Нашрияи Омӯзгор

Саломатӣ шарти асосии зебоию раъноист

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Пӯсти наврасон нозук ва осебпазир аст. Ба нигоҳубини худ аҳамият додан фақат вазифаи хоси духтаракон нест. Писарон низ бояд ба намуди зоҳирии хеш аҳамият диҳанд. Ба ин кор аз хурдӣ бояд шурӯъ намоянд, зеро организми шахси баркамол бо суръати том кор мекунад. Чун наврасон ба воя мерасанд, проблемаҳо зиёд мешавад, ба мисли риштарошӣ, арақ баровардани  бадан, бӯй дар пой ва дигар ҳолатҳо. Шустушӯйи ҳамарӯза ва тоза нигоҳ доштани сару либос, натанҳо барои инсон, балки ба муҳити атроф манфиат дорад.

Мо дар даврае зиндагӣ дорем, ки касалиҳои гуногун зуд паҳн шуда истодаанд, ба мисли бемории сил, зуком, коронавирус ва монанди инҳо. Аз ин лиҳоз, моро лозим меояд, ки  мунтазам ба тозагӣ риоя намоем. Аз маҳлулҳои антисептикӣ, дору ва витаминҳои зарурӣ истифода барем. Хусусан, анвои гуногуни сабзавоту меваҷот ва маҳсулоти шириро бештар бояд истеъмол намоем. Муроҷиати саривақтӣ ба духтурон барои пешгирӣ намудани бемориҳо ба манфиати мост.

Падару модаронро лозим аст, ки ба сару либос, тозагии бадан, нохунҳо, мӯйи сар  ва дар маҷмӯъ, беҳдошти саломатии фарзандон аҳамияти махсус диҳанд.

Бештари бемориҳо аз ифлос будани дастон, чирки зери нохунҳо ва ё истеъмоли меваҳои ношуста ба организми мо ворид мешавад.

Нисбат ба нигоҳубину тоза нигоҳ доштани нохунҳо низ беаҳамият будан хатост. Қабл аз ҳама, нохунҳоро мунтазам гирифтан лозим аст. Нохунҳо дар давоми як ҳафта тақрибан 2-3 мм месабзад; нохуни пойҳо 3-4 маротиба аз ин камтар. Нохуни пойҳоро дар ду-се ҳафта як маротиба гирифтан лозим меояд. Бо ин кор баъди шустушӯйи даст ё пойҳо пардохтан беҳтар аст, чунки аз обу собун нохунҳо нарм шуда, тоза карданашон осон мегардад. Решаи милки нохунро, ки аз нохунгирӣ то нохунгирии дигар сабзида дурушт мегардад, бурида,  ҷойи онро атр молидан лозим.

Аксар бачаҳо фақат қисми пеши рӯяшонро шуста, дар қисми дигари он доғи таровишҳои чиркинро мондан мегиранд. Гурӯҳи дигар, баъди шустушӯ дасту рӯи худро дуруст пок карда наметавонанд. Дар натиҷа пӯсти рӯй шахшӯл мешавад.

Шустани даст баъди қазои ҳоҷат, пеш аз хӯрокхӯрӣ, баъди бо ҳайвоноти хонагӣ бозӣ кардан ҳатмист.

Бо серарақӣ чӣ гуна мубориза бояд бурд? Дар наврасӣ ҷараёни арақкунии бадан шиддат меёбад ва аксар арақи бадан бӯи ба худ хоссе пайдо мекунад. Бинобар ин, ҳар рӯз шустани зери бағал зарур аст.

Ба арақи пойҳо паҳнкафии пой, ноқулай будани пойафзол, хусусан, пойафзоли резинӣ, пӯшидани ҷӯробҳои синтетикӣ, истеъмоли ғизои  тезу тунд зиёд мусоидат мекунанд. Барои кам шудани арақи пой дорую дармонҳои даббоғикунандаро истеъмол бояд кард. Вале давои аз ҳама муҳим ва асосӣ - оби тозаи хунук ва собун аст. Агар хоҳед, ки бо ёрии тиббӣ эҳтиёҷ надошта бошед, ҳамарӯза аз пайи нигоҳубини пойҳо ё бадан шудан муҳим аст.                   

 

Дилафрӯз ИСОЕВА,

омӯзгори биологияи

мактаби №92, ноҳияи Сино                 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш