Нашрияи Омӯзгор

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре...

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Умари Хайём дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири рубоисаро мавқею мартабаи баландро соҳиб мебошад.

Дар муайян кардани моҳияти ҳастӣ шоир аз тағйир пазируфтани шакли ашё ва дигар шудани намуди ҷисм ақида ронда, аз образи кӯза ва кӯзагар истифода мебарад, касро ба ҳурмати ҷисм ва гиромидошти хок таблиғ мекунад:

Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд,

Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигморанд,

Ҳаргиз назананд мушту силию лагад,

Хоки падарон аст, наку медоранд.

Мусаллам аст, ки ҷаҳон ба тағйиру дигаргуниҳо пеш меравад. Гили кӯзагарон ба забони ҳол мегӯяд, ки ман ҳам мисли ту будам, инро аз ёд набарор. Шоир ҳамин мазмунро дар бисёр рубоиҳои худ ифода менамояд. Таври мисол:

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будааст,

Дар банди сари зулфи нигоре будааст.

Ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,

Дастест, ки дар гардани ёре будааст.

Мухотаб қарор додани кӯзаву кӯзагарро дар бахши аъзами рубоиёти Хайём ба мушоҳида мегирем, аз ҷумла, дар рубоӣ шоир ҳамон андешаи фалсафии худро дар бораи аз як шакл ба шакли дигар гузаштани ашё такрору таъкид карда, ба таври дилчаспу шоирона мегӯяд:

Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,

Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.

Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,

Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.

Дар рубоиёти Хайём мавзӯи шукргузорию қаноатпешагӣ низ равшан ба мушоҳида расида, шоир талқин мекунад, ки инсони поксиришт бояд аз зиштӣ, ҳирсу шаҳвату бедодгарӣ, суҳбати ноаҳлон, дӯстони тамаъкор, ғурурмандию хештанпарастӣ, кинаю бухл, ҷаҳлу нодонӣ барҳазар бошад.

Қаноат бо нони ҷавини хеш ҳазор бор авлотар аст аз нони касонро хӯрдан ва зери бори миннат афтодан:

Қонеъ ба як устухон чу каргас будан,

Беҳ з-он ки туфайли нони нокас будан.

Бо нони ҷавини хеш, ҳаққо, ки хуш аст,

К-олуда ба полудаи ҳар кас будан.

Бояд қайд кард, ки рубоиёти Хайём шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, ба забонҳои тамоми миллату халқҳои олам тарҷума ва нашр шудааст. Дар шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани рубоиёти Умари Хайём хидмати шоир, олим ва мутарҷими Англия Эдвард Фитсҷералд барҷаста мебошад.

Заррина САТТОРОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш