Нашрияи Омӯзгор

Дарвозаи Қаробек ва ҳудуди он

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Дар паҳлуи Дарвозаи Қаробек чойхонаи дуошёнае қомат афрохтааст, ки он барои мӯйсафедони аҳли гузари Қаробек сохта шудааст. Дар ду ҳуҷраи он кумитаи маҳаллахонаи Ваҳдат (собиқ к/м Комсомол) ҷой гирифтааст. Ҳар гуна вохӯриҳо, чи дар сатҳи ҷумҳурию вилоятӣ ва чи шаҳрӣ дар чойхона – қироатхона баргузор мешавад. Ҳар бегоҳ ин ҷо сокинони зиёди маҳаллахона ҷамъ мешаванд. Шояд саволе ба миён ояд, ки худи Қаробек кӣ буд ва чаро яке аз дарвозаҳои шаҳрро ба номи ӯ гузоштаанд. Дар навиштаҳои таърихнигорон Филипп Ефремов, А. Кушакевич ва Аҳрор Мухторов нисбат ба Қаробек маълумоти аниқе оварда нашудааст. Маса-лан, А. Мухторов дар китоби дар боло номбаршуда навиштаанд: (айнан бо забони русӣ) «Это название гузара одна из семи городских ворот, расположенных в юго – западной час-ти города. Имя Қаробек среди правителей Ура-Тюбе второй половины XVIII века и первой половины XIX века в юридических документах, собранных нами в Ура-Тюбе не встречается».

Соли 1866 дар гузари Қаробек 19 хонавода зиндагӣ мекарданд. Соли 1934 ин ҷо ҳамагӣ 61 хоҷагӣ сокин буданд. Айни ҳол дар гузари Қаробек 55 хоҷагӣ ва дар умум дар кумитаи маҳаллахонаи «Ваҳдат»-и шаҳри Истаравшан 1220 хоҷагӣ ва наздик ба 4373 нафар зиндагӣ мекунанд.

Қаробек кӣ буд? Дар ин бора ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Яке ӯро ҳамчун бойи гузар муаррифӣ мекунад, ки бо маблағи худ дарвозаро сохта ба номи худ гузоштааст. Боз гуфтаи дигаре ҳаст, ки гӯё дар ҳудуди дарвоза устои номдоре бо номи Қаробек зиндагӣ мекардасту дарвозаи кандакорӣ сохта, онро ба девори шаҳр устувор бинмудааст. Ҳокими шаҳр ба хотири ҳурмати усто дарвозаро ба номи ӯ Дарвозаи Қаробек гуфта, номи усторо абадӣ гардонидааст. Шояд ин гуфтаҳо каме асос ҳам дошта бошанд, чунки дар ин ҳудуд то ҳол устоҳои номдор, ба мисли шодравон Алиҷон Яҳёеви кандакор, узви Иттифоқи кандакорони Тоҷикистон, шодравон Абдулло Мақсудов, омӯзгор, сандуқсоз ва гаҳворасоз, усто Ғаффор Очилов, Нуъмонҷон Холиқов, Солеҳ ва Фозил Азизовҳо – кандакорҳо, усто Икром Муқимов, усто Аҳмад Ҳабибҷонов, усто Асрор Шарифов, усто Сайфиддин ва дигарон зиндагӣ ва фаъолият доранд.

Дар ҳудуди кумитаи маҳаллахонаи «Ваҳдат», ки дар шафати Дарвозаи Қаробек мавҷуд аст, биноҳои шуъбаи маориф, мактаб-интернат, гимназияи №5, мактабу бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон, фабрикаи козургарии кимиёвӣ, устохонаҳои гуногуни ҳунармандӣ, ҳаммом, дар ҳар як гузар чойхона, ҷанозахона, нонвойхона, сартарошхона, мағозаю, ошхона ва каҳвахонаҳо ва майдони Парчами Тоҷикистон (бо гулгашташ) ҷой гирифтаанд.

Ба кумитаи маҳаллахонаи «Ваҳдат», ки Дарвозаи Қаробек дар саршавии кӯча ҷойгир аст, зани оқила, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», Аълочии бойгонии ИҷШС Роҳатхон Икромова роҳбарӣ менамоянд. Дар маҳалла ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои зиёди ободонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тамоми коргоҳу корхонаҳо ва кулли сокинони хонаҳои баландошёнаю ҳавлиҳо ба ободу зебо кардан, ташкили гулгашту хиёбонҳо, гулу гулзор ва шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда машғуланд.

Мо ифтихор дорем, ки дар маҳаллаи номдори Дарвозаи Қаробек, шахсони баруманд ва олимони номдор, ба монанди Маҳкам Аслонов, Қаюм Нарзуллоев, Воҳид Ҳоҷиев, Обид Эҳсонов, Темурҷон Икромов, Акбар Бобохӯҷаев, Раҳимбердӣ Облобердиев, Умархӯҷа Мухторов, Султонхӯҷа Тӯраев, Ҳусейн Нарзуллоев ва дигарон зиндагӣ карданду мекунанд.

Сайфулло МАҲКАМОВ,

рӯзноманигор, Аълочии

бойгонии ИҶШС

 дорандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии

Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш