(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
-Ғулом нею, чӣ мегӯянд, паймонкор ё чӣ буд, иҷоракор. Танҳо шумо ба ҳуҷҷат дар ин хусус имзо монед, ҷонатон халос.
Одамон (чӣ тарсуву хомтамаъ буданд)! дарсоат аз ҳар ҷониб садо бароваранд:
-Мо розӣ, мо розӣ. Ба мо замина тақсим карда диҳед, шудан мегирад.
Ҳатто Мирзои мӯйсафед, иштирокдори Ҷанги ҷаҳонӣ, бо ҳамон ҳайати сутургу воҳиманокаш аз саркардаю дастаҳояш ҷонибдорӣ кард:
-Ман аз номи ҳамаи ин мардум мегӯм, ки мо сад дар сад бо қарори шумо розием.
Якбораву нохоста, гӯё дар рӯзи офтобӣ раъд ғурридаву барқ дурахшида бошад, ту ба байн баромадӣ ва ҳамаро ба тарсу ларзу парешонию сардаргумӣ мувоҷеҳ сохтӣ.
-Ҳеҷ кас ҳақ надорад аз номи халқ сухан кунад. Ин як. Дуюм, шахсан ман ба ҳеҷ санаду ҳуҷҷат имзо намегузорам. Сеюм, заминро ҳар сокини деҳ, ки шароит дорад, соҳиб шудаву хату чак карда, ҳамчун соҳибкор истифода карда метавонад. Чорум, шумо бо яроқҳоятон одамонро натарсонед. Ман ба ин худсариҳо ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳам.
Оҳанги суханонат қотеона буд ва чун тир аз ҷавшани ҷони саркардаи даста гузашт. Ин ҳама 7 рӯз пеш воқеъ шуда буд. Ва туро шаб аз хона фарёд карда бурданд…
Оқибат пилки чашмонам кушода мешаванд. Осмонро тираву хираву абриву ғарқ дар сукути сангине мебинам.
Бародарбузурги ман! Оё туро куштаанд? Модари ҷон! Ҳар чӣ ба сарамон меояд, хости қазову қадар аст. Наход, бародарамро кушта бошанд? Вай неруманду паҳлавон ва боирода буду рӯҳи барозанда дошт. Наход, ки…
-Ҷасадашро оварда истодаанд, - гирёну ваҳмзада гуфт модарам ва дар ҷояш такон хӯрд:
-Тайёрӣ бине барои ҷанозаву гӯру чӯбаш, гуфтанд. Кӣ гуфт? Кай? Ҳо, ҳо, деҳдор ин шумхабарро расонда.
Аммо маро бовар намеояд, ки намеояд. Сонияҳо мегузаранд, дақиқаҳо, ниҳоят, соатҳо… Рӯз нисф мешавад. Баъд… азони намози аср садо медиҳад. Ва ниҳоят, қабл аз ғуруби рӯз кӯчаву ҷодаҳои деҳ аз ғавғою шӯру ҳангома пур мешавад.
-Маълим омад, маълим омад. Худи худаш, зинда. Ана, ана…
Мо ба берун мебароем. Бародарамро мебинем. Ҷон бародар! Вай бо рӯе кабуду пур аз захму ҷароҳат, дандонҳои шикаста, дасти бар гардан ҳамоил, ки бо куртааш бастааст, лангида-лангида ба мо наздик мешавад. Хун дар рухсораҳояш шах шудааст. Чеҳрааш варамида.
-Ту зиндаӣ, ака? - мепурсам ман.
-Бачем, дар хоки пот садқа, зиндаӣ?-овози модарам мебарояд.
-Зинда аст, зинда! - шукуфтарӯй хитоб мекунад раиси деҳ. - Дар тақдираш зинда мондан навишта шуда будааст.
-Шарти қозӣ се дафъа гуфта, бурданд маро. Як ҳафта азоб доданд. «Мепаронемат» гуфтанд. Ба як шарт ҷавобат медиҳем. Бимон, ки мардум ба ҳуҷҷати замин имзо гузоранд. Бардурӯғ ҳиларо ба кор бурда, ман розӣ гуфтам. Аммо бовар накарданд. Ҳафт шабу ҳафт рӯз зарбу лат карданд маро. Дастам шикаст, дандонҳоям шикастанд, устухонҳоямро орд карданд. Ҳамин шаб кӯҳро садои ваҳмоваре чу таркиш фаро гирифт. Аз зиндонашон базӯр фирор кардам.
Хомӯш монд бародарам ва оҳ кашид.
-Онҳо чӣ? - суол дод кунҷковона раиси деҳ.
-Шаб тарма хамида. Садои ғулғу-ламонанди ҳамон будааст, - фаҳмонд бародарам. Ва онҳо… камондорони хомхаёл, зери тарма монданд. Ана, ҳамааш ҳамин.
Модарам чу парвона давродаври бародарам мегашт.
-Исфандиёри рӯинтани оча! Ту мемурдӣ, ҳоли мо чӣ мешуд? Э, дар қадду бастат ҷонам, паҳлавони оча!
***
Аввал борон борид. Баъд оҳиста-оҳиста абрҳо тунук шуда, офтоб бо шукӯҳи азалияш чеҳра барафрӯхт. Аз як канор то канори дигари осмон рангинкамон ба пайдо омад.
Одамон ба рангинкамон мени-гаристанд. Гули шодмонӣ дар шохаи лабонашон шукуфта. Олам зебову равшану дурахшону муҷалло гардида. Ҳама мегуфтанд:
-Дунё чӣ зебову диданист!
Ман кабӯтаронамро дар авҷи осмон дар парвоз мебинам, ки иртифоъ мегиранду иртифоъ мегиранд. Бародарам дар зери ҳалқаи рангинкамон бо чеҳраи бозу чашмони хандон дурудароз ба ману модарам менигараду менигарад…
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр