Нашрияи Омӯзгор

Дарвозаи Қаробек ва ҳудуди он

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Уротеппа (ҳозира Истаравшан) яке аз шаҳрҳои қадимӣ буда, таърихи зиёда аз дуюнимҳазорсола дорад. Таърихшиноси тоҷик Аҳрор Мухторов дар асари худ «Материалҳо оиди таърихи шаҳрҳои Тоҷикистон» қайд намудааст, ки шаҳр бо 7 дарвоза ва девораҳои баланд қалъабандӣ шуда буд. Он деворҳо то соли 1866 хеле мустаҳкам буданд. Нишонаҳои онҳоро ҳангоми ба Қалъаи Муғ баромадан дидан мумкин аст. Ин ду хатти аз тарафи Талтеппа ба воситаи Қалъаи Муғ ба сӯи теппаи Калламанора тӯлкашида мебошад.

Доир ба дарвозаҳои қадимии шаҳр маълумоти саҳеҳ хеле кам аст. Дар китоби «Сведения о городе Ура-Тюбе», ки соли 1872 дар «Туркестанские ведомости» чоп шудааст, оид ба 7 дарвоза доштани шаҳр сухан меравад. Дарвозаҳои Сои боло, Сои поён, Дарвозаи Боло, Тал – Дарвоза ва Чак-мак Тош аз ҷумлаи онҳоянд. Ба ғайр аз дарвозаи Чакмак Тош, ҷойи дарвозаҳои дигари шаҳр имрӯз ба мо маълум аст. Тахмин мекунанд, ки дарвозаи Чакмак Тош дар гузари Хӯҷа Фахриддин ҷойгир будааст.

Дар гузарҳои Кӯкгумбаз, Намозгоҳ, Қозӣ, Мӯлҷар, Масҷиди Сафед яктогӣ ва дар Хӯҷаҷон ду мад-раса буда, ҷамъ дар шаҳр 8 мадраса амал мекардааст.

Дар охири асри XIX дар гузарҳои Кӯкгумбаз, Кордгарон, Дарвозаи Боло, Ҳавзи Сангин, Турк, Масҷиди Сафед ва Қӯруқ ҳаммомҳо амал мекарданд.

Тахмин мекунанд, ки ҳаммоми Кӯкгумбаз на танҳо барои шустушӯи одамон хизмат мекардааст, балки ҳамчун манбаи гармидиҳандаи буғ ба мадрасаи Кӯкгумбаз низ ба шумор мерафтааст. Ба ин қубурҳои сафолини дарёфтшуда мисол шуда метавонанд. То солҳои чилуми асри ХХ ин ҳаммомҳо вуҷуд доштанд, ҳоло дар ҷои онҳо хонаҳои истиқоматӣ қомат рост кардаанд. Агар Истаравшан ба шаҳр-осорхона табдил дода шавад, барқарор кардани ҳамоммҳои қадима айни муддаост. Дар шаҳри Истаравшан гузарҳо номҳои ба худ хос доштаанд, яке касбу ҳунар, дигаре аслу насаб, сеюмӣ ҷойгиршавии маҳал, деҳ ва миллатро нишон медод. Ҳамаи 64 гузар ба ду деҳа-деҳаи Хӯҷа Фахриддин ва деҳаи Охунон тақсим шуда буданд. Ба ҳар як гузар, баъзан дар ду-се гузар як эликбошӣ (сардор) интихоб карда мешуд. Дар навбати худ эликбошиҳо ба оқсақалон итоат мекарданд. Ҳоло ин амалҳо барҳам хӯрда бошанд ҳам, шаклашон ба вуҷуд омадааст. Сокинони гузар роҳбари гузар ё амин интихоб мекунанд. Дар навбати худ онҳо бо раисони маҳалла якҷо кор мебаранд. Мо ба қадри имкон дар бораи се гурӯҳи гузарҳо маълумот медиҳем.

1. Гузарҳое, ки ба касбу ҳунар иртибот доранд: Чармгарӣ, Собунгарӣ, Хосабоф, Кордгарон, Дегрезон, Кемухтгарӣ, Осиёдурусткунон, Сорбон, Мехчагарон, Олкорон, Чармгарии нав, Кулолӣ, Бузкушон ва ғайраҳо.

Ба касбу ҳунар ном гирифтани гузарҳо ба ин касбҳо шуғл варзидани ҳар як сокини гузарро нишон медиҳад. Ин касбҳои авлодӣ имрӯз ҳам идома доранд.

2. Гузарҳое, ки аз аслу насаб ва мақоми ашхоси алоҳида, авлод ё хонадореро шаҳодат медиҳад: Рустамбек, Охунон, Маддоҳон, Мӯлҷар, Эшони сартарош (ё худ Эшонон), Арбобон (ё худ Арбоб), Хӯҷаҷон, Мирзоён (ё худ Калчаҳо), Султоно, Бародарон Шукурбек (ё худ Оллоҳ Шукурбек), Шокирхон, Шокаримбой, Хӯҷа Фахриддин...

3. Гузарҳое, ки ба номи маҳал, деҳ ва миллат тааллуқ доранд: Қизилӣ, Ҷанозахон (ё худ Миркамбекор), Вогат, Ҷари Полвонхӯҷа, Масҷиди Бурҷак, Кӯкгумбаз, Тал, Дарвозаи Боло, Ҳавзи сангин, Боғи Малла (ё худ Боғи малла), Дарвозаи Қаробек, Масҷиди сафед, Мазори Қӯшқорак, Чорсадаи лаби ҷӯй, Намозгоҳ, Даҳбедӣ (ё худ Эшони Даҳбедӣ),Чуғдак, Урдаи куҳна, Найман (ё худ Туркман Найман), Турк, Тошкандӣ, Боғ, Яккабоғ, Қӯруқ, Қаландархона, Тал, Тал Сайёд, Тал Дарвоза, Тал Қавола ва ғайраҳо.

Мақсади номбар кардани гузарҳои қадима дар он аст, ки ҳанӯз аксари ин номҳо аз байн рафта бошанд ҳам, аз хотири халқ зудуда нашудааст. Имрӯз кӯчаҳои Истаравшан номҳои Правда, Гайдар, Куйбишев, Орҷоникидзе, Ворошилов, Менжинский, Ленинабадская, Пушкин, Крупская, К. Маркс, М. Горкий, Чапаев ва ғайраҳоро гирифта бошанд ҳам, мардум ҳоло ҳам бештар номҳои қадимии гузарҳоро ба забон меоранд. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба масъалаи бознигарии номҳои кӯчаву маҳаллаҳо дар назди ҳукумати шаҳр комиссияи махсус ташкил шудааст.

Бо ташаббуси ин комиссия кӯчаҳои Космонавт, Совети Олӣ, Садовая ба номи ҷанговарони интернатсионалист Ҳ. Ғиёсов, Ф. Соҳибов ва М. Мӯсоев гузошта шудаанд. Як қисми кӯчаи Совети Олӣ номи пешинаи худ Собунгариро гирифт. Ба кӯчаҳои навбунёди шаҳр номи адибони классикии тоҷик Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, академик Аҳрор Мухторов, Ваҳҳоб Шокалонов (яке аз аввалин механизаторони шаҳр) ва дигарон гузошта шудааст.

Бо мақсади ҳимоя намудани аҳолии шаҳр аз тохтутозҳои аҷнабиён шаҳр бо девори баланд ва қалъаи ҳокимнишин иҳота карда шуда буд.

То давраи забти Уротеппа аз тарафи Армияи подшоҳии Россия дар гирдогирди шаҳр девори мустаҳкаме бо якчанд манора сохта шуда буд. Дар ин бора муфассалтар дар навиштаҳои А.И. Макшеев омадааст. То имрӯз нишонаҳои девори шаҳрро дидан мумкин аст. Деворҳо дар нақшаи шаҳр, ки соли 1866 муҳандисони рус тартиб дода буданд, аз гузари Ӯр гузашта, ба тарафи Шарқ ва ба воситаи гузари Қаробек ба сӯи теппаи Калла-Манора тӯл кашидаанд. Дарозии девор 6,4 км буда, паҳнои он 4,8 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Дар манбаъҳои таърихӣ дар бораи деворҳои шаҳр ва дарвозаҳои он ба тарзи пурра маълумот дода нашудааст. Ба гуфти таърихшиноси асри XVIII Филипп Ефремов, гӯё дарвозаҳои шаҳр 4 адад будааст.

Дар охири солҳои шастуми асри гузашта дарвозаҳои шаҳри Уротеппаро ҳафт адад нишон додаанд.

Академик Аҳрор Мухторов низ дар асари таърихии худ «Гузарҳои Уротеппа» (бо забони русӣ) дарвозаҳои шаҳрро ҳафт адад гуфтааст:

1. Дарвозаи Яккабоғ дар ҷанубу шарқии шаҳр дар гузаре, ки номи Яккабоғро дорад, ҷой гирифтааст.

2. Дарвозаи Сои боло дар ҷануби дарвозаи шаҳр воқеъ буда, аз он оби сой мегузарад.

3. Дарвозаи Қаробек дар ҷанубу ғарбии шаҳр, дар ҳудуди гузари ҳамноми Қаробек сохта шудааст.

4. Дарвозаи Боло дарвозаи ғарбӣ ба шумор меравад. Аз ин дарвоза бештари аҷнабиён ба шаҳр ҳуҷум мекарданд.

5. Дарвозаи Тал дар самти шимолу ғарбии шаҳр ҷой гирифтааст. Ин дарвозаро Дарвозаи Ниҷонӣ низ мегуфтанд. Шояд ба ин хотир бошад, ки одамон аз ҳамин дарвоза гузашта ба деҳаи Ниҷонӣ мерафтанд.

6. Дарвозаи Сои поён дар охири девор буда, номашро ба хотири гузаштани оби сой Дарвозаи Сои поён монда бошанд.

7. Дарвозаи Чақмок Тош, доир ба ин дарвоза ягон маълумоти саҳеҳ дода нашудааст.

Ҳоло танҳо дар бораи Дарвозаи Қаробек сухан меронем. Дарвозаи Қаробек то имрӯз мавҷуд аст. Дар паси Дарвозаи Қаробек гузарҳои Султоно, Хӯҷаҷон, Боғи Малла, Арбоб, Мехчагарон, Оби Чаппа, кӯчаи Истаравшан (собиқ Боғи Малла), гузари Қаробек ҷой гирифтаанд.

Дар ҳудуди Дарвозаи Қаробек кӯчае ба номи яке аз аввалин поягузорони Ҷамъияти истеъмолкунандагони ҷумҳурӣ (Потребкооператсияи Тоҷикистон) Аслонхӯҷа Юнусов (ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчии Ҷанги зидди Японияи милитаристӣ) гузошта шудааст, ки ин шахс падари номзади илми фалсафа, профессор шодравон Маҳкам Аслонов мебошанд.

(Давом дорад)

 

Сайфулло МАҲКАМОВ,

рӯзноманигор, Аълочии бойгонии ИҷШС,  дорандаи Ҷоизаи ИЖТ

ба номи А. Лоҳутӣ,

Аълочии маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш