Истиқлолияти давлатӣ, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «муҳимтарин омили ҳастии миллат» ва «бунёди ифтихори миллӣ» номидаанд, дар ҳақиқат, ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти тоҷикон тағйироти куллӣ ворид сохт.
Махсусан, нақши арзишҳои маънавӣ хеле барҷаста гардид ва илму маърифат, маорифу варзиш дар ҳаёти ҳар як фарди мамлакат мавқеи муҳим пайдо карданд. Дар ин миён варзиш дар баробари воситаи обутоби ҷисмониву маънавӣ ба як рукни бағоят барҷастаи ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва сарбаландию пирӯзӣ табдил ёфт. Ба як сухан, варзиш муҳимтарин василаи муаррифии миллат шинохта шуд. Дар ин замина варзиш дар Тоҷикистон ҳамбаста бо тарбияи ҷисмонӣ марҳила ба марҳила рушд ёфт ва нуфузу эътибори миллатро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло бурд. Барои ривоҷу равнақ ёфтан ва оммавият пайдо кардани варзиш дар ҷумҳурии мо дар қатори созмону ташкилот, муассисаву ниҳодҳои дигар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов нақши барҷаста мебозад. Ин муассисаи олии таълимӣ, ки солҳои охир эътибору эътирофаш пайваста меафзояд, ба ошёни баланди тарбияи варзишгарони мумтоз, ба неруи тавонои тарғибгари варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва ба маркази иқдому ташаббусҳои пурсуду наҷиб вобаста ба оммавияти ҳар чӣ бештар пайдо кардани варзиш табдил ёфтааст. Аксари варзишгарони номвару муваффақи кишвар маҳз дар ҳамин донишкада, ки ба он якчанд сол боз доктори илмҳои педагогӣ, профессор ва варзишгари собиқадор Шодӣ Сафаров роҳбарӣ мекунад, парвариш ёфтаву қадамҳои устувор дар арсаи сабқатҳои ҷаҳонӣ гузоштаанд. Варзишгарони маъруфу машҳур Иброҳим Ҳасанов, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо (қаиқронӣ), Юрий Баранов (панҷҳарба), Андрей Абдувалиев (гулӯлаандозӣ), Сайидмуъмин Раҳимов (самбо), Азалшо Олимов (самбо), Зебуннисо Рустамова, Гавҳар Пӯлодова (камонварӣ), Анатолий Старостин (панҷҳарбаи муосир), Григорий Паничкин (варзиши сабук), Вадим Тихонов (раҳнавардӣ), Станислав Шепел, Владимир Тихонов, Саид Ҳусейнов (велосипедронӣ)… дастпарварон ва алоқамандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буданд.
Пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриамон аввалин медали Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон соли 1992 шогирди Донишкада Андрей Абдувалиев дастрас намуд. Минбаъд донишҷӯёни ин ошёни обутоби ҷисмонӣ, варзишгарони мумтоз Расул Боқиев, Юсуф Абдусаломов, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Беҳрӯзи Хоҷазод ва даҳҳо нафари дигар бо комёбиҳои барҷастаашон Парчами Тоҷикистонро дар қитъаҳои гуногуни олам баланд бардоштанд. Дар давоми як - ду соли охир донишҷӯёни фаъоли донишкада Бахтовар Ҳасанов (гӯштии юнонӣ - римӣ), Темур Раҳимов (дзюдо), Акмалиддин Каримов, Фарҳод Анақулов, Баҳодур Қодиров (гӯштии тарзи озод), Фарҳод Усмонзода (гӯштӣ), Абдурауф Мусоев… бо пирӯзиҳои пуровозаи худ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ шуҳратафзои Тоҷикистони азиз гардиданд.
Варзишгарони матинирода Шералӣ Достиев (дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс) ва Анвар Юнусов (иштирокдор ва барандаи ҷоизаи се Бозиҳои олимпии ҷаҳонӣ) номи донишкада ва шарафи миллатро боз ҳам боло бурданд.
Дар комёбиҳои рӯзафзуни донишкада устодони он ҳиссаи сазовор мегузоранд. Онҳо худ алоқамандии ҳамешагӣ бо варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ доранд ва мекӯшанд, ки ҳар як дарсу машғулияташон бо шогирдон муассиру пуртаъсир ва муҳтавоманду ҳидоятгар бошад, сатҳи маърифати варзишгаронро боло барад. Дар баробари машғулиятҳои ҳамарӯза устодони донишкада ба иншои мақолаю рисолаҳои илмию методӣ ва китобҳо оид ба соҳаи варзиш машғул мешаванд. Бо эҳтимому кӯшишу онҳо бори аввал дар таърихи мамлакат барои тамоми синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар китобҳои дарсии тарбияи ҷисмонӣ таҳия ва чоп шуданд. Чунин китобҳо барои мактабҳои олӣ низ таълиф гардиданд. Силсилаи дигари китобҳои олимону устодони донишкада ба масоили таърихи варзиши тоҷик, бозиҳои миллӣ, истилоҳоти соҳа, намудҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби машғулиятҳои ҷисмонӣ ва ҳаёти шоиста, муаррифии варзишгарони номвар, бузургдошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли инҳо бахшида шудаанд. Ин китобҳо дар баробари хидматҳои меҳвариашон ба ташаккулу ғановати бештари хазинаи луғавии забони тоҷикӣ дар иртибот ба соҳаи варзиш мусоидат мекунанд.
Донишкада сол то сол ободу зебо ва бештар муҷаҳҳаз мегардад. Синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои алоҳида, толорҳо, майдонҳо, тамрингоҳҳо ва иншооти дигари он мувофиқи талаби замон ва технологияи муосир оро додаву таҷҳизонида шудаанд.
Аҳли таълимгоҳ дар тамоми маъракаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ пайваста ва фаъолона ширкат меварзанд, аз ҷумла, дар ободонии пойтахт ҳассагузоранд. Ҷашнҳои миллӣ, саҳнаҳои таърихӣ, маҳфилҳои адабӣ, ҳашарҳои гуногун дар донишкада муташаккилона таҷлил ва баргузор мешаванд. Дар ин мактаби олӣ мунтазам созмон додани конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ, спартакиадаву олимпиадаҳо ва сабқатҳои гуногун ҳукми анъанаро гирифтааст. Чун робитаҳои байналмилалии донишкада аз файзи истиқлоли ҷумҳурӣ густариш ёфтааст, дар ин чорабиниҳо аз кишварҳои хориҷӣ низ меҳмонону олимон ва варзишгарон ширкат меварзанд.
Дар тамоми комёбиҳои донишкада Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақши барҷаста доранд ва аҳли донишкадаро мунтазам дастгирию раҳнамоӣ мекунанд.
…Имрӯз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, барҳақ, ҳамчун яке аз муассисаҳои таълимии олии муваффақи мамлакат шинохтаву эътироф шудааст. Дастовардҳои варзишии он ифтихорафзои миллат мебошанд. Фардои ин боргоҳи маъруфи варзишгарони ҷумҳурӣ боз ҳам шукӯҳмандтар ва пурфутӯҳтар хоҳад буд.
А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр