Нашрияи Омӯзгор

Шасти умри муҳаққиқи дақиқкор

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Доктори илмҳои биология, дотсент, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бахшулло Ҷумъаев аз устодони варзидаву соҳибэҳтиром аст.

Ӯ соли 1987 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, факултаи биология-химияро бо дипломи аъло хатм намудаст ва муддате дар кафедраи биохимияи донишгоҳи мазкур ба сифати лаборанти калон кор кардааст.

Бахшулло Ҷумъаев аз соли 1987 ба сифати аспиранти Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АМИ ҶТ ба фаъолияти илмӣ шурӯъ намуда, соли 1991 дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таъсири байниҳамдигарии омилҳои асосии экологӣ дар реаксияҳои мутобиқатии рибулозо-бифосфаткарбоксилаза ва фотосинтези С3-растаниҳо» бомуваффақият ҳимоя кардааст. Соли 2000 дар мавзӯи «Метаболизми фотосинтетикии карбон ва мутобиқати С3-растаниҳо ба омилҳои экологӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 2008 сазовори унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисоси биохимия гаштааст. Бо назардошти комёбиҳо ва дастовардҳои илмӣ Б.ҷумъаев соли 2017 ба сифати узви вобастаии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон пазируфта шуд.

Мавсуф зиёда аз 33 соли ҳаёти пурбаракати хешро сарфи тадқиқоти илмӣ ва тарбияи насли ҷавон намуда, яке аз кашшофони асрори раванди аҷиби наботот ва тавлидкунандаи ҳаёт - фотосинтез буда, бо ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши зиёди амалпешагӣ, дақиқкорӣ ва ҷадидназарӣ корҳои илмии муҳиму зарурро анҷом дода истодааст. Ҳамчун мутахассиси соҳаи физиология ва биохимияи наботот самти тадқиқотҳои илмиаш аз омӯзиши хусусиятҳои раванди фотосинтез дар шароитҳои гуногуни иқлимӣ иборат мебошад. Ин корҳои илмӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои биохимияи муқоисавӣ ва эволютсионӣ, такмили механизмҳои азхудкунии гази карбон ва боз ҳам аниқтару возеҳтар таҳқиқу ошкор кардани равиши гузариши раванди фотосинтези зироатҳои муҳими кишоварзӣ зарур мебошанд. Бо таваҷҷуҳу кӯшишҳои пурмаҳсулаш корҳои илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ дар сатҳи баланди илмӣ-назариявӣ гузаронида мешаванд.

Б.Ҷумъаев дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани усули комплексӣ принсипҳои асосии ба фаъолияти ҷараёни фотосинтези растаниҳо баҳодиҳиро пешниҳод намуд. Ин баҳодиҳӣ, ки ба маҷмӯи аломатҳои физиологию биохимиявӣ асос ёфтааст, на танҳо барои ояндабинию нақшбандии сохт ва нақши ферментҳои асосии фотосинтез, инчунин, барои ҳал намудани муаммои муҳими имрӯза – баланд бардоштани ҳосилнокии растаниҳои хоҷагии кишоварзӣ дар истеҳсолот қобили истифода аст. Мавсуф муайян намудааст, ки фаъолгардии роҳи гликолатии мубодилаи карбон ҳангоми раванди фотосинтез дар растаниҳо дар баробари роҳи сахарозӣ дар мутобиқати растаниҳо ба таъсири омилҳои номуътадили экологӣ нақши асосиро иҷро мекунад.

Қимати амалии ин пажӯҳиш дар он зоҳир мегардад, ки аломатҳои аз тарафи олим бо усули комплексии физиологию биохимиявӣ дар равиши гузариши ин ҷараён муайян кардашуда барои беҳбуд бахшидани корҳои селексионӣ имкон дода, дар шароити номусоиди экологӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳои кишоварзӣ хизмат мекунад. Мутахассисони ояндаи селексия метавонанд дар корҳои илмию амалиашон чунин аломатҳоро баҳри баланд бардоштани селексияи растаниҳои маданӣ истифода баранд.

Б.Ҷумъаев бо баробари пешбурди корҳои илмӣ ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон низ машғул мебошад. Ӯ зиёда аз 20 сол боз  дар кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун ҳамкор фаъолияти омӯзгорӣ дорад, ки дар он ҷо корро аз вазифаи ассистенти кафедра оғоз намуда, айни замон дар вазифаи профессори кафедра фаъолият дорад. Дар ин самт низ фаъолияти ӯ назаррас мебошад, ки дар ҳаммуаллифӣ бо кормандони кафедра 2 китоби дарсӣ ва 24 дастури методӣ таҳия намуда, нашр кардааст, ки айни замон мавриди истифодаи донишҷӯён мебошанд.

Чанде аз мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳои марказии илмии академикии Федератсияи Россия, аз қабили «Физиологияи растаниҳо», «Ахбороти университети Ленинград», «Физиология ва биохимияии рустаниҳои маданӣ»-и Украина ва маҷаллаҳои илмии академикии ҷумҳуриамон «Ахбороти АМИ ҶТ» ва «Гузоришҳои АМИ ҶТ» ба нашр расидаанд. Дар маҷмӯъ, Б. Ҷумъаев муаллифи 6 монография, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, 2 китоби дарсӣ, 34 дастури таълимӣ-методӣ ва беш аз 60 мақолаи илмӣ - оммавӣ мебошад. Дар корҳои бисёр анҷуманҳои байналмилалӣ, симпозиуму конфронсҳо бо маърӯзаҳои илмии ҷолиб баромад карда, дастовардҳои илмиашро ҷиҳати муаррифӣ ва тарғиби илми биологияи муосири Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Мавсуф моҳи сентябри соли равон ба синни мубораки шаст мерасад. Мо, аҳли кормандони озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, аз самими қалб ба устод саодатмандӣ, хушбахтӣ ва барору комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

 

Кормандони Институти

ботаника, физиология ва

генетикаи растании

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш