Нашрияи Омӯзгор

Таҳаммулпазирӣ – омили муҳими ҳамдилӣ

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Замони муосир бо равандҳои мураккаби сиёсию иҷтимоӣ, ҷаҳонишавӣ ва омезиши тамаддунҳо миллатҳоро водор менамояд, ки дар ҳифзу таҳкими таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии худ талошу кӯшишҳои бесобиқа намоянд.

Зеро камтарин саҳлангорӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ метавонад муҳимтарин арзишҳои миллӣ, ҳатто ҳастии миллатро ба боди таърих диҳад. Ҳамин аст, ки асри кунунӣ бо фарқ аз рӯзгори гузашта бо асри гуфтугӯи тамаддунҳову ҷаҳонишавӣ тавсиф мешавад ва бархе нафарон дар ин раванд қадам аз чорчӯбаи ахлоқу одоб берун мегузоранд, ки ин эҷоди падидаи тундгароиро дорад.

Воқеан, дар ҷаҳони имрӯза, ки бо гуногунии мафкуравӣ ва омезиши фарҳангиву ҷаҳонишавӣ майл дорад, таҳаммулпазирӣ калиди суботи ҷомеа ва омили асосии пешгирии бархӯрдҳои манфии иҷтимоӣ, ба мисли терроризму экстремизм аст. Таҳаммулпазирии иҷтимоӣ, ки ҳамчун муносибати бидуни зӯроварӣ ва эҳтиромонаи байни гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа арзёбӣ мегардад, мувозинати муносибатҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад.

Мавриди зикр аст, ки таҳаммулпазирӣ ҷузъи таркибии ҳеҷ як идеология ё унсури ягон маданияти мушаххас нест. Дар ин замина муҳаққиқи тоҷик Ш. Шоисматуллоев таҳаммулпазириро чун “...моҳияту сифати ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳама гуна ҷомеа, табақаҳои иҷтимоӣ ва ҳар як шаҳрванд” баҳо медиҳад.

Афкори иҷтимоию маънавӣ ҳама давру замон барои амалишавии ҳадафҳои олии инсонӣ равона гашта, таҳаммулпазириро беҳтарин арзиши иҷтимоии эътирофи умумгашта ва ҷавҳари муносибатҳои гуманистӣ ва инсондӯстӣ қабул ва ҳамчун меъёри ахлоқӣ-ҳуқуқии омма арзёбӣ кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро қайд менамоянд, ки “Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироиии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт донистааст...»

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала таълимот ва андешаҳои ҳакимонаи бузургонро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор додаанд. “Алии Ҳамадонӣ баъди азият ва мушкилоти зиёде, ки дар зиндагияш рӯ ба рӯ шудааст, ба хулосае омадааст, ки барои ҷомеа ва инсоният сулҳ ва оромиш нақши арзанда дорад…

Бо ин мақсад ӯ дар асарҳояш ҳикмати мадороро ташвиқ карда, таҳаммулгароиро воситаи муҳимми бартараф намудани ҳаргуна низоъ медонад...

Ин таъкиди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст. Зеро бубинед, ки “мову ман”, “куфру имон” ва “бидъату суннат” гуфтани бархе аз мусулмонон дар баъзе кишварҳои олам, мисли Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон, Миср ва Афғонистон оқибатҳои нангинеро пеш овардааст, ки имрӯз тамоми дунё аз он нигаронӣ менамояд.

Аз ин рӯ, зиёиён ва олимону донишмандон, уламои дин ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар асоси андешаҳои ҳакимонаи ин қабил донишмандон ба муқобили ҳамагуна зуҳуроти хурофотпарастӣ, экстремизму терроризм ва дигар падидаҳои номатлуб мубориза баранд ва барои дар зеҳни мардум, хусусан, наврасону ҷавонон, ташаккул додану реша гирифтани ғояҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам кор кунанд.”

Муносибатҳои одилона ва муфиди бисёртарафаи байни одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, миллатҳо, динҳо ва намояндагони ин ё он тамаддун, ки дар худ арзишҳои таҳаммулпазириро таҷассум менамоянд, зиндагии осоиштаи шаҳрвандон ва пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд.

Таҳаммулпазирӣ дар тамоми соҳаҳое, ки муносибатҳои доимӣ ва мураккабу гуногунҷанбаи инсонҳоро тақозо менамоянд, муҳим мебошад, аммо бештар дар доираи муносибатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва миллию минтақавӣ аҳамияти хоссаро пайдо кардааст.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомад. Мардум дар тӯли ин солҳо аз мактаби боифтихори истиқлолият сабақҳои зиёд гирифта, аҳамияти осоишу ҳамзистии иҷтимоиро ҳамчун омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дарк кардааст.

Вале бо ин ҳама дастовардҳо дар ҷомеа бархе мушкилоте дида мешавад, ки пеш аз ҳама, аз надоштани фарҳанги таҳаммулпазирии баъзе афрод сарчашма мегирад. Чунончи, рӯ овардани баъзе шаҳрвандони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию пайравӣ аз фарҳанги бегона, экстремизми динӣ ва хусумат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар, ҷудошавии оилаҳои ҷавону низоъҳои оилавӣ ва ғайра падидаҳои манфуреанд, ки аз набудани таҳаммулпазирӣ дар ниҳоди ҳар фард дарак медиҳад. Хусусан, набудани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар бештари андешаҳову гуфторҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернет бараъло эҳсос мешавад. Бархе корбарон дар олами маҷозии интернет худро “гум карда”, аз ҳадди инсонӣ гузашта, ҳар чӣ дар зеҳнашон ояд, менависанду мегӯянд, на падару модар ба ёдашон мерасаду на миллату Ватан. Аз ин рӯ, ташаккул додани фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни мардум, хусусан ҷавонон, ки осебпазиртарин қишри ҷомеа ва серистифодабартарин нафарон аз шабакаҳои иҷтимоии интернет ба шумор мераванд, ногузир мебошад.

Таҳаммулпазириро чун сифати шахсӣ ё хислатҳои шахс, ки дар давоми ҳаёт шакл мегирад, бо роҳи таълими иҷтимоӣ, тамринҳои иҷтимоиву психологӣ ташаккул додан мумкин аст, зеро омилҳои асосии ташаккули он муҳити иҷтимоиву шароити мувофиқи рушд ва тарбияи дуруст мебошад.

Таҳаммулпазирӣ муқобилмаънои экстремизм ва ҳама гуна фитнаву фитнаандозӣ буда, мақсад аз омӯзиши он эмин нигоҳ доштани суботи сиёсиву иҷтимоӣ, пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳифзи устувори ҳамзистии осоиштаи сокинон, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб мешавад.

Миллати тоҷик алорағми ҳама бархӯрдҳову нишебу фарозҳои таърих, маҳз бо таҳаммулпазириву таҳаммулгароӣ тавонист, ки ҳастӣ ва арзишҳои миллии худро то имрӯз ҳифз намояд ва яке аз миллатҳои созандаву сулҳофар дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шавад.

Фатҳуддин СОЛЕҲОВ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш