Нашрияи Омӯзгор

Аз кӯза ҳамон таровад, ки дар ӯст

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Фарзанд меваи ширини дарахти умр ва ҳосили мазрааи эҳсосу муҳаббати инсонҳост. Шодие дар олам баробари шодию саодати фарзанддор шудану доғе сангинтару ҷонкоҳтар аз доғи ҷудоии ӯ нест. Домани дунёи гузарон ранг ба рангу гуна ба гуна неъматҳои фаровон дорад, вале лаззати ягон неъмати дунё амсоли лаззати биҳиштию беқиёси фарзанд нест.

Бархе бар онанд, ки фарзанд чун ашёи хонаю ҳавлӣ моли шахсии онҳосту халос ва маҳз ба хотири баровардани хостаҳои дили онҳо ба дунё тавлид шудааст. Касе ба ҷуз худи онҳо ҳаққу ҳуқуқи дахолат кардан ба равиши рафтору кирдору пиндору гуфтори ӯ надорад. Ӯ ҳам пешорӯйи касе як сари мӯй қарздор нест. Бехабар ё мункир аз онанд, ки фарзанди инсон ба ҷуз масъул будан дар баровардани хостаҳои маънавию иқтисодии волидайну оила, боз дар баровардани хостаҳо, умедҳо ва ормонҳои эътирофшудаи ҷомеа, миллат, Ватан, олам масъулу уҳдадору қарздор аст. Пас, ӯро на ба хотири хостаҳои дили хеш, балки ба хотири масъулияту хостаҳое, ки Ватану миллату ҷомеа талқину тақозо менамояд, тарбия бояд намуд. Хӯру хобу хашму шаҳвату бедардию бераҳмию кӯчагардию қадрношиносӣ дар ниҳоди худ бӯе аз одаму одамият надоранду аз ҷумлаи хисоли одамӣ ҳам нестанд.

Баъзан аз бепарвоию бемасъулиятии волидону беқадрии наврасон аламам мегирад. Ҳузни касодии тарбияро дар бисёр оилаҳо бо амале қиёс менамоям.

Ин замон ба бисёр оилаҳо одат гардидааст, ки фарзандашон баъди наҳорӣ аз дари ҳавлӣ мебароянду вақти намози шому хуфтан дар хона пайдо мешавад. Ба ростӣ, касе ҳатто намепурсад, ки ӯ рӯзи дароз куҷо буд, чӣ кор кард, куҷо рафт, бо кӣ нишасту чӣ хатою савоб намуд. Пойдевори бузургӣ дар айёми кӯдакию наврасӣ гузошта мешавад. Касе, ки бо заҳмат замин шудгор намуда, он ҷо донаи умед накишт, ё сустию саҳлангорӣ намуд, вале тирамоҳон умеди самар дорад, аз қиболи ҷоҳилону худфиребон аст.

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, дар оила набудани падарҳо ё баъзан волидон ба кори тарбия латмаи сахт ворид намуда, онро ниҳоят сахту сангин намудааст. Падари муҳоҷир нахуст бояд ба қадри хеш, ба қадри рӯзу моҳу соли умри талафкарда, заҳмату кулфати тоқатфарсои ғарибӣ, азоби дарёфти маблағу мол бирасад. Агар ӯ ба қадри хеш расад, пас, ба фарзандаш талқин мекунад, ки ӯ ба қадри заҳмати дигарон низ бояд расад. Модари хонадон агар ба қадри дурию маҳҷурию ранҷуриҳои пайвастаи шавҳари муҳоҷираш расад, бояд ба фарзандони оила ҳарфу ҳиҷои ҳадиси қадрдонӣ омӯзад, то луқмаи ҳалоли дарёфтаи шавҳараш аз ҷониби фарзандон аъмоли касифу ҳаром назояд. Чу дахлат нест ё он бо ивази ранҷу заҳмату дурию фироқ ба каф меояд, дар амали харҷ андеша бояд кард. Табиати кӯдаку наврас аҷиб асту чиҳое намехоҳад. Тараққиёти шадиди технологияи муосир ин дастоварди наҷиби инсоният аст. Дар ҷамъият зиста, аз ҷамъият берун будан ҳеҷ мумкин нест.

Мушоҳида мегардад, ки бис-ёр наврасон аз саҳар то намози шом, ҳатто то бурдани хобашон телефону планшеташонро лаҳзае аз даст намемонанд. Ба як пора оҳан чунон волаю шайдою ошиқ шудаанд, ки фарҷомаш ифроту ҷунун асту халос. Чун дар ниҳоди наврас тухми қадрдонӣ сабз шуд, аз ӯ дар оянда умеди тараҳҳуму самар чашмдор будан аз эҳтимол дур нест. Вале агар чун замини киштнокарда холӣ монд, аз қатраҳои оби тарбия шодоб нашуд, дилаш чун замини шӯристон сахту бедарду бедарк мегардад. Гумон мекунад, ки ҳама пеши ӯ қарздоранд.

Дар ифшои меҳру муҳаббати хеш барои одамизод сарҳади нозуке вуҷуд дорад, ки волидайн онро бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошанду дар убури он худдорӣ намоянд, зеро он бар салоҳи кор аст. Аз ҳама беҳтараш он, ки инсон муҳаббати ботинии хешро ба фарзанд ошкорою бармало зоҳир накунад. Инсонҳои комил, варзида ва воло ҳеҷ гоҳ туғёни меҳр ба фарзандон наменамоянд. Зеро ин кирдор, гарчи дар нигоҳи аксарият чизе нест, вале фарзандро нозпарвард месозад. Меҳри зиёди ошкоро нисбат ба фарзанд хостаҳои нафсонии ӯро афзун намуда, инкишофи маънавию ақлонии ӯро коста месозад. Оқибат ин фарзанд асири нафси саркаш мегардаду ҳеҷ гоҳ амири он шуда наметавонад.

Бисёр падару модарон ба неруи ҷисмонии пайвандон завқу ҳавас доранд. Бехабар аз он, ки ин неру бе ҷавҳари ақлу илм бадбахтие беш нест. Зеро умри зӯру зӯрӣ каму кӯтоҳ асту таровишҳои неруи ақлонӣ умри ҳазорсолаю ҷовидонӣ доранд.

Муҳити оилавӣ танҳо бо як чордевору чанд хонаю колои дохили он маҳдуд намешавад. Ин муҳит гарчи обастани ҳазорҳо розу ниёз аст, вале нахуст бояд ошёни муқаддаси тарбия бошад. Он ҷо дар шахсияти волидайн будани тарбиятгари асилу оқилу комил ва соҳибтаҷриба шарту зарур, ки ҳама вақт, дар ҳама гуна шароит аз уҳдаи кори тарбия барояд, ба ҳеҷ ваҷҳ эҳсоси хастагию дилмондагӣ, бепарвоию таваккал накунад. Дар ниҳоди фарзандон зарур будани гирифтани тарбияи ҳақиқиро бедор намояду парварад. Зеро мегӯянд, ки аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст. Волидон дар кӯзаи ақлу идроку дилу тафаккури фарзандон гоҳи кӯдакию наврасӣ чӣ ҷой кунанд, замоне, албатта, ба берун ҳамон метаровад. Сарҷӯю сарманшаи баду неки ояндаи фарзандон, бешак, муҳити хонаводагӣ аст. Ин даъво фалсафаи хушку холӣ ё ақидаи соф шахсӣ нест. Ҷиноятҳои бешумори содиршуда ба наврасоне дахл дорад, ки дар муҳити оилавӣ парвариш ёфтаанд…

Исматуллоҳи Абдуллоҳ,

директори мактаби №25,

узви ИЖТ, шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш