Нашрияи Омӯзгор

Содиқи Завқӣ: Нашри ҳар китоб бояд ид бошад

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таваҷҷуҳ ба китоб, ки муҳимтарин сарчашмаи дониш, хазинаи илму хирад ва раҳнамои ҷодаҳои ростини зиндагист, ҳамвора меафзояд. Вобаста ба ин, марҳила ба марҳила талабот ба китоб бештар мегардад ва аз ин ҷост, ки солҳои охир дар мамлакат чопхонаву нашриётҳои нав ба нав таъсис меёбанду пайваста китобҳои гуногун ба табъ мерасанд. Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» моҳи июни соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кардаву дар андак муддат ба яке аз нашриётҳои бонуфузи кишвар табдил ёфтааст. Ба истиқболи даҳумин солгарди таъсиси нашриёти мазкур суҳбате оростем бо директори он, яке аз ноширони муваффақи китоб дар ҷумҳурӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Содиқи Завқӣ.

- Муаллими муҳтарам, мехостем, ки тавзеҳи ҳадафи таъсиси муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» ва ташреҳи нақши китоб дар ҳаёти кӯдакон оғозбахши суҳбатамон бошад.

- Агар суханро аз қисмати дуюми суолатон оғоз намоем, худ ба қисмати аввали суолатон низ ҷавоб хоҳад шуд. Китоб тавонотарин неруи одамсоз аст, он маънавияти шахсро ташаккулу такомул мебахшад. Бидуни ҳамдамӣ бо китоб инсони комил ва соҳибмаърифату ободгари ҷомеа гардидан имкон надорад. Бузургмарде фармудааст, ки то аз китоб баҳра набарӣ, дар зиндагӣ ба комёбие нарасӣ. Китоб аст, ки кулли камбудию ноқисиҳоро аз афкору омоли одамон дур ва ҳастии эшонро пурнур мекунад. Касе, ки бо китоб дӯстӣ меварзаду мунтазам китобе рӯи даст дорад, ба ҳеҷ кори ношоистае даст нахоҳад зад ва ҳамеша муваффақият ёраш хоҳад буд. Барои ман ибораи «фурӯғи субҳи доноӣ», ки дар шоҳбайти машҳури Ҷомии бузургвор омадааст, хеле писанд аст. Субҳи доноӣ ҳамбастагӣ дорад бо дунёи кӯдакӣ, овоне, ки ҳама чиз чун дар субҳ ба тозагӣ оғоз меёбад. Ва айёми кӯдакӣ он вақт воқеан ҳам ба субҳи доноӣ табдил меёбаду бофурӯғ мешавад, ки бо китоб иртибот дошта бошад. Китоб дари гулбоғи маърифат-ро, дари дунёи хирадро ба рӯи кӯдакон боз мекунад, онҳоро шавқу сурур мебахшад, ба роҳи рост ҳидоятгарашон мешавад. Кӯшиш бояд кард, ки кӯдакону наврасон аз ибтидо ба китоб унс бигиранд, ба он меҳр банданд ва китобро як ҷузъи ҳамешагии ҳастии худ донанд. Барои ин ба онҳо китобро муаррифӣ бояд кард, шавқу меҳри китобхониро дар дилашон ҷой бояд дод. Ҳам волидон ва ҳам мураббиёну омӯзгорон аз ин лиҳоз бори гарони масъулият ба дӯш доранд. Бар он бояд кӯшид, ки кӯдакон ҳар китоби аз ҷониби падару модар барояшон тақдимшударо чун беҳтарин ҳадя бипазиранд. Китоб бояд ҳанӯз аз 3-4-солагӣ ба ҳаёти кӯдакон ворид гардад ва дунёи маънавии ононро зинатафзо бошад. Дар ин сурат, бидуни шубҳае, субҳи ҳаёти кӯдакони мо пурфурӯғ мешавад ва онҳо зина ба зина ба комёбиҳо мерасанд, гули маърифаташон мешукуфад…

Ба фикрам, дигар ҳоҷате ба тавзеҳи ҳадафҳои таъсиси нашриёти «Адабиёти бачагона» намонда. Фақат ҳамин нуктаи муҳимро илова карданиам, ки ин нашриёт падидае иртиботманд ба сиёсати хирадпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамагон хуб медонем, ки Сарвари кишвар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба таҳсили кӯдакону наврасон доранд, онҳоро ояндасозони миллат медонанд ва пайваста ба китобдӯстию китобхонӣ ҳидоят менамоянд.

Яке аз иқдомоти бузургу маърифатпарваронаи Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ – ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба боз ҳам бештар ба ганҷинаи илму дониш рӯй овардани кӯдакону наврасон мусоидат кард. Ҳамасола тибқи «Барномаи  рушди муассисаҳои  Вазорати фарҳанги  ҶТ барои солҳои 2016-2020» барои чопи  асарҳои  бачагона маблағ  ҷудо карда мешавад.

- Соли оянда нашриёти «Адабиёти бачагона» даҳсола мешавад. Мехостем ба ин муносибат аз муҳимтарин дастовардҳои нашриёт дар ин давра мухтасаран ёдовар бишавед.

- Дар муддати наздик ба даҳ сол нашриёти мо зарурати таъсиси худро на танҳо собит кард, балки ба яке аз муассисаҳои нашриявии пешраву муваффақи ҷумҳурӣ табдил ёфт. Мо ба ин дар натиҷаи интихоби дурусти кормандон, ҷалби мутахассисони варзида, таҳияи асосманди рӯихати китобҳо, робитаи устувору пурсамар бо адибон ва хонандагон ноил гардидем. «Адабиёти бачагона» дар заминаи омӯзиши амиқу ҳамешагии хусусиятҳои синнусолии кӯдакону наврасон, талаботи онҳо китоб чоп мекунад. Марҳилаҳои ҳаёти кӯдакону наврасон ба се давра – аз 3 то 7 –солаҳо, аз 7 то 11-солаҳо ва аз 11 то 16-солаҳо ҷудо карда шудааст. Бубинед, дар ин замина мо, аз ҷумла, чӣ китобҳоеро ба нашр расондем: «Мактаби куҳна» ва «Гули сурх»-и Садриддин Айнӣ, «Ошёни баланд»-и Мирзо Турсунзода, қиссаи «Ривояти суғдӣ» ва романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода, «Ҳикояҳо барои бачаҳо»-и Пӯлод Толис, «Кори имрӯзаро ба фардо магузор»-и Акобир Шарифӣ, «Модарнома»-и Лоиқ, «Достак»-и Ғаффор Мирзо, «Оташи меҳр»-и Қутбӣ Киром, «Сози мунаввар»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, «Чашмаи меҳр»-и Муҳаммад Ғоиб, «Ашки сапеда»-и Камол Насрулло, «Сангу сабу»-и Баҳманёр, «Хубон»-и Меҳмон Бахтӣ… Китобҳои «Чистонҳо»-и Азизи Азиз (дар 10 қисм), «Ба хона меҳмон омад»-и Муҳаммад Ғоиб, «Шоҳпарак ва рангинкамон»-и Маҷиди Салим ва як силсила китобчаҳои дар асоси афсонаҳои халқи тоҷик таҳияшударо хонандагон хеле хуб пазируфтанд.

Мо бар он назарем, ки хонандагони тоҷик бояд аз хурдсолӣ бо адабиёти классикии тоҷик, бо адибони бузурги ин адабиёт шиносоӣ пайдо намоянд. Адабиёти классикии мо саршор аз панду ҳикмат, ғояҳои олии башардӯстона мебошад. Танҳо зарур аст, ки асарҳои барҷастаи ниёгон дар асоси дар назар доштани имконоти зеҳнию равонии кӯдакон таҳия карда шаванд, забонашон ба хурдтаракон фаҳмо бошад. Дар ин замина аз ҷониби нашриёти «Адабиёти бачагона» ба хонандагон «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (дар бозгӯи устод Гулназар), «Мунтахаби рубоиёт»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Мунтахаби осор»-и Убайд Раҷаб, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» (нигориши Сотим Улуғзода) пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки хонандагони хурдсоли тоҷик ба қадри зарурӣ аз беҳтарин асарҳои адабиёти бачагонаи ҷаҳон ошноӣ дошта бошанд. Ин минбаъд доираи мутолиаи онҳоро васеътар мекунад, алоқамандиашонро ба адабиёти ҷаҳон бештар менамоянд. Дар давоми ду-се соли охир аз ҷониби нашриёти мо дурдонаҳои адабиёти кӯдакону наврасони ҷаҳон, аз ҷумла, «Шоҳзода ва гадо»-и Марк Твен, «Робинзон Крузо»-и Даниэл Дефо, «Саёҳати Гуливер»-и Ҷонатан Свифт, «Парвонае, ки пой кӯбид»-и Р.Киплинг, «Каштанка»-и И.С.Тургенев, «Хирсаки ношоям»-и С.Баруздин, «Муаллими нахустин» ва «Ҷамила»-и Чингиз Айтматов… ба нашр расонда шуданд.

Илова бар ин, нашриёт як силсила плакатҳо (тарғиби китобу дониш, муаррифии аҳли адабу санъат), чанд номгӯй дастуру раҳнамо таҳия ва чоп намуд. Кормандони мо тавассути суҳбату вохӯриҳо, бо истифода аз воситаҳои ахбори умум мунтазам тарғиби китоб мекунанд ва кӯдакону мактабиёнро ба китобхонию дӯст доштани китоб даъват менамоянд. Умуман, доираи фаъолияти аҳли муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» басо бавусъат аст.

- Оё шумо аз сифату ороиши китобҳо барои бачаҳо қаноатмандед? Чаро китобҳо барои кӯдакону наврасон дар ҷумҳурӣ бо теъдоди кам ба нашр мерасанд?

- Китобҳо барои бачаҳо маъмулан аз лиҳози ҳаҷм чандон бузург нестанд; аз 4-6 то 100-120 саҳифаро дар бар мегиранд, вале чопи ин гуна китобҳо хеле заҳматталабу душвору серташвиш аст. Китоби бачагона бояд босифат, бо истифодаи коғази махсус, ранга ва дар андозаву шакли ҷолиб чоп шавад. Дар китобҳо барои то 10-солаҳо расму суратҳо аҳамияти зиёд доранд. Суратҳо бояд ранга, ҷолиб, мувофиқ ба диду шавқу завқи хурдтаракон бошанд ва албатта, ҳамбаста ба мазмуну муҳтавои асарҳо. Вақте ки кӯдакон, махсусан, дар муқоваи китобҳо сурати барояшон шавқовару таваҷҷуҳбарангезро мебинанд, хоҳишашон барои хондану тамошо кардани ин китоб бештар мешавад. Аз ин ҷост, ки ширкатҳои тиҷоратӣ дар ашёи бачагона (либос, хӯришҳои гуногун, бозичаҳо, марказҳои маърифатию варзишӣ…) суратҳои рангорангу ҷолибро насбу ифода менамоянд.

 Мо мекӯшем, ки ин ҳамаро дар чопи китобҳо ба назар бигирем ва дар ин самт то ҷое муваффақ ҳам ҳастем, вале бо ин ҳама, ба мутахассисони варзидаи ороиши китобҳои бачагона ниёзмандем. Инро ҳам бояд ёдовар шавам, ки чопи ранга хароҷоти зиёд дорад ва боиси афзудани нархи китоб мешавад ва на ҳама чопхонаҳои мо имкону тавони чопи хушсифати рангаро доранд. Китоби бачагона аз нигоҳи шакл низ бояд таваҷҷуҳбарангез ва мувофиқ ба табиати кӯдакон бошад. Дар нашриётҳои иқтидорманду соҳибтаҷрибаи ҷаҳон китобҳо барои хурдтаракон дар намуду шакли бозичаҳо ( мошинчаҳо, тӯбчаҳо, лӯхтакчаҳо…), меваю дарахтҳо (себ, нок, хӯшаи ангур, чанор, арча…), манзараҳои табиат, сурати қаҳрамонони машҳури афсонаву филмҳо ва амсоли инҳо ба чоп мерасанд ва хонандагони хурдсол онҳоро бо шавқ ба даст мегиранд.

Воқеан ҳам, теъдоди нашри китобҳои бачагона дар кишварамон хеле кам аст; аз 500-1000 то 4000-5000 нусха. Ин дар ҳоле ки беш аз 2,5 миллион нафар аҳолии ҷумҳуриамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Дар кишварамон шумораи китобхонаҳо аз шаш ҳазор афзунтар аст. Агар ҳар китобхона аз як китоби бачагона зиёд не, 5 нусха харидорӣ кунад, адади нашри ҳар як номгӯйи китобҳои мо ба сӣ ҳазор мерасад. Аммо маъмурияти китобхонаҳо ва ашхосу муассисаҳои масъул аз як тараф, дар дастраснамоии китобҳои бачагона фориғболӣ кунанд, масъул аз тарафи дигар, дар дарёфти маблағ душворӣ мекашанд.

Бояд, пеш аз ҳама, волидон ба китоби бачагона таваҷҷуҳ намоянд, ба фарзандон китобхониро талқин бикунанд, ба онҳо китоб бихаранд. Кӯдаконро аз компютеру телефонҳои мобилӣ бояд дуртар кашиду ба китоб наздиктар овард. На ба телефонҳои мобилӣ, балки ба китоби бачагона бештар маблағ ҷудо бояд кард.

 Ман бовар дорам, ки дар кишварамон тадриҷан адади нашри китобҳои бачагона меафзояд. Солҳои аввал мо ҳар китобро бо теъдоди 500-800 нусха чоп мекардем, ҳоло ин адад то ба 5000 расидааст. Ба чопи китобҳои бачагона бояд муассисаҳои гуногун, ташкилотҳои сарватманд, соҳибкорон мададгор бошанд. Вале беҳтар он аст, чопи чунин китобҳоро дар сатҳи муайяне Ҳукумати ҷумҳурӣ ва муассиси нашриёти «Адабиёти бачагона» - Вазорати фарҳанг маблағгузорӣ намоянд. Ин кор бояд барои дастгирию роҳнамоии кӯдакону наврасон, ба хотири заминагузорӣ ба омодасозии мутахассисони варзидаву бамаърифати фардо амалӣ карда шавад.

- Ҳамкории нашриёти «Адабиёти бачагона» бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми мамлакат дар кадом сатҳ аст?

- Муассиси мо Вазорати фарҳанг аст ва раванди фаъолиятамон асосан бо ин вазорат иртибот дорад, лекин бидуни ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон, созмонҳои хайрхоҳи байналмилалӣ фаъолиятамон номукаммал хоҳад буд.

Вазорати маориф ва илм ҳар сол ба маблағи муайян аз мо китоб харидорӣ мекунад. Масъулини таълимгоҳҳои зиёде барои дастрас кардани китобҳои бачагона мунтазам ба мо муроҷиат менамоянд. Баҳри чопи китобҳои зарурӣ бо кормандони масъули вазорат борҳо маслиҳату гуфтушунид кардаем. Бо Иттифоқи нависандагон низ робитаи доимию пурсамар дорем ва дар интихобу чопи асарҳо аз пешниҳоду машваратҳои роҳбарияти он бархӯрдор мешавем. Адибон М.Ғоиб, Ҷ.Ҳошимӣ, Ю.Аҳмадзода, А.Бобоҷон, Ҳ.Имодӣ, Н.Худойбахш, М.Салим бо мо ҳамкории ҳамешагию пурсамар доранд. Басо хушоянд аст, ки солҳои охир адибони баркамоли мо, устодон Гулназар (рӯҳашон шод бод!) , М.Бахтӣ, М.Ғоиб, А.Самад, Р.Назрӣ, ки асосан барои калонсолон менависанд, ба адабиёти кӯдакон рӯ оварда, асарҳои хубу марғуб эҷод карданд.

Муассиса дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ тибқи барномаи «Хониши босифат» 35 номгӯй китобҳои бачагонаро ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 57275 нусха ба нашр расонда, ба китобхонаҳои мактабӣ ба таври ройгон тақсим намуд.

- Таманниёти шумо вобаста ба мавзӯи суҳбатамон.

- Бисёр мехостам, ки чопи китоб барои бачагон аз ҷониби давлат маблағгузорӣ (ба ҳадди имкон) шавад, ҳамагон таваҷҷуҳ ба ин гуна китобҳо зоҳир намоянд. Вақти он расида, ки барномаи махсуси давлатии таҳия ва чопи китобҳои бачагона ба тасвиб расад ва зимни он, аз ҷумла, ба масоили интихоб ва нашри хушсифати осори бачагона таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Бояд барои нашриёти кӯдакон мутахассисони варзида (аз таҳияи китоб то ороишу чопи он) омода сохт ва онҳоро бо шароити мувофиқ ва манзили истиқоматӣ таъмин кард, зеро аксар мутахассисони ҷавони соҳибистеъдод бинобар  носозгории  шароити  зист ҷойи  корро тарк мекунанд. Таманнои онро дорам, ки тавассути воситаҳои ахбори омма китоби кӯдакон ҳар чӣ бештар баррасию тарғиб шавад, тақризҳо чоп шаванд. Волидон ҳамеша ин ҳикмати барҳақро дар хотир дошта бошанд: «То фарзанд ба китоб меҳр набандад, дарахти муроди падару модар гул намекунад».

Мусоҳиб

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш