Нашрияи Омӯзгор

Ҳар тоҷики зинда Тоҷикистони ман аст!

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Устод Гулназар Келдӣ барои рушди адабиёти муосири тоҷик хизмати барҷаста кардааст ва аз худ мероси ғанӣ боқӣ гузоштааст. Ашъори ин шоири тавоно хеле гуногунмавзӯю пурмуҳтаво буда, метавонад барои доираи васеи хонандагон манбаи ғании омӯзиш ва баҳрабардорӣ бошад. Яке аз мавзӯъҳои асосии ашъори шоир Ватан ва ватандӯстист. Ин мавзӯъ дар тарбияи насли наврас дорои аҳамияти махсус мебошад. Аз он метавонанд омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ ва роҳбарони синф ба таври фаровон истифода баранд. Барои мо, омӯзгорони забони олмонӣ, низ дар давоми дарсҳо дар мавриди махсус иқтибос овардан аз ашъори устод Гулназар айни муддаост. Барои ин бояд омӯзгор аз эҷодиёти шоир огоҳ бошад ва шеъру қитъаҳои мувофиқро ҷудо карда тавонад. Чун омӯзгор аз ашъори устод Гулназар порае иқтибос овардан мехоҳад, нахуст бояд мухтасар дар бораи худи шоир маълумот диҳад ва таваҷҷуҳу иштиёқи хонандагонро нисбат ба эҷодиёти ӯ бедор намояд. Хонандагон бояд донанд, ки устод Гулназар муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва муаллифи китобҳои зиёде, аз ҷумла, «Расми сарбозӣ», «Девори сабз», «Фасли оғоз», «Оинаи ташна», «Сафина», «Тулӯи бедорӣ», «Лолаҳо дар ёлаҳо» мебошад ва ҳикояҳои зиёде низ навиштааст. Сипас қитъае дар мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ қироат мешавад. Омӯзгор аз хонандагон даъват ба амал меорад, ки шеърро бодиққат шунаванд ва маънояшро ба хотир гиранд. Якчанд калима аз пораи шеърӣ дар тахтаи синф навишта мешавад. Байни аҳли синф оид ба мавзӯи шеър ва мазмуни он суҳбати мухтасар баргузор мегардад. Пас аз ин омӯзгор ба хонандагон супориш медиҳад, ки калимаҳои дар тахтаи синф навишташударо ба забони олмонӣ тарҷума кунанд. Барои ин хонандгон аз луғатҳои олмонӣ – тоҷикӣ ва русӣ – олмонӣ метавонанд истифода намоянд. Супориш дода мешавад, ки шогирдон ин луғатҳоро азёд кунанд ва бо истифода аз онҳо ҷумлаҳо тартиб диҳанд. Инак, ду қитъа аз ашъори ватандӯстонаи устод Гулназар мисол меоварем, ки истифодаи онҳо дар дарсҳои забони олмонӣ хеле муфид хоҳад буд.

Ба ҳар халқу ба ҳар миллат

ғаме ҳаст,

Ба ҳар дил ғамгусору ҳамдаме

ҳаст.

Ватан монад, Ватан дар поси

фарзанд,

Ба ҳифзи ҳар диёре Рустаме

ҳаст.

ххх

Эй ҷон Ватанам, номи ту

унвони ман аст,

 Покии рухат покии имони ман

аст.

Ҳар чашмаи гирёни ту армони

ман аст,

Ҳар тоҷики зинда Тоҷикистони

ман аст!

Дар ин ду қитъа, воқеан ҳам, мазмуни баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба мушоҳида мерасад. Хуб мешавад, ки ҳамчун кори хаттӣ хонандагон мухтасаран (дар ҳаҷми 4-5 ҷумла) ба забони олмонӣ дар дафтари давриашон бардошташонро  аз мазмуни  қитъаҳои  мазкур бинависанд. Чунин амали омӯзгори забони олмонӣ ҳам захираи луғавии хонандагонро такмил мебахшад, ҳам маълумоти онҳоро дар бораи аҳли адаби тоҷик бештар мекунад ва ҳам ба тақвияти ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии шогирдон мусоидат менамояд. Ҳаминро ҳам бояд зикр кард, ки оид ба дигар мавзӯъҳои эҷодиёти устод Гулназар (тасвири зебоиҳои табиат, панду ҳикмат, ситоиши модар…) чунин лаҳзаҳои муассири дарси забони олмониро метавон ташкил кард.

 

Умеда ПИРУМШОЕВА,

омӯзгори забони олмонии

мактаби №89-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш