Нашрияи Омӯзгор

Шогирдони шоистаро тарбия намоем

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Пешрафти соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таълиму тадриси наврасони соҳибмаърифату созанда, боистеъдод ва сазовори халқу меҳан пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар миллат танҳо бо илму дониш, ақлу идрок дар назди аҳли башар метавонад сарбаланд бошад.

Танҳо мактаб макони асосии илму маърифат аст ва он дари илму донишро ба сӯйи фарзандонамон боз мекунад. Зикр бояд кард, ки маҳз маърифатнокии омӯзгор метавонад мушкилоти кори мактаб-ро ҳал намояд. Маърифати омӯзгор ба донистани илмҳои равоншиносӣ ва педагогӣ вобаста буда, ташаккулёбии ахлоқи омӯзгор,  ҳамзамон, муносибати ӯро бо атрофиён муайян менамоянд.

Муносибати байни шогирд ва устод ҳамдигарфаҳмиро ба вуҷуд оварда, дар ташаккули тафаккур ва фаъолияти эҷодии шогирдон нақши муҳим мебозад. Симои омӯзгори аввалин ва дӯстдошта ҳамчун раҳнамо дар хотири шогирдон якумрӣ нақш мебандад.

Аксар нобаробариҳо, ғалат-ҳои омӯзгорон, низоъҳои муаллимони ҷавон ва ҳатто, устодони ботаҷриба дар раванди таълими шогирдон, аз надонистани психологияи хонандагони ин ё он синну сол, дониши номукаммали педагогӣ сар мезанад. Омӯзгор бояд ҳамеша ҳолати рӯҳии шогирдонро ба назар гирад. Мутаассифона, ин омил на ҳамеша ба назар гирифта мешавад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ин ҳолатҳо бештар дар дарси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар дарси тарбияи ҷисмонӣ вақте шогирдеро, ки пояш лат хӯрдаву дард мекунад, барои давидан маҷбур набояд сохт. Дар акси ҳол, ин рухдод ҳамдигарнофаҳмиро ба вуҷуд меорад.

Омӯзгори ботаҷриба метавонад ҷаҳонбинии шогирдон ва худшиносии миллии онҳоро бо роҳҳои гуногун ташаккул диҳад. Ин кор аз такмили маҳорати касбӣ ва фаъолияти эҷодии омӯзгорон вобаста аст.

 

Матлуба АТАХОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №7, ноҳияи

Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш