Нашрияи Омӯзгор

Муносибати ҷиддӣ ба тарбияи фарзандон

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Агар ба паҳнои таърих нигарем, худ шоҳид мегардем, ки аз ибтидо миллати соҳибмаърифати тоҷик ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву накукорӣ ва ахлоқи ҳамида ба воя расидани насли наврасу ҷавон кӯшиш ба харҷ додааст.

Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар масъалаҳо ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин росто тадбирҳои зиёдеро андешидаву амалӣ намудааст. Барои он ки имрӯз насли наврас дониш омӯзаду дар оянда соҳибкасбу соҳибмаърифат гардад, кулли имкониятҳоро Ҳукумати кишвар фароҳам овардааст.

Чунонки маълум аст, дар раванди таълиму тарбияи насли наврас танҳо муассисаҳои таълимӣ масъул набуда, ҳамчунин, падару модар низ дар ин масъала бояд рисолати хешро бечуну чаро иҷро намоянд. Аммо дар ин раванд баъзан мушоҳида мешавад, ки баъзе волидон дар таълиму тарбияи фарзанд бепарвоӣ карда, рисолати хешро пурра иҷро наменамоянд, ки ин омил ба ҳаёти минбаъдаи фарзандон таъсири манфӣ хоҳад дошт. Зеро вақте падару модар дар тарбияи фарзанди хеш бетафовутӣ менамояд, аз ин амал фарзанд дилшикаста шуда, ба ҳар гуна корҳои ғайриқонунӣ даст заданаш аз эҳтимол дур нест.

Ҳамин бепарвоии баъзе волидон дар таълиму тарбияи фарзандон аст, ки солҳои охир даст ба ҷиноятҳои гуногун задани ноболиғон ба назар мерасад, ки ин албатта, боиси ташвишу нигаронист. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби ноболиғон дар ҷумҳурӣ 398 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 408 нафар ноболиғ иштирок кардаанд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дувоздаҳ адад зиёд мебошад.

Мутахассисону коршиносон низ яке аз омилҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғонро дар бепарвоии баъзе падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд унвон карда, таъкид менамоянд, ки бояд волидон дар ин масъала ҷиддӣ бошанд ва нагузоранд, ки фарзанд ба роҳи каҷ раваду ҳаёти худро беранг созад.

Дар кишвар барои он ки волидон дар таълиму тарбияи фарзанд масъулият эҳсос кунанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид.

Бо қабули қонуни мазкур таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишомӯзии фарзандон бештар гардида бошад ҳам, то ҳол ҳолатҳои нигаронкунанда дар ин масъала ба чашм мерасад. Лозим аст, ки волидон муқаррароти қонуни мазкурро риоя намоянду дар тарбияи фарзандони хеш ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Онҳоро дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ ба воя расонанду бо фароҳам овардани шароити хуб соҳибкасбу соҳибдониш гардонанд, то дар рушди кишвар саҳми худро гузоранд.

Фирӯза ҒАНИЕВА,

омӯзгори синфхои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш