Яке аз масъалаҳои муҳими таълим дар синфҳои ибтидоӣ омӯзиши имло мебошад. Имло дуруст навишта тавонистани калимаҳо буда, аз хонандагон диққати ҷиддӣ тақозо дорад. Албатта, барои он ки шогирдон калимаро дуруст дарк ва ҳазм намоянд, нахуст омӯзгор бояд онро саҳеҳу бурро ба таври намунавӣ талаффуз кунад, шарҳ диҳад ва агар лозим ояд, баъзе махсусиятҳояшро тавзеҳ бахшад. Барои чанде аз калимаҳои мураккабро беғалат навиштан бояд онҳоро батакрор талаффуз кард. Имло дар саводнокшавии хонандагон аҳамияти махсус дорад. Он, пеш аз ҳама, нутқи хаттии онҳоро комил месозад, беғалатнависиро меомӯзад. Ба диққати хонандагон бояд расонд, ки хати онҳоро бояд дигарон низ бе душворӣ хонанду фаҳманд. Ба хонандагон бояд гуфт, ки ҳусни хат замима ба ҳусни инсон аст, як навъ таҷассуми зебоист. Зарур аст, ки хонандагон барои имлои дурустро риоя кардан як силсила қоидаҳои асосии навишти калимаҳоро дақиқ биомӯзанд. Омӯзгорро дар синфҳои ибтидоӣ зарур меояд, ки як қатор калимаҳои мураккаб ва душворталаффузу мушобеҳро бо шогирдон батакрор коркард намояд; онҳоро саҳеҳу оҳиставу махсус талаффуз бикунад ва дар тахтаи синф навишта, шарҳ диҳанд. Дар тахтаи синф аз ҷониби хонандагон банавбат навиштани калимаҳо низ барои азхуднамоии имло нақши муҳим дорад.
Лозим меояд, ки омӯзгор баъзе қоидаҳои имлоро, ки хеле муҳим ва як дараҷа душворфаҳм (барои хонандагон) мебошанд, дар чанд дарси забони модарӣ такроран тавзеҳ бубахшад. Ҳамеша дар мадди назар бояд дошт, ки хонандагон фаҳму қобилияти нобаробар доранд ва дар зарурат бо ҳар яки онҳо алоҳида кор бояд кард.
Бо вуҷуди омӯзиши пайваста, машқи ҳамарӯза ва таъкиду ташреҳи батакрори омӯзгор хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ба чандин ғалати имлоӣ мунтазам роҳ медиҳанд. Чаро чунин иттифоқ меафтад? Ин ҷо як омили асосӣ таъсири муҳит, пеш аз ҳама, оила аст. Маълум, ки дар аксари оилаҳо бо забони шеваю лаҳҷаҳо гуфтугӯ мекунанд ва кӯдакон ба тарзи талаффузи калимаҳо аз ҷониби аъзои оила одат менамоянд, ба зеҳнашон ин тарзи талаффуз таъсиргузор мешавад. Зери ин таъсир дар мактаб ҳангоми навишт беихтиёр ба ғалатҳо роҳ медиҳанд. Чунончи, ба ҷои хишт «ғишт» менависанду калимаи «бирав»-ро ба тарзи «бра» ба қалам медиҳанд.
Олимони номвари тоҷик, педагогҳои шинохта Муҳаммад Лутфуллозода ва Ибодулло Абдуллозода сабабҳои ба ғалатҳои имлоӣ роҳ додани хонандагонро тавсиф бахшидаанд. Аз назари онҳо, ин сабабҳо чунинанд: надонистани қоидаҳои имло, набудани малака дар сатҳи зарурӣ, нафаҳмидани маънои калима ва дурусту возеҳ нашунидани баъзе овозҳои он, суст будани фаъолияти хонанда ва гоҳе таъсиргузории нуқсони забон.
Ин сабабҳои асосии ба ғалат роҳ додани хонандагонро ҳангоми навишт омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бояд ҳамеша дар назар дошта бошад ва дар ин замина бо шогирдон кор барад. Дар ин маврид омилҳои психологии таъсиррасон ба фаъолияти хонандагон ҳангоми навиштро донистани омӯзгор муҳим аст.
Омӯзгор бояд ба шогирдон пайваста таъкид намояд, ки имло, беғалат навистан бо ҳусни хат ҳамбастагии ҳамешагӣ дорад. Бояд беғалат ва зебою хоно навишт.
Интихоби дафтари мувофиқ, риояи тарзи мақбули нишаст ва дуруст дар даст доштани қалам (ручка) низ барои дурусту зебо навиштани хонандагон аз омилҳои муҳиманд.
Ҳангоми омӯзиши имло истифодаи воситаҳои техникии таълим фаъолияти омӯзгорро пурсамартар ва дарсро фаҳмою дақиқтар месозад.
Наргис ҶӮРАЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр