Нашрияи Омӯзгор

Оғози марҳалаи ҳассос барои довталабон

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Дар Маркази имтиҳонии №0102, воқеъ дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2018 аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Имтиҳонҳо аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳои (кластери)  1-табиӣ ва техникӣ, қисми А (компоненти)  роҳандозӣ шуданд.

Қисми А аз се субтест: забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ иборат буд. Дар ин қисми имтиҳон довталабон субтести забони тоҷикиро бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро вобаста ба забони имтиҳонсупорӣ, ки маркази бақайдгирӣ интихоб кардааст, бо забони тоҷикӣ ё русӣ супориданд. Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 180 дақиқа муқаррар гардид.

Бояд гуфт, ки дар соли 2018 шумораи умумии довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда  дар миқёси кишвар 94 905 нафарро ташкил дод.

Даври асосии имтиҳонҳо аз 1-ум то 13-уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру навоҳии кишвар ташкил шудаанд, баргузор мегарданд.  Имтиҳони қисми А барои аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даврҳои асосӣ), ки бо дарназардошти ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) ба низоми ИМД муқаррар гардидааст, то 7-уми июл идома меёбад. Довталабоне, ки соли ҷорӣ гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат)-ро интихоб кардаанд, дар баробари қисмҳои А ва Б кори хаттӣ (эссе) низ бояд нависанд, ки барои он як рӯзи ҷудогона (4-уми июл) муайян гардидааст.  Довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 3-юмро интихобкарда рӯзи 4-уми июл қисми А-ро супорида, рӯзи 4-уми июл кори хаттӣ (эссе) менависанд. Довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)-ро интихобкарда қисми А-ро рӯзи 5-уми июл месупоранд. Имтиҳони қисми Б (имтиҳони ихтисос) барои аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо аз 8-уми июл оғоз гардида, то 13-уми июл давом мекунанд. Барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) бо сабаби аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани теъдоди довталабон имтиҳонҳо - ҳам қисми А ва ҳам қисми Б дар 2 рӯз гузаронида мешаванд. Раванди имсолаи имтиҳонҳоро 2000  корманди доимӣ ва муваққатии марказ идора мекунанд.

Барои довталабон шартҳои иштирок дар имтиҳонҳо пешакӣ фаҳмонида мешавад, бо вуҷуди ин дар рафти баргузории имтиҳонҳо камбудиҳо, аз қабили фаромӯш кардани шиноснома, овардани ручкаҳои рангашон дигар ва ба имтиҳон дер кардан ба чашм расиданд. Раванди  шаффоф гузаштани имтиҳонхоро волидон аз тариқи мониторҳо дар толор назорат мекарданд.

Пас аз анҷоми имтиҳонҳо бо чанде аз довталабон ва волидони онҳо ҳамсуҳбат шуда, андешаҳояшонро оид ба раванди баргузории имтиҳонҳо пурсидем. Хонандагон - Муҳиддин Файзалиев аз мактаби №71-и ноҳияи Шоҳмансур, Комрон Абдуллоев аз мактаби №43-и ноҳияи Файзобод, Аюбҷон Содиқов аз мактаби №48-и шаҳри Душанбе гуфтанд, ки аз имтиҳон бо таассуроти нек бармегарданд. К. Абдуллоев афзуд, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки агар савод дошта бошӣ, супоридани имтиҳони дохилшавӣ саҳл аст. Дар ҳақиқат,  ҳамин хел будааст, дар супоридани имтиҳон танҳо ба саводу дониши худ бояд такя намуд. Мушкилӣ ҷой надошт, саволҳо осону фаҳмо буданд.

Роҳбари Маркази имтиҳонии мазкур Насиба Раҷабова изҳор дошт, ки бо сабаби  ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ворид гардидани кори хаттӣ (эссе) эълони натиҷаи имтиҳонҳо (хол ва баҳои бадастовардаи довталабон ва ба озмуни тақсимот  роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 30-юми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш