адолат расида, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва сиёсии хешро доимо эҳтиром мекардааст.

Имрӯз низ ин миллати тамаддунофар посдори шаъну шараф ва арҷгузори бузургони хеш мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо маҳз бо саъю талошҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба сӯйи ҳаёти дурахшон ниҳодааст.

 Ба кӯшишу заҳмат, ҷоннисорию сарсупурдагӣ ва хизматҳои беназири ин абармарди ватанпарвар халқи бошарафи тоҷик арҷ гузошта, меҳру муҳаббати ӯро дар дилу дидаҳо ҷо намудааст.

Дарвоқеъ, халқи тоҷикро дар саросари ҷаҳон маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат мешиносанд. Халқи тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи ин фарзанди некноми миллат муттаҳид гардида, бунёди ҷомеаи мутамаддинро таъмин менамояд.

 Ба қадри бузургон расидан худ бузургӣ аст. Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо ва дастгириҳо мо - ҷавононро мебояд, ки Пешвои муҳтарами худро дӯст дорем, дарси мардонагиву садоқат, ҷонфидоиву матонатро аз ӯ омӯзем. Дар ҳар кори нек дастуру супоришҳои Роҳбари арҷмандамонро сармашқи кори худ созем. Бо ғурури миллӣ, нангу номуси бобоӣ, иродаи шикастнопазири тоҷикона ва дасту бозуи рустамона Ватани ба ҷон баробарамонро ободу шукуфон созем.

 Ҳоло ки ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешорӯйи мо қарор дорад, таманнои онро дорем, ки ин сарзамини аҷдодӣ то дунё боқист, соҳибистиқлолу озоду обод бошад.

Бигзор, Тоҷикистони соҳи-бистиқлоли мо бо ҳидояту раҳнамоии Сарвари ғамхору некандешаш яке аз давлатҳои рушдёфтаи дунё гардад ва номи неки тоҷик то ҷовидон вирди забонҳо бошад.

Ватан обод кардӣ, дар амон бош,

Ба адлу дод машҳури ҷаҳон бош.

Азизу раҳнамои халқи озод,

Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош.

 

Сиротулло ЗОИРОВ,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш