Дар муассисаи таълимии №51-и шаҳри Кӯлоб падару модарони зиёде бо фарзандонашон ҷамъ омада буданд. Ин ҷо маркази имтиҳонии 03 9 воқеъ гардидааст. Толибилмон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба маркази имтиҳонӣ омада буданд. Намояндаи ваколатдори ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшо Достиев чунин иттилоъ дод:
- Имрӯз дар маркази имтиҳонии 03 9 имтиҳонҳои қисм (компонент)-и А, барои довталабони гурӯҳи ихтисос (кластер)-ҳои 1-5 дастҷамъона оғоз гардид. Дар маркази имтиҳонӣ 59 нафар маъмури имтиҳон, маъмури калон, роҳбари маркази имтиҳонӣ ва ёвари маркази имтиҳонӣ барои гузаронидани имтиҳон ва назорати он ҳузур доштанд. Кормандони марказ тамоми шароитҳоро аз синфхонаҳо, камераҳои назоратӣ, толор барои падару модарон барои мушоҳидаи рафти имтиҳон ва ғайраро муҳайё намуданд, ки имтиҳон ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шавад. Тибқи нақша, аз шумораи 404 нафар довталаб дар имтиҳон 392 нафар иштирок доштанд.Дар имтиҳон 12 довталаб бо сабабҳои номаълум иштирок надоштанд. Падару модарони довталабон аз монитори толор ҷараёни имтиҳонотро тамошо мекарданд. Баъди соате аз рафти ҷараёни имтиҳонсупории довталабон, аз маркази имтиҳонии 03 06, ки дар муассисаи таълимии №1-и шаҳр воқеъ гашатааст, дидан намудем. Дар суҳбат ба мо ҳамоҳангсози маркази имтиҳонии минтақаи Кӯлоб Парвиз Саидов оид ба рафти имтиҳон дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб чунин иттилоъ дод :
- Имрӯз дар ҳамаи 8 маркази имтиҳонии минтақаи Кӯлоб имтиҳонҳои қисм (компонент)-и А, барои довталабони гурӯҳи ихтисос (кластер)-ҳои 1-5 дастҷамъона оғоз гардид. Дар марказҳои имтиҳонотии шаҳри Кӯлоб (4-то), ноҳияҳои Восеъ (2) ва Данғара (2) марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки довталабон имтиҳони тестӣ месупоранд. Дар 8 маркази имтиҳонӣ 155 синфхона барои супоридани имтиҳонҳо омода гардида, имтиҳон бо истифода аз воситаҳои технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Дар марказҳои имтиҳонӣ 220 нафар корманди муваққатӣ дар вазифаҳои роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбар ва монанди ин ҳузур доранд. Бояд қайд намуд, ки дар рӯзи якуми имтиҳон аз рӯи нақша дар 8 маркази имтиҳонӣ 2706 нафар довталаб дар имтиҳон иштирок бояд мекард, вале, мутаассифона, дар рӯзи имтиҳон 2567 довталаб иштирок намуданд. Аз ин теъдод 139 нафар бо сабабҳои номаълум иштирок надоштанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр