Нашрияи Омӯзгор

Посдорони шуҷоатманди истиқлоли Ватан

Сана: 2020-09-10        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ                                                     

  03.09.2020, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони хизмати ҳарбӣ!

Имрӯз ба яке аз санаҳои муҳимми таърихи давлатдории навини тоҷикон — таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад.

Ба ифтихори ин ҷашн ҳамаи шумо — генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Гвардияи миллӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ ва дар иҷрои масъулияти муқаддасу пуршарафи касбӣ, яъне дастовардҳои истиқлол, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат барору комёбӣ орзу менамоям.

Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидори комил ва омодабошии баланд буда, дар ташаккули низоми мудофиаи кишвар нақши муҳим дорад.

Гвардияи миллӣ соли 1995 мисли дигар сохторҳои низомии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вазъи ниҳоят вазнину ҳассос, дар заминаи як бригадаи таъиноти махсус таъсис дода шуд.

Ин сохтори ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ то ба имрӯз, бо вуҷуди он, ки дар он айём вазъи иқтисодии кишвари тозаистиқлоли мо ва имкониятҳои молиявии Ҳукумат ниҳоят маҳдуд буданд, роҳи пуршарафи ташаккул, такомул ва рушдро сипарӣ намуд.

Имрӯз Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ бо дарназардошти нишонаҳои таърихии ниёгонамон амалан дар ҷойи холӣ созмон додем, ба сохтори муташаккил ва муназзам табдил ёфтааст ва вазифаҳои пуршарафу масъулиятноки ҳифзи манфиатҳои Ватанро сарбаландона иҷро карда истодааст.

Имрӯз сохтор ва моҳияти Гвардияи миллӣ ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуда, он ба як сохтори ҳарбии таъиноти махсуси ҳозиразамон табдил ёфтааст, ки ин яке аз омилҳои муҳимтарини ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлат мебошад.

Қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ ҳоло дар бисёр манотиқи кишвар фаъолият карда, афсарону сарбозони он дар ҳифзи иншооти муҳимми давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату халқи Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд.

Хизматчиёни ҳарбии гвардия паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомии мамлакат дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштаанд.

Хизмати содиқонаи афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамеша қадрдонӣ гардида, то имрӯз 300 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва 13 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Яке аз омилҳои муҳимтарини фаъолияти пурсамари ҳамаи сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин намудани ҷузъу томҳо бо кадрҳои баландихтисос мебошад.

Зимнан, хотирнишон месозам, ки хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорӣ буда, қабул кардани шаҳрвандон барои хизмат дар ин сохтори ҳарбӣ интихобан ба роҳ монда шудааст.

Илова бар ин, дар заминаи яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ Маркази тайёрии кадрҳо фаъолият дорад, ки то имрӯз онро ҳазорҳо нафар сарбозону афсарони ҷавон хатм карда, сатҳи маҳорату малакаи худро баланд бардоштаанд.

Мо садҳо нафари дигарро дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ба таҳсил фиристодем, ки ҳоло аксари онҳо ҳамчун афсарони дорои сатҳи баланди касбият дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ хизмат карда истодаанд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади тақвият бахшидан ба қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодагии ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла, Гвардияи миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъминоти онҳо бо силоҳ, муҳиммоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Зеро вазъи ҷаҳони муосир торафт мураккабу печида шуда истодааст ва чунин вазъ моро водор месозад, ки ба сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо диққати аввалиндараҷа диҳем.

Фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва хизматӣ, яъне мунтазам беҳтар кардани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар тӯли 25 сол 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудааст.

ғайр аз ин, ҳоло барои хизматчиёни ҳарбӣ дар ноҳияи Бобоҷон ғафурови вилояти Суғд сохтмони 10 хона ва дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои дуошёнаи дорои 24 ҳуҷра идома дорад.

Имрӯз дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар садҳо нафар, аз ҷумла, дар Гвардияи миллӣ қариб 100 нафар бонувон бо иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ машғуланд, ки 34 нафари онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.

Фаъолияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, коргузорӣ, кор бо кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ, алоқа ва хадамоти ақибгоҳ хеле назаррас мебошад.

Дар паради имрӯзаи идона бонувон – хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла, Гвардияи миллӣ иштирок мекунанд, ки ин нишонаи возеҳи садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Муҳтарам афсарону сарбозон!

Ҳамаи шумо аз вазъи ҳарбиву сиёсии ҷаҳони муосир ва минтақа хуб огоҳ ҳастед.

Дар шароите, ки сокинони сайёра ва минтақаҳои алоҳидаи он таҳти таъсири гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, радикализми динӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои дигар торафт ноором шуда истодааст, ҳар як хизматчии ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то афсари баланд-рутба вазифадор аст, ки барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватан, амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёру омода бошад.

Таъмин намудани риояи интизоми ҳарбӣ, талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, эътибори аввалиндараҷа додан ба омодагӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ вазифаи ҷонии роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷузъу томҳои низомӣ мебошад.

Шумо, хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон қиматтарин сарвати худ – ҳимояи истиқлолу озодӣ, манфиатҳои Ватани аҷдодӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва осудагии ҳар як хонадонро ба зиммаи шумо вогузор кардаанд.

Ман ба нангу номуси ватандорӣ ва ғайрату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибихтиёр, аз ҷумла, ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ эътимоди комил дорам ва бо итминон изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ аз уҳдаи рисолати пурифтихори худ ва қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан ва халқи тоҷик сарбаландона мебароянд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаатон тандурустӣ, сулҳу оромӣ ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, фарзандони далеру шуҷои Ватан!

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш