Нашрияи Омӯзгор

 «Рӯзи дарҳои боз»

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

 

 Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоятии минтақаи Кӯлоб бахшида ба қабули хонандагон  ба маҳфилҳои фаннӣ чорабинӣ таҳти унвони «Рӯзи дарҳои боз» баргузор гардид, ки дар он роҳбарон, аъзои маҳфилҳои МТИ-и минтақа ва  муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок карданд.  Директори МТИ-и вилоят дар минтақаи Кӯлоб Эмомалӣ Саидамиров дар бораи фаъолияти маҳфилҳои МТИ маълумот дода, иброз дошт, ки  ҳадаф аз гузаронидани чорабинии мазкур ҷалби толибилмон ба маҳфилҳои гуногун, раҳнамоии онҳо ба корҳои эҷодию навоварӣ, фаъол гардонидани маҳфилҳои кӯдакону наврасон мебошад. Сипас, меҳмонон аз намоиши корҳои эҷодии аъзои маҳфилҳои «Ихтироъкорони наврас», «Бофандагӣ», «Компютерӣ», «Сайёҳони наврас» ва «Шашкаю шоҳмот» дидан намуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш